Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ФАСЛИ ШАШУМ
– Кай омадед? Аз афташ асп ёфтед? – Мансур рӯзи дигар тарафи бегоҳ Кучибойро дар назди чойхонаи он сӯйи сарҳад вохӯрд.
– Ман дарёро дар шаб ҳам гузаштан мегирам. – Кучибой хандаи раъдмонандашро сар дода ва дасти Ҷовидро байни кафҳояш гирифтаю ҷониби Мансур гуфт: – Рафтем, як чой гирифта сӯҳбат мекунем, ва раҳораҳ афзуд: – Дирӯз аз назди шумо баромадаму мардеро вохӯрдам, ки асп мефурӯхт. Аспашро харидаму саҳарии барвақт аз дарё гузаштам ва аллакай фурӯхта омадам.
– Аспфурӯш марди танадори ришаш мошубиринҷ буд?
– Худи худаш. Дидам, ки ҷазбманди фурӯхтан аст, аспаш аспи хуб, арзон карда гирифтам.
«Аспи Ҳасани Чароғ! Ор карда, аспро фурӯхта, пули қарзро додааст». Мансур аз он ки дирӯз худро ба Ҳасан шинос накард, пушаймон шуд. Баъде ки ба аспаш беда бурд, бояд рафта худро шинос мекард. Пул дошт, пул медод. Акнун он бечора чӣ кор мекарда бошад? Баргашта ба Самарқанд рафтан натавонад, бе асп дар ин ватани бегона азоб мекашад.
Кучибой бепарво ба суханаш идома дод:
– Аз рӯи шунидам, он мард ба ҳамин сӯ меомадааст. Бе асп биёяд, хуб аст. Ин ҷо йему алаф бисёр қиммат. Гурезаҳо алафро қиммат кардаанд.
Онҳо дар кати дуртар ҷой гирифтанд.
Офтоб аз рӯи дашт парида аз ними кӯҳҳои муқобил, ки намудоранд, боло шудааст. Ба дили Мансур меояд, ки ҳар чӣ қадар офтоб кам шавад, ғарибиашро бештар ҳис кардаю биму таҳлукааш зиёд мешавад.
– Ҷӯраҷон, дарё натарсондат? – пурсид Кучибой аз Ҷовид.
– Ҳангоме ки шохоби калонро мегузаштам, тарсидам, – Ҷовид ба пиёлаш қанд партофт. – Дашту кӯҳҳо пеши назарам чарх мезаданд, қариб аз асп меафтидам.
– Пиракиҳои мо мегуфтанд, ки «бахт ҷӯйӣ, марди майдон бош». – Кучибой нигоҳашро аз Ҷовид наканда афзуд: – Ду бор ин дарёро гузарӣ, дигар он ба назарат ҷӯйе об барин менамояд.
– Сухани амакатро аз гӯшат набарор,-гуфт Мансур ва ҷониби Кӯчибой афзуд:- Дар ин тараф чойхонаи хуб кардаанд. Мушоҳида кунам, бештари муштариҳо фирориҳои худамонанд.
– Инро чойхонаи Ғуломҳайдар мегӯянд. Худаш дар Оҳанқалъа мешинад. Ҳар гоҳ ин ҷо биёед, чоҳу хӯроки гарм ҳаст.
– Ҷои хоб ҳам бошад, боз хубтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор