Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Як хона барои хоб дораду ҳар касро он ҷо роҳ намедиҳад, -гуфт Кучибой ва арақи пешониашро пок карда бо хурсандӣ илова кард: - Ин дафъа як кори хуб кардам. Дар чойхонаи бозори Оҳанқалъа бо чор нафар аспчаллобҳои Қатаған нишастаму аз Абдуллоҳон ёдовар шудам. Гуфтам, ки хеши Худоёрхони Ҳуқандист, аз ҷафои болшевик чор сол боз бору бунааш дар пушташ овораи дашту саҳрост. Онҳо бисёр мутаассир шуданд ва ваъда доданд, ки рафта бо раисамон гапро мепазонему обро гузашта, чизу чораашро бардошта, оварда ҷой мекунем.
– Офарин, дили он бечораӣ дар роҳ мондаро бардоред, савоби оламро мегиред. -Мансур ба пиёла чай рехта лаҷоми суханро ба дигар сӯ гардонд. -Хоҳ-ноҳоҳ гузаштани дарё азоб доштааст. -Пагоҳӣ пеш-пеши мо як гурӯҳ қазоқҳои поёни Тошканд мегузаштанд. Кӯдакҳо аз тарс беист шағаф мекарданд. Модарон баробарашон гиря доштанд. Баъд як гурӯҳ бухороӣҳо омаданд. Нимашон гузаштанд, нимашон аз соҳил ақиб гаштанд, ки пагоҳ меоем. Мегуфтанд, ки як шаби дигар дар ватан монем, аз ҳавояш нафас гирем.
– Дар ин соҳил ду-се рӯз истед, бисёр воқеаҳоро мебинед. Лаҳзаҳое мешавад, ки занҳо кӯдаконашонро партофта мераванд.
– Пас он кӯдак чӣ кор мекунад? Назди кӣ меравад?
– Зинда монад, ба Афғонистон расида, гадой карда мегардад.- гуфт Кучибой ва лаҳзае хомӯш шуду бепарвоёна суханашро илова дод: - Ду сол пеш ҳангоми гурехтани амир Олимхон ин ду соҳил нисбат ба ҳозира серодамтар буд. Амир аз гузаргоҳи Чубек гузашт. Он ҷо киштӣ ҳаст. Аммо халқ бештар ин ҷо омад. Баҳори хунук омада буд он сол. Ҳафтаҳо меборид. Аз хунукӣ дар соҳил соате тоқат кардан наметавонистӣ. Роҳҳо обу лой, баъзеҳо дар ҷойҳояшон афтида мурда мерафтанд. Гурезаҳо аз зӯромад ба хонаҳои мардум зада медаромаданд.
– Ин гурезогурез кай шурӯъ шуд?
– Ин равубиё ҳамеша буд. Солҳои пеш деҳаҳои ду тарафи об ба тӯю маъракаи ҳамдигар омаду рафт мекарданд, духтар дода духтар мегирифтанд. Калонсолон мегӯянд, ки шаст-ҳафтод сол пеш аз тарси асари вабо аз ҷониби Афғонистон мардуми бисёр ба ин тараф гузаштааст. Аз ин пештар ҳам ба асари офати малах аз Бадахшону Таҳористон ними халқ хонаҳез ба тарафи худамон омада будааст. Аз ҷониби мо фирорӣ шудани мардум аз солҳои 1864-65 шурӯъ шудааст. Соле, ки урус Авлиё Ота, пас қалъаи Чимкент ва баъди як сол Тошкандро тасарруф карда будааст. Ҳамон вақт ҳам бештар эшону шайхҳо баромада рафтаанд. Падари ман ҳам ҳамон солҳо ба ин тараф омадаанд.
– Падаратон эшон ё мулло буданд?
– Не-е! Мулло, не! - Вақте ки кӯшуни Черняеви рус ба деҳаи мо Сӯзак, наздики Чимкент, сарҳади хонигарии Ҳӯқанд меояд, мардум, ки ба асари бераҳмиҳо ва андози зиёд зидди ҳукумат будаанд, шӯриш бардоштаанд. Дастаи сарҳадии хонро маҷбур мекунанд, ки яроқро партофта, ба тобеияти русҳо дароянд. Баъди он чанд деҳаи қазоқнишини атроф низ аз мо ибрат гирифта, худашон ба раияти русҳо медароянд. Баъдтар ҳукумати Ҳӯқанд, ки қувват мегирад, аз пайи ҷазо додани саркардаҳо мешавад. Падарам ва боз чанд нафар, ки саркардаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор