Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
табаддулот будаанд, ночор роҳи Афғонистонро пеш мегиранд. Ҳангоме ки ба ин ҷо мерасанд, падарам бемор мешаванд ва ин ҷо мемонанд.
-
Пас маълум мешавад, ки русҳо шуморо на тасарруф, балки ба хоҳиши худатон ба қаламравашон ҳамроҳ кардаанд.
-
Бале, падарам мегуфтанд, ки русҳо моро аз ситами бекҳои худамон озод карданд.
-
Беҳуда "аз мост, ки бар мост" нагуфтаанд.
-
Дуюмбора зиёд шудани фирориҳо аз соли 1914, аз ибтидои ҷанги ҷаҳонӣ, шурӯъ шудаю то ҳол идома дорад.
-
Бале, аз оғози ҷанг, - Мансур ба тасдиқ сар ҷунбонду нигоҳаш ба дашту дарахтони зарду сурхшудаи ватан дӯхта шуд. Ҳоло нисбат ба он ватану он хок меҳри ҷӯшон ҳис мекунад. Бо олами талх фикр мекард, ки мадфани падару бобоҳояш он ҷост. Ҳам мадфани Бибигулу Баҳодураш, ҳам ишқе, ки ба Бибигул дошт, низ он ҷост. Зулайҳои меҳрубон низ дар он кишвари зебо зиндагӣ дорад. Дар Самарқанд ва Найзаварон хона дорад. Онҳоро ҳеҷ вақт ба касе нахоҳад дод. Яке дастдарозӣ карду сараш дупора шуд." Мансур дид, ки Кучибой ба рӯяш нигоҳ дорад, фикрҳояшро дур андохта, пурсид:
-
Аспҳоро тез фурӯхтед, кай бармегардед?
-
Насиб бошад, шаб ин ҷо хоб рафта, чойи саҳарро ҳамроҳ менӯшему ман ба роҳи худам меравам, шумо ба роҳи худатон.
Мансур нигоҳи ҳасратомезашро аз Кучибой намеканд. Аз дилаш мегузашт, ки ин мард чӣ қадар зиндагии беғам ва осуда дорад. Хоҳад, ин сӯ меояд, хоҳад он сӯ меравад, мисли уқоби осмон озод аст.
- Тарафи Мазори Шарифро таъриф мекунанд. - Кучибой ба одамоне, ки дарёро убур мекарданд, зеҳн монд. - Аксари донишмандони худамон ба ҳамон тараф мерафтаанд. Байни худ он ҷойро Бухорои дуюм мегуфтаанд.
Мансур чизе нагуфт. Бехабар фикрҳояш боз ба сӯи ватан мераванд. Ба рӯзҳои хуше, ки дар шаҳр зиндагӣ мекарданд. Озоду ором, бо серию пурӣ ва орзуҳои оянда, як ҷо ба Бибигул.... Аз шаҳр баромаду азобу кулфат шурӯъ шуд. Лекин дуруст андешӣ, дар он ватан танҳо ӯ азобу дард надорад. Ба истиснои чор пойлучу бетагу бебар дигар зоге бе доге набуд.
Қӯчқорбой хомӯш мондани мусоҳибашро дида, мавзӯи сӯҳбатро дигар кард:
- Писаратон бачаи ҳушёр метобад. Баъди ду сол худашро саришта мекунад.
Мансур бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд. Вале фикраш ба он аст, ки ана-ма-на нагуфта торик мешавад. Фикри ҷои хобро бояд кард. Аз афташ, дар ҳамин катҳо хоб мекунем. Дигар куҷо меравем?
- Аспамро йем медиҳам,-гуфта Қӯчқорбой хест ва раҳораҳ илова кард:-Навомадаҳо ду аспи хуб доштаанд. Намефурӯхта бошанд?
Дами субҳ Мансур Қӯчқорбойро аз хоб бедор кард: “Чунон хобатон сахт, ки ақаллан паҳлӯ нагаштед,” гуфта, ба дасташ офтоба дод. Намози бомдодро хонданду Мансур дилашро кушод.
- Қӯчқорбой, ман дар умрам бисёр сахтию мусофиратҳоро дидаам. Аммо имшаб ҳис кардам, ки беватанӣ аз ҳама азобу дардҳо бадтару шадидтар будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор