Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Бурида шудани решаҳоят ва хушк шудани ҷисму ҷонатро эҳсос мекунӣ. На дӯст, на хотира, на умеду орзу мемонад. Мисле ки амонат истодай...

– Ин суханҳоро аксари гурезаҳо мегӯянд. – Кӯчибой “ҳавои пагоҳӣ хунук” гуфта аз болои яктах ҷома пӯшид ва чорзону нишаст. – Ҳоло дарунтар рафта, аламу озори мардумро бинед, зиёдтар ҷигархун мешавед.

– Гӯш кунед, Кӯчибой, ман намехоҳам қисмати беватанӣ насиби писарам гардад, – гуфт Мансур бо овози паст. – Беҳуда дирӯз суханатона гӯш накардам. Имшаб фикр кардам, ки ҳамроҳ ба ватан равему муддате писарам дар хонаатон монад. Худам ин тараф баргашта, зиндагии шиносҳоро дидаю ҳавои корро гирифта, пас меоям.

Кӯчибой нӯги риши сиёҳашро ба лабонаш бурда, ба рӯи мусоҳибаш озмоишкорона зеҳн монда пурсид:

– Бар зидди одамони Шӯро ё аскари сурх камон бардошта будед?

“Ин мард чандон сода не!” Дили Мансур дар изтироб афтид. Ӯ низ синчакорона ба Кӯчибой нигарист, ба дилаш омад, ки ҳамаи воқеаҳои ба сараш омадаро гӯяд. Дар лаҳзаи охир қарор дод, ки алҳол худдорӣ мекунад.

Ин дам Ҷовид аз хоб хеста, чашмонашро молида, ба атроф зеҳн монд. Яқин пай намебурд, ки ба куҷо афтодааст. Мансур ӯро ба бар гирифта, ба ҷома печонда, ба оҳанги таассуф гуфт:

– Балҷувон меҳмонӣ рафта будем. Рӯзи иди Қурбон, ҳангоме ки намоз мехондем, сурхҳо ба сарамон тохтанд; беихтиёр ҳама ба ҷанг даромадем. Он ҷо кӣ киро мезад, маълум набуд. Гурехтан ҳам намешуд. Иштирокам дар ҳодисаҳо ҳамин аст.

– Медонед, барои чӣ пурсидам? – Кучибой хавотирии Мансурро пай бурд. – Ман галабони давлати Шӯро, яъне ҳамонҳо. Боре сипоҳинусхае ҷониби раиси мо гуфт, ки касе бар зидди аскари сурх ё аъзои шӯро теғ набардошта бошад, дилпур кору зиндагӣ карда гардад. Он воқеаи Балҷувон, ки ғайри ихтиёр сурат гирифтааст, теғ бардоштан ҳисоб намешавад. Шумо зодаи Бухоро. Дар кӯшуни Анварпошо ё Давлатманд набудед. Пас ба ягон гӯшаи диёр рафта, зиндагӣ кардан гиред. Хоҳед, ба деҳаи мо биёед. Барои чӣ ин суханро мегӯям? Чунки ҳоло бисёриҳо аз хабарбару дуруягӣ ва рашку ҳасади ҳамдигарон номи душман мегиранд, дилмонда мешаванд ва тарки ватану диёр мекунанд.

– Дили худам ҳам ҳаминро мегӯяд. – Мансур дар сухани Кучибой садоқату самимият ҳис карда, дилаш ором гирифт. – Лекин ба ҳар ҳол як бор бояд Афғонистонро бинам.

– Майлатон. Лекин ҳамроҳи мо беҳуда овора шуда наравед. Аз пайи коратон шавед. Мо худамон...

– Не, не! – Мансур нагузошт, ки Кучибой суханашро то охир гӯяд. Ба Ҷовид фармуд, ки рафта дастурӯй шӯяд. Вақте ки ӯ дур шуд, илова кард: – Сӯҳбатамонро Ҷовид нафаҳмад. Хубаш, ҳамроҳ меравем. Ба ин баҳона зодгоҳатонро мебинам.

Фурсате пас ҷониби шарқии осмонро шафақи сурх фаро гирифт. Дар атрофи чойхона равуои одамон шурӯъ шуд. Ду ҷавон аз дарё дар машқҳо об оварданд. Марде дар паҳлӯи самовор ҳезум мешикаст. Мусофирон аспу улоғҳояшонро хӯрок медоданд. Баъзеҳо аллакай ба сафар омодаанд. Коргарони соҳил ҳам

пешина
аз 613
навбатӣ