Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
омаданд. Як гурӯҳ ба роҳи поён ба ҷойи корашон — ба соҳил мераванд, дигарон сӯйи чойхона меоянд. Инҳо ҳар рӯз ба соҳил омада, барои аз об гузаштан ба гурезаҳо ёрӣ медиҳанд. Ба ин восита ду-се танга кор мекунанд. Дере нагузашта аз ҷониби Афғонистон мусофирон низ сар заданд. Чор нафар пиёда саллаҳои хокистарранги нимдошт болои чашм ва яктаву куртаҳои карбосу алоча доранд. Баъд шаш нафар сипоҳинусха аспҳои бузургҷуссаашон лука дода омаданд. Хӯрчинҳояшон пурбор. Баъзеҳо ду хӯрчин доранд. Шояд аз онҳое бошанд, ки аспу астар бурдаю ба ивазаш тир меоранд? Самоворчӣ зуд ба кати онҳо лаълии чойу нон овард. Сипас гурӯҳи дигаре омаду аз байнашон ду нафар марди миёнсинни лоғарандом, ки дар сар саллаи яктоби камбағалӣ доранд, ҷудо шуда рафта, дар паҳлӯи роҳ рӯбарӯи муштариёни чойхона нишаста, бо чашмони пӯшида думбраяшонро хеле вақт нохун задаю чӯр карданд. Пас яке, ки чеҳраи мисли коҳ зардшуда дошт, овози марғӯладорашро сар дода ба хондан шурӯъ кард:
Сангтӯдаи сангвора,
Давлатманди ҷангара.
Куштанд Пошоанвара
Ҷавонҳои даврона ӣ-ӣ-ӣ-ӣ-ӣ-ӣ...
— Инро бинед-а! Чанги Балҷувонро мехонад! — Мансур рӯ ҷониби хонанда нишаста сар то по гӯш шуд. Дар овози мард чафои душманон, алами дурӣ аз ватану пайвандон ва ранҷи ғарибӣ баръало ҳис мешуд.
Мард бо чашмони пӯшида боз хеле думбра навохта, мақомҳоро гардон-гардон кард ва боз ба мақоми аввала баргашта, ин дафъа бо овози баландтару ҷозибаноктар замзамаро идома дод:
Ай подшоҳи олам!
Гӯш кун, ки арз дорам!
Сад ҳайфҳои Бухоро,
Ғазоро қарз дорам ӣ-ӣ-ӣ-ӣ-ӣ-ӣ...
— Ин мард аз кай боз ин ҷо суруд мехонад? — пурсид Мансур.
— Ҳоло як соат ин ҷо нишинед, ин гуна марсияхонҳоро бисёр мебинед. Шоирҳо низ ин ҷо омада шеърхонӣ мекунанд. Ҳама аз дурии ватан, аз фалаки бемурувват фарёду фиғон доранд. — Кӯчибой нигоҳашро аз аспҳои сипоҳиҳо, ки дар девори чойхона баста буданд, канда ба Мансур дӯхт. — Ин бечораҳо дар ҳамин деҳу дараҳои атроф нишемангоҳ ёфтаву баъзан ин ҷо омада, рӯ ҷониби ватан карда, хумор мешикананд. Яке аз Балҷувон, дигаре аз Фарғона, сеюмӣ аз ким-кадом деҳе. Баъзан ба ҳолати ваҷду изтирор афтода, як соат и-и-и-и гуфтаю беҳуш шуда меафтанд.
Ин суханҳо дарду озори Мансурро афзунтар карданд.
Баробари шӯълаҳои аввалини офтоб аспҳоро нӯҳтакаш карда, ба соҳил фуромаданд. Соҳили ин тараф санглох аст. Аҳён-аҳён дарахти газ, ки гули

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор