Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сурх дорад ва вагничу хору ҳилолбуттаи зардшуда ба назар мерасад. Ба чашми Мансур имрӯз шоҳоби пеш калонтар намуд. Об ҷое то зонуи асп меояд.

Мансур дид, ки дар он сӯйи шоҳоб аллакай афғонҳо як гурӯҳ гурезаҳоро соҳибӣ карда, ба ватанашон роҳнамоӣ мекунанд. Баъзеҳоро ба гупсарашон савор кардаанд, баъзе нӯҳтаи аспро доштааст, баъзе хари пурборро пешандоз карда шоҳобро убур мекунад.

Кӯчибой аспашро ба об андохтай шуд, ки Мансур гуфт:
– Каме мунтазир шавем, одамони рӯбарӯ гузаранд. Ва пурсид: - Ҷовид саворшаваду ман думи аспро дорам, мешавад?
– Беҳуда худатонро тар кардаю дар азоб намонед, -гуфт Кӯчибой.-Аспро савор шавед, писаратон вазни зиёд надорад.

Чун як қисми мардум байни шоҳоб расиданд, Кӯчибой аспашро ба об андохт. Мансур аз пас равон шуд. Аспи Мансур боэҳтиёт қадам мемонд. Оби софи тирамоҳ хунук аст. Садои ҳайбатангези дарё, ба тарс қадаммонии асп, паридани об, ҳама якҷоя шуда касро ба изтироб меорад.

Дирӯз аз поёнтар гузашта буданд, шоҳоб ин гуна чуқур набуд,- фикр кард Мансур ва ба Ҷовид фармуд, ки рӯймоли миёнашро сахт дорад. Аспи Кӯчибой майда бошад ҳам, чобуктар меравад. Аз афташ пастию баландии дарёро хуб медонад. Кӯчибойро роҳгардии аспаш ба шавқ оварда буд, ки ҳар замон дӯстиаш мекард. “Ҳе-е дар сумҳоят ҷонам, саманд! Дар ёлу думи базебат мирам, саманд! Ҳоло хона расем, ҷаватро зиёд мекунам, Дулдулам!”

Одамон поинтар аз онҳо гузаштанд. Нигоҳи Мансур ба марди ҳузарби сиёҳандоми дағалсимо афтод, ки ҷавонзани зебое дар пушти бо шитоб дарёро мегузашт. Эзори сурхранги мард барзадаю аз зону болост. Ҷое ки об чуқур аст то зонуҳояш меояд. Сарандози зан дар пас кашол, рӯймолаш ҳам ақиб афтидааст. Сари бараҳнаи мардро ба ситез пеш тела дода, худро партофтан мехоҳад. Вақе сиёҳ бо як даст аз пушти ҷавонзан ба худ сахт зер карда доштааст. Аввал Ҷовид ҷавонзанро шинохт. “Ин ҳамон занест, ки дар роҳ дида будем,” гуфт. Ба ёди Мансур ҳам омад, ки ҷавонзани наҳифпайкарро чор рӯз пеш ҳамроҳи шавҳараш дар роҳ дида, ба худ гуфта буд, ки ҷуфти ба ҳам мувофиқанд. Ба саволи “сафари куҷо доред?” шавҳараш чунин ҷавоб дода буд: “Болшевикҳо, ки деҳаамон даромада, муллоҳою бойҳоро дородор карданд, падарам гуфтанд, ки дар ватани мо мусулмонӣ намонд. Хезед, ба ягон кишвари мусулмон равед”. Ва боз гуфт, ки мо як сол боз зану шавҳарем. Ва дирӯз ҳам, ҳангоме ки ин тараф мегузаштанд, ҳардуро дар соҳил дида буд. Дигарҳо обро убур мекарданду зан дасти шавҳарашро тела дода, по ба об намегузошт. «Шодиҷон, мегардем, хонаамон меравем!», гуфта зорӣ мекард. Пас маълум мешавад, ки имрӯз то шоҳоб расидаанду сиёҳ ба гузаронидани зан ёрӣ карданист. Мансур лаҷомро андаке кашида, мушоҳида кард, ки сиёҳ ҳар қадар ба соҳил наздик шавад, ҳамон қадар тез метозад. Аз он ки мисли асп метозад, чараҳсаҳои об ба атроф мепаранд. Ҷавонзан думушта ба сару гарданаш мезанад, аммо вай заррае парво надорад, намеистад. Мансур аз қасди сиёҳ пай бурд: «Неъмати ба дасташ афтидаро намедиҳад!» Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Сиёҳ ба соҳил баромада, чунон давид, ки бод наметавонист дарёбадаш. Ва роҳи калон нарафта пайраҳаи

пешина
аз 613
навбатӣ