Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

поини ҷоихонаро гузашту ба сойҷаҳои домани дашт даромада рафт. Мансур шавҳари занро ҳам дид. Аз байни шохоб думи аспро дошта меояд. Аз болои яктаҳ миёнашро бастааст. Дар сараш салла. Дар соҳил нарасида, думи аспро раҳо карду раҳораҳ рӯймолу яктаҳи таршудаашро кашида партофту ба самте, ки сиёҳ тохта буд, давид.

Шохобро гузаштанду Мансур аз Кучибой пурсид:
– Ин сиёҳ чӣ кор кард? Занро бурданаш мумкин?
– Чӣ кор кард? Зани гул баринро гирифта гурехт. Шавҳар даст ба бинӣ монд. – Кучибой тамасхур кард. – Сипас ошуфтагии Мансурро дида, бо оҳанги тасалло афзуд: – Шавҳараш назди волии вилоят меравад, занашро ёфта мегирад.
– Ин гуна расвоиро ҳар вақт мекунанд?
– Не, ҳар вақт не, дар байни панҷоҳ-сад нафар чунии як васвосӣ пайдо мешавад.

Ранги Мансур суп-сурх шуда, сари аспро гардонд, ки Кучибой лаҷомро дошта гуфт:
– Гумон мекунед, ки ӯро дошта метавонед? Вай аллакай худро ба сӯрохие гирифт. Муши даштӣ ҳам намеёбадаш...

Деҳаи Новдонак – ватани амаки Кучибой дар паси дашт, дар домани теппаҳои сиёҳранги начандон баланд ҷойгир аст. Деҳа дорои хонаҳои похсагӣ буда, хонаҳо аз ҳам дуранд. Дар назди ҳар хона тавилаҳо, оғилҳо ва ғарами беда, ки бештарашон аз оғилҳо як маротиба баланданд, дида мешаванд. Пештар ин ҷо шаст буна будааст. Лақайҳою тоҷикҳо паҳлӯи ҳам зезистаанд. Ҳоло ним ҳам намондааст. Дар ду-се соли ҷанг аксар кӯчу борашонро бардошта, ба он тарафи дарё гузаштаанд. Ва як-як омада, хонаҳошонро хабар мегирифтаанд. Интизоранд, ки большевикон кай гум мешаванд.

Ҳангоми молҷӯшӣ Кучибой Ҷовидро, ки дар пушти аспаш савор буд, назди тавилаи поёни хона фуроварда, “ту ба хона даро, ман галаро хабар гирифта меоям” гуфт.

Дар канори деҳа, дар ҷое, ки андаке ёна аст, се хонаи ба ҳам часпидаи амак қаторанд. Ҳавлӣ нест. Ин ҷо бештари хонаҳо ҳавлӣ надоранд. Ҷовид дари хонаи пешро кушода, болои остона нишаст. Ҳавои саҳаргоҳи аввали баҳор поку беғубор аст. Дар чунин ҳаво дар хона шиштанат намеояд. Мехоҳӣ берун биравию ба кори бузурге даст бизанӣ. Аз баландӣ атроф чун дар кафи даст намоён. Деҳаҳои хурд-хурди атрофи дашт мисли сераи кафтарҳо менамоянд. Заминҳои поёни деҳа ҷое кишт шуда, ҷоеро алафи бегона зер кардааст. Дарёи ба шохобҳо тақсимшудаи Ҷайҳун бо ҳама паҳной намоён. Шохобҳо аз дур чун қатори шишаҳои паҳнкарда менамоянд. Дар он сӯи дарё дашту кӯҳҳои Афғонистон низ намоён. Ин субҳ Ҷовид ҳамроҳи амаки Кӯчибой падарашро то соҳил бурда гусел карда омад. Падараш ваъда кард, ки даъфаи дигар албатта ҳамроҳаш мебарад. Ва ҷониби Кӯчибой чашмак зад. Маълум, ки дурӯғ мегӯяд. Порсол ҳам ду маротиба омад. Каме истоду боз рафт. Соли сеюм аст, ки омада

пешина
аз 613
навбатӣ