Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
меравад. Чаро ба он тараф меравӣ? Дар ҳамин ҷой ист! Ё маро ҳам бар! Падар шуда... Ҷовид аз алами ҷудоӣ гиря кард. Оби дида аз паси панҷаҳояш шорида поён мешуданд. Чашмаш ба Шарофат, духтари калонии амак афтид, ки назди дари ошхона гиру мон дорад. Хона даромада кӯрпаро болояш кашид, сӯзи дилаш бештар шуд, бо дасташ даҳонашро медошт, то ки овозаш набарояд. Фурсате гузашту Шарофат дарро бо шаст кушода гуфт:
– Ҷовид, худатро хоб наандоз! Модарам гуфтанд, ки поруи оғилҳоро тоза кунед!
– Ту рафтан гир, ман меоям, – гуфт Ҷовид аз зери кӯрпа.
Шарофат ҳамчунон ба шаст дарро пӯшида, гӯр-гӯр кард: “Эркаи Бухоро! То ними рӯз хоб меравад!” Ҷовид ба ғазаб омада, аз пасаш давиданӣ шуд, вале дар ошхона ҳузур доштани модараш – холаи Кароматро дониста, худро дошт. Ӯ дар ин хона бо ҳама рост гирифту бо ин духтари рафидарӯ не. Аз куҷо ин гапро ёд гирифтааст? Охир вай бухорӣ ҳам нест. Холаи Каромат мегӯянд, ки шумо ҳамсолҳо дар кӯдакӣ ҷангу ҷӯш мекунеду баъде, ки калон шудед, дӯсти ҷонӣ мешавед. Ман ҳеҷ гоҳ бо ин рафидарӯ дӯст намешавам, ҳеҷ гоҳ! Чашмонашро пок карда аз хона берун шуд: дар роҳе, ки аз байни деҳа мерафт, Ризвони осиёбонро дид, ки харсавор мегузарад. Ҷовид ба писари ӯ Насим рафиқ аст. Насим дар интернати марказии ноҳия мехонад. Ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки муаллимро пурсӣ, ӯро ҳам ба мактаб мебарад. Мактабашонро хуб таъриф кард.
Ҷовид аз паси Шарофат фуромада, қарор дод, ки баъди сомон кардани корҳо ба назди Насим меравад. Имрӯз якшанбе, шояд омадааст. Муаллимашро хоҳ пурсида бошад, хоҳ не, ҳамроҳаш мактаб мемерад.
Шарофат оғили худашро тоза карду бо рӯйҳои сурхи арақшор аз дар ба кори Ҷовид нигоҳ кард ва писханд зад: “Ҳоло ҳам тамом накардай, эркаи Бухоро!”
– Эй ҳабата!-Ҷовид белро ҳаво дода ба сари Шарофат тохт, ки ӯ фиғон бардошта гурехт. Пойҳои сафедаш то зону луч ва олудаи обу лойи саргиномез. Нақши пойҳояш баръало дар роҳ мемонад. Куртааш даридаву китфаш намоён. Рӯймолаш дар дасташ. Кокулҳои майдабофташ дар атрофи сараш бозӣ мекунанд.
Ҷовид аз ними роҳ ақиб гашт, сухани холаи Кароматро шунид: “Ҳабатааш чӣ будааст? Сад маротиба аст мегӯям, ки ба вай кордор нашав! Кораш бад аст, нек аст, ҳамроҳ нашав! Худо бекасаш кардааст, бас нест!” Ҷовид ба оғил даромада, хориаш омаду боз гиря кард. Кӯшиш мекард ки худро дорад, вале наметавонист. Сӯзу алами бекасӣ оби дидаашро аз қаҳри дилаш мисли фаввора берун мерехт. Яке овози хола ба гӯшаш даромаду зуд рӯю чашмонашро пок карда, худро ба кор андармон кард.
– Ҷовид, ҳамаашро шудӣ-ку! Мондагиашро баъд мекунӣ. -Хола аз дар ба Ҷовид нигарист. Якин пай бурда буд, ки Ҷовид гиря кардааст. Бо меҳрубонӣ афзуд: -Рафтем, ноништа мекунем. Ту нағз мебинӣ гуфта, ин пагоҳӣ ширчой пухтам. Рафтем,-Ҷовид сарашро набардошт. Ва ҳаял карда баромад.
Дар атрофи дастархон кӯдакҳо нишастаанд. Хоҳари Шарофат Хосият ва Шералии дусола ҳам ҳастанд. Шералӣ як куртачаи кӯтоҳи карбос дораду бас. Бинииаш чун кирм аз лабонаш поён шудааст. Ӯ нигоҳашро аз Ҷовид намеканад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор