Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷумҷаро ба шир задаю то ба даҳонаш мебарад, ки ҳамааш болои нофу пойҳои бараҳнааш мерезад.

Ҷовид аз меҳи паси дар куртаи кӯҳнаеро гирифта, бинии Шералиро пок карда, ширчойро тез-тез нӯшид, ки Шарофат ба тариқи маслиҳат ба ӯ гӯшрас кард:

  • Ба шир нон реза карда мехӯранд.

  • Ҳоло ҳамин косаро дар сарат мезанам, - гуфт Ҷовид бо овози паст.

  • Нон нахӯрӣ, калон намешавӣ!, - ғуд-ғуд кард Шарофат.

Хола, ки дар ақиби хона гуппӣ мезад, баҳсашонро шунида, Шарофатро ҷанг кард:

  • Шарофат, мӯят резад, кори худата дон!

Ҷовид ҳамон бегоҳӣ Насимро дар тӯйи ҳамсояшон дид. Вай хабар дод, ки муаллим таъкид кардааст, ки Ҷовидро биёрад.

Пагоҳӣ амаки Кучибой Ҷовидро аз роҳ гардонданӣ шуд:

  • Падарат туро ба ман амонат монда рафтааст! Кору ҳоле шавад, чӣ ҷавоб медиҳам? Мактаби писари Ризвон мехондагӣ мактаби сағираҳо! Он ҷо аз зиндон бадтар аст. Пашшаро бе иҷозат дарою баро кардан намемонанд. Хӯрокаш хӯроки урус. Гӯшташ гӯшти чуҷқа.

  • Амак, хӯрокашонро намехӯрам, фақат мактаб мехонам! - Ҷовид рост ба чашмони амак нигарист.

  • Ҳоло баҳор шавад, ҳарду паси гала меравем. - Кучибой Ҷовидро ба тап дароварданӣ шуд. - Тобистон қимиз менӯшӣ, аспсаворӣ карда мегардӣ.

  • Меравам, меравам! - Ҷовид гиря кард.

Кучибой оби дидаи Ҷовидро дида, мулоим шуд. Нӯги ришашро ба лабонаш бурда, бо андаке ситезманди гуфт:

  • Майлат, рав: як ҳафта ҳам тоқат накарда гашта меоӣ.

Аз рӯзи душанбе ҳаёти Ҷовид ба куллӣ тағйир ёфт. Дигар аз паси гову гала намедавид. Ҳар гоҳ бо Шарофат баҳс намекард. Дар интернат ба ӯ ҷойи хоб, либоси мактабӣ доданд. Он ҷо кӯдакони сағирамондаро ҷамъ карда буданд. Дух- тарону ҷавонҳо якҷоя дарс мехонданд. Ба бозиҳои варзишӣ машғул мешуданд. Қатор қадамзамон суруд мехонданд. Бештари муаллимон русҳо ва аз тарафи Хуҷанд омада буданд. Якшанбе ки мешуд, ҳамроҳи Насим ба деҳа меомаданд. Амаки Кучибой ҳардуро дар кӯча дида, мазаммат мекард: “Зиндагиатона бо чӯҷқахӯрию сурудхонӣ мегузаронед?!”

Даромад-даромади зимистон якчанд нафар одамони низомипӯш ба интернат омада, даруну беруни мактабро гаштаю ким - чи гуна корҳоро ба нақша ги- рифтанд. Ҷовид дар байни онҳо Черновро шинохта, мисле ки каси наздикашро дида бошад, тохта рафта салом дода гуфт:

  • Ман шуморо дар деҳаамон Найзаварон дида будам. Ба ман пул додед...

  • Гуфтан гир, гуфтан гир, ба хотирам меояд.- Чернов чашмонашро танг карда, ба Ҷовид зеҳн монд.

  • Аз ман пурсидед, ки падарат ояд, чӣ мегӯӣ? Ҷавоб додам ки “Мегӯям, ки аз шаҳр табиб оварда, модарамро табобат кунад..."

пешина
аз 613
навбатӣ