Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
менавиштанд дар амал татбиқ карданд. Мо то ҷон дар рамақ дорем барои ин партияи халқпарвар аз дилу ҷон хизмат хоҳем кард.
Фёдор Матвеевич ин гуна суханҳои он замон маъмулро гуфту пас нӯги бурутҳои сафедидовардаашро боло карда ба Чернов синчакорона нигоҳ карда, бо оҳанги ҷиддӣ афзуд: -Акнун собиқ аморати Бухоро як ҷузъи давлати Шӯравӣ аст ва ӯро бояд ҳифз кард. -Ба шумо маълум, ки сарҳади моро аз Афғонистон дарёи Ҷайхун ҷудо мекунад. Аз ин хусус бо Бритониё, ки онҳо ҳам ин ҷо манфиатҳои худро доранд, маслиҳат шудааст. Дарозии сарҳад, агар то Термез ва Кушкаи бошишгоҳи туркманҳо гирем, наздики ду ҳазор километр меояд. Ва ҳама мисли дарҳои яла аст. Касе ба куҷо хоҳад, равуо мекунад. Ана ҳамин дарвозаро сахту мустаҳкам бастан лозим. Мо маслиҳат кардаю доир ба сарҳади Афғонистон як раёсати алоҳидаи сарҳадӣ кушодем. Марказ дар Душанбе мешавад. Мутахассисҳо ба роҳбарии раёсат ба як овоз номзадии шуморо пешниҳод карданд.
Ҳоли Чернов дигаргун шуд. Вай як моҳ пеш бо сардори ҷабҳаи Туркистон Исоев Леонид Николаевич маслиҳат карда буд, ки охири сол ӯро аз кори ҳарбӣ ҷавоб медиҳанд. Ӯ рафта касби бофандагиашро давом медиҳад. Аллакай бо хонаводааш ҳам гапро пазонда буд. Ризоият шуд, ки падару модари пирашро аз Пишпек ба Ивановск наздаш мебарад.
-
Ман донишкадаи бофандагиро хондаам. Фабрикаи худамон дар Ивановск вайрон хоб рафтааст.- Оҳиста эътироз кард ӯ.
-
Рафиқ полковник, ҳоло ҳама ҷой вайрон аст. -Андреев асроромез табассум кард. (Чернов нав фаҳмид, ки рутбаашро ба полковникӣ бардоштаанд). Ҳангоме ки аз байни Москва гузашта меомадед, мушоҳида кардед, ки бисёр биноҳоро канда аз нав месозанд. Ҳукумати нав ҳам мисли шаҳи нав ҳама либосу палосашро дигар мекунад. Ҳоло навбати фабрикаи шумо ҳам меояд.
Чернов беҳуда будани зиддиятро пай бурда, оҳи дурудароз кашиду пурсид:
-
Сарҳадро сахту мустаҳкам бо чӣ мебандем? Девор мебардорем?
-
Девор ҳам бардорем, мешавад. - Андреев бо завқ хандид. - Ҳоло роҳи осонаш ҷаст; симхор мекашем. Ду баталион дар як рӯз ду километро симхор мекашад.
Атрофи СССР ҳамаш маҳкам мешавад. - Ин давлати навсохтамонро ҳамингун накунем, душманон моро сар боло кардан намегузоранд. - Ӯ аз болои миз коғазеро ҷудо карда гирифт: - Ин фармони ба кор гузаштанатон. Аз бригадаатон касеро хоҳед, мегиред...
Чернов ба Душанбе омада, аз афсарҳои собиқ Загорский, Давлатов ва боз чанд нафар ҷавонҳоро интихоб карда, ба полки сарҳадбон гузаронд. Б. Муҳаммадшариф, ба дилаш гап наояд гуфта, дипломатияи шарқиро ба кор бурд: «Агарчӣ солат аз чил гузашта бошад ҳам, ба шарофати чойҷӯшат, ки рафиқи бовафои бригада аст, туро ҷавоб намедиҳем» гуфт.
Муҳаммадшарифи зирак пай бурд, ки гап чист:
- Агар рафиқи бовафо чойҷӯш бошад, чойҷӯш дар сафатон истодан мегӯяд, - гуфту хандид ва бо лаҳни дӯстона афзуд: - Чӣ қадар даҳутиҳомун медавӣ, бас-дия. Акнун навбати ҷавонҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор