Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чернов мансабашро истифода карда, дар Душанбе ба ӯ хона гирифта дод. Ёри кард, ки кӯчашро аз Фаргона ба Душанбе биёрад. Ҳар гоҳ маҷлису маъракаашон шавад, барои оварданаш мошин мефиристад. Муҳаммадшариф аз кору зиндагиаш, ё чунон ки худ мегӯяд, аз рафиқи бо Чернов сад ҷон розист...

Онҳо домани ҷангалеро хато карданду борон монд. Пеши ҳаво кушод. Дар даромади деҳе, ки Банокат мегуфтанд, якчанд тути қатор ҳаст. Шамолу борон баргу тутҳои нав сафедшударо резондааст. Имсол тутҳо бисёр бастаанд. Баъзе навда мисли ниҳоли шукуфтаи пахта менамояд. Кӯдакон дар сари дарахтҳо тутхӯрӣ доранд. Дар поён ҳам як тӯда хому хариши рехтаашро чида мехӯранд. Мӯрчааралаш мехӯранд. Ба як тарафи даҳон мехоянду ба тарафи дигар хоку регҳои ба тутҳо часпидаро берун мекунанд. Гӯсфанд барин. Чернов дар ҳашт-нӯҳ соли дар ин тарафҳо будан мушоҳида кардааст, ки тут сафед шавад, бачагала рӯзи дароз дар тораш аст. Пешобашон биёд ҳам, намефурӯшанд. Аз сари тут гиза кардан мегиранд. Касе ташна шавад, фуромада ба дил хоб рафта лабашро дар ҷӯй монда об менӯшаду боз ба ҷояш мебарояд. Мисле барае, ки тохта ба таги синаи модар мераваду ду-се суръа менӯшаду боз ҳамроҳаш тохта меравад. Шабҳо гарм шавад, баъзеҳо дар сари тут хоб кардан мегирад. Аз ин рӯ тарафи тирамоҳ бачаҳо аз тут ва дигар меваҳои саҳро нӯши ҷон кардаю ба қавле лолагӣ шуда, бо хонаҳо бармегарданд. Дарахти тут чунон бобаракат аст, ки дар хушксолӣ ҳам бар мекунад. Ҳангоми тутпаз калонсолҳо онро дар чодар афшонда, шабу саҳар табақ-табақ мехӯранд. Афшондаю дар офтоб хушк мекунанд. Ва дар осиё орд карда (баъзан ба гандумбирён дар осиё якҷоя орд мекунанд), дар хамба мегиранд. Зимистон бо табар тика-тика бурида, болои дастархон мемонанд. Баъзе ҳалилоб ё ҳалво кардаю рӯған андохта тановул мекунанд. Масале ҳам доранд: «Хамбаи тут дорӣ, беморӣ надорӣ.»

Яке аз ҳамраҳони Чернов Пётр Загорский нигоҳашро аз кӯдакони тори тут наканда гуфт:

  • Александр Николаевич, ҳамин ҷанги мою босмачӣ ҳеҷ сомон меёбад? Ду соли пеш лашкари Иброҳимбек буду боз се-чор дастаҳои дигар. Имсол аз Душанбе то соҳили Ҷайҳун аз бист даста ҳам зиёд шудаанд. Якешро нест мекунӣ, дар ҷояш ду-се то пайдо мешавад. Мисли мори ҳафтсар, ки якеро буридӣ, ба ҷояш дигаре мерӯяд.

Чернов дар оҳанги сухани рафиқаш норизоӣ ҳис кард; ҷониби чилавдораш Степан, ки аз ақиб меомад, нигоҳе андохта пас ба тариқи маслиҳат гуфт:- Сарҳадро бандем, ки ин мардум ба тарафи Афғонистон равуо карда натавонад, силоҳ набиёрад, нест кардани босмачӣ мушкил нест.

  • Инҳо аз шагол ҳам гандаанд. Шабона ба деҳаҳо даромада ҳар номаъқулие хоҳанд, мекунанду рӯз гурехта ба кӯҳҳо мераванд. Аз паси онҳо ба кӯҳ баромада нашавад.
  • Чаро намешудааст? Мо аз онҳо камем?
  • Ҳукумати Бухоро суст. Босмачиҳо тарафдорошонро мекушанд ва аз дасташон коре намеояд.
  • Суст не, ношуд, беирода,-гуфт бо ситезмандӣ Чернов.- Худашонро раҳмгин нишон медиҳанд. Дар кори инқилоб раҳм кардед, ҳамаро бой медиҳед.- Ӯ гашти
пешина
аз 613
навбатӣ