Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
аспашро оҳиста карду бо оҳанги нарм афзуд:
— Аз тарафи дигар, Батко Семён (назар аст Будёнӣ) мазаро аз қайла гузаронд. Нархи пиёзро напурсида фармон дод, ки салладорро дидед, паронед. Ин ҷо ҳама салла мебандад. Саллабандро суннат медонанд.
— Аз тарафи дигар, Батко ҳам наметавонад, ки дар ин гӯшаи бенизму фақат мӯшшуда моҳу солҳо нишинад, ки кай босмачӣ аз кӯҳ фурояд, ки ҷанг кунад.
— Ба ҳар ҳол хост чашми мардумро тарсонад, ки аксуламал бештар шавад. Дастаҳои босмачиҳо зиёд шуданд.
— Ин мардум феъли гурги кӯҳро дорад, — бо оҳанги аввала гуфт Загорский. — Ҷониби ҷангал нигоҳ кардагӣ. Колхозро намехоҳанд.
— На бойанҷон мехоҳад, на камбағалаш. «Чизи шарикиро саг нахӯрдааст» мегӯянду шариконакор намекунанд.
Чернов дақиқае андешаманд шуду бо оҳанги таассуф гуфт:
— Акнун инҳо ду роҳ доранд: Ё роҳи моро мепазиранду ҳамроҳ мешаванд, ки социализм месозем ё рафта вайронаҳои Сибирро обод мекунанд. Ба ҷояшон дар ин ҷо одамоне меоянд, ки сохти колхозӣ писандашон аст.
— Аз ҳад сахту сангин намешавад? — Загорский рост ба чашмони мусоҳибаш нигарист.
-
Бо дигар роҳ нашавад, чӣ илоҷ? - Чернов нигоҳаш ҷониби заминҳои найзор кардаи рӯбарӯ афзуд: - Дар маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи ду ҳафта пеш баргузор гардида як мӯйсафед, ки пеш ҳамроҳи ҷадидҳо будаасту пас аз онҳо рӯ тофтааст, пешниҳоди хуб кард. Гуфт ки ин дастаҳои худрӯйро бо задану парондан ба зудӣ нест карда наметавонем. Хубаш халкро ба тарафи худ кашидаю ба душмани онҳо шӯрондан лозим. Ҳоло халқ гурусна, чизи хӯрданӣ надорад. Ба деҳаҳое, ки дар сари роҳи калон ҳастанд, ақаллан ордашонро мерасондем. Шояд панҷоҳ ё сад тонна орд равад. Корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемондем. Ба касоне, ки дилпур, силоҳ додан лозим. Ва аз ҳама муҳим, дар байни ҳар шаш - ҳафт деҳа як даста аскари сурх мемонед, ки ба кори онҳо назорат барад. Ва ба ҳар хабаре, ки овозаш зуд аст, чора андешад.
-
Рост, инҳо худашон сари ҳисоби босмачиашонро наёбанд, намешудагӣ барин.
-
Се сол пеш ОГПУ ин гуна корҳоро ба роҳ монда буд...
Ин дам онҳо ба рости резишгоҳи Вахшу Амударё расиданду Загорский аз роҳ боз истода пурсид:
-
Александр Николаевич, дар хотир дорӣ, Кузмин валериҳои чанд сол гирифт?
-
Кузмини тошкандиро мепурсӣ? Понздаҳ сол доданд. Чӣ шуд, ки якбора Кузмин ба хотират омад?
-
Дарёи Вахшуро дидаму Манучеҳр ба хотирам омад. Ҷавони хуб буду дар охир аҷаб корҳо шуд.
Чернов нигоҳи саволомезашро ба Пётр дӯхт.
- Дар хотират бошад, Кузмин Саша Григориев ном рафиқ дошт. Рафиқ не, думравакаш буд. Ҳамон, баъде ки Кузминро ба Сибир мекунанд, ба ҷӯраҳояш нақл мекунад, ки тиллоҳои Манучеҳрро Кузмин дуздида будааст. Лекин шаллокро Чангиеви бечора хӯрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор