Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
АдабиётҚисса
Аз аввал хонданЧернов ба чашмони мусоҳибаш нигариста гуфт:
- Ман аз Муҳаммадшариф шунида будам, ки гӯё Манучеҳр дар гулуи Ҷанғиев корд мемонад, ӯ ваъда медиҳад, ки тиллоро ёфта медиҳад. Вале ҳанӯз ҳамаашро нагардонда буд, ки Манучеҳрро куштанд.
- Бале, тиллоро медуздад ва маслиҳат медиҳад, ки корда ба гулӯяш чуқуртар зер кун, тиллоро ёфта медиҳад.
- Аз дасти вай ҳама номаъқули меомад, - дар ҷабини Чернов чинҳо ҷамъ шуданд, таваккуф карду афзуд: - он тилло насибаш намекунад.
- Ҳамон вақт як кори аҷиби дигар ҳам шуда буд. Мудом мепурсам мегӯяму боз истиҳола мекунам.
- Пурсидан гир.
- Босмачии ба гардани Манучеҳр банд андохта худро ба дарё партофтаву саломат баромада дар пушти санг пинҳон шуд, ҳангоме ки тарафаш нишон гирифтам, дастамро дошта, камони маро гир, гуфтӣ. Ба ман чунин намуд, ки фурсатро кашол медодию намехостӣ, ки ӯро паронам.
Чернов бо табассум ба мусоҳибаш нигарист. Хост ҳақиқати он лаҳза рӯйдодаро гӯяд. «Мушоҳидаат рост: аз чунин баландии бо аспу бо мурда худро ба ҷӯши дарё партофтани он ҷавононро дида, марди майдон будааст, мон, дар дунёи рӯшан гардат гуфтаю намондам.» Вале вай, ки дар ҳашт соли дар армия буданаш найрангу хиёнатҳои рӯзгори бозидеҳро бисёр дида буд, китф ҷунбонда гуфт: - Дар хотирам нест, ки он вақт чӣ гуфтаму чӣ коре кардам.
- Дили шуморо намедонистам, - гуфт Загорский. - Лекин ман ба ӯ нишон гирифта будамӣ чӣ шуд, ки тирам нарасид.
Нигоҳи онҳо ба ҳам бархӯрд. Чернов фаҳмид, ки рафиқаш ҳам мисли ӯ рафтор кард. Ҳақиқатро нагуфт.
Хандида роҳашонро давом доданд. Сойчаеро, ки дар тағаш як бел барин оби лойқа равон буд, гузаштанду Пётр гуфт: - Александр Николаевич, шунида будам, ки Амони калтаро ба баталиони сарҳадӣ гирифтаӣ, лекин ман дигар ӯро надидамаш.
- Ӯро гирифтанӣ будаму розӣ нашуд. Модарам пир гуфта баҳона кард ва рафт. Лекин як чойхоначии шинос дар Когон, номаш Сӯҳроб, гуфт, ки як моҳ зиёд шуд Амон гуфтани собиқ сарбозатон дар ҳамин ҷойҳо мегашт. Пай бурдам, ки мақсаде дорад. Боре дарун даъват кардаю меҳмондорӣ карда, гап гирифтам. Гуфт, ки ин ҷо Беҳрӯзи Бекзода гуфтанӣ босмачиро кофта мегаштам. Шиносҳояшро ёфта маълумот гирифтам. Чанд нафар ҷавони худашмонандро ба гап даровардаю ба Афғонистон рафтааст. Ман акнун аз пасаш равонам. Онро ёфта бояд хун ба хун кунам. Чунки рафиқи маро кушта буд.
- Бар қасоси Манучеҳр ин корро мекардааст?
- Бале, бо Манучеҳр ҳарду ҷура буданд-ку.
Сӯҳроб гуфтааст, ки агар ӯро ёфта кушӣ, савоби ду дунёро мегирӣ. Вай дар Когону дар Бухоро ҳам бисёриҳоро ранҷонда буд. - Оҳ, калта, чӣ қадар кинагир будааст, - Пётр ҳайрон шуд ва пурсид: - Пас рафтааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор