Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Калтаҳо кинагиранд...
Пётр ба аломати тасдиқ сар ҷунбонду лаҳзае пас лабханд карда гуфт:
– Он Суҳроби чойхоначиро ман ҳам мешиносам. Ба гуфти худашон шайтони бо саллаю дастор аст. Ба сари бисёриҳо об рехт.
– Худамон шайтонаш кардем. – Чернов бо тамасхур ба рӯи Пётр нигарист ва бо оҳанги дурушт илова кард: – Ҷон ширин.
Ҳоло борон ба тамом мондааст. Абрҳои пуроби дар баландиҳои осмон буда ҷониби шимол ҳаракат доранд. Тарафи қибла кушода, офтоб намоён аст. Кӯдакҳои сари тутҳо фуромада каме даву тоз кардаю боз ба ҷойҳояшон баромаданд. Мисле, ки мурғон ба лонаашон бармегарданд.
Саворон қатори тутзорро гузаштанд ва Чернов гуфт:
– Рӯзи шанбе ду баталионро оварда, якеро дар Саройкамар, дигареро дар Шаҳритус ҷой карда, симчӯбҳо шинондан мегирем. Бигузор ин ҷо алҳол ду гузаргоҳ шавад.
– Ҷойи хоб куҷо мешавад? – пурсид Загорский.
– Дар пеш тобистон. Ин ҷо дигар хунукии сахт намешавад. Ҳам корро ба роҳ мемонему ҳам хобгоҳ месозем.
Дар саҳни мактаби навпӯшида талабаҳоро диданд, ки қатор шеърхонӣ доранд. Чернов аспашро дошта, ҷониби онҳо нигарон гуфт:
– Чӣ хуш аст, вақте ки самараи коратро мебинӣ.
– Чиро дар назар дорӣ? – Пётр маънои сухани рафиқашро нафаҳмид.
– Медонӣ, Пётр, ҳар вақте ки пешравию тараққие дар ин халқҳо мебинам, дилам тасаллу ёбад. Ифтихорманд мешавам, ки дар ин кор мо, русҳо, шарикем.
– Камбудӣ ё, ба гуфти рафиқ Ленин, қачравиҳо ҳам шуданд-куя. – Пётр хандид.
– Камбудию қачравиҳо шуданд, - Чернов бо бурутҳояш даст бурд. - Аммо ҳақиқат ин аст, ки инқилоб подшоҳои худкомаро аз байн бурд, бойҳоро, ки аз пулу мол маст шуда одамро одам намеҳисобиданд, ба решаашон несту нобуд кард. Боз муҳим он аст, ки фикру андешаи мардум дигар шуд. Аз хурофоту бозмондагӣ, ба мактабу дониш рӯ оварданд. Бубин, кӯдакон бо чӣ гуна фараҳмандӣ ба мактаб мераванд. Дар ин ҷо деҳаҳое буданд, ки як нафар саводнок надоштанд. Ватанашон ободу зиндагиашон хуб шавад ва фаҳманд, ки кадр пайдо кардаанд, пас худашон мегӯянд, ки инқилобу ислоҳот зарур буд... Русҳо кори хуб карда будаанд.
– Ту гуфтани, ки маҳбаснишинии Николай Димитриевич (бобои Черновро дар назар дорад) бесамар набудааст. - Пётр синчакорона ба рафиқаш нигарист.
– Ҳар вақте, ки аз ҳаёти бобоям андешам ин фикр ба сарам меояд. Боз фикр мекунам, ки зироат дар чор-панҷ моҳ, дарахт дар як сол пазад агар, барои пухтани фикри одам сад сол лозим будааст.
– Э мон-е! Фикрҳое ҳастанд, ки баъди ду дақиқа иҷрояшон мекунӣ.
– Дар назар дорам фикри дигар кардани ҷамъиятро. Ҳамон ҳам, агар рӯшанфикрҳо собитқадам бошанд. Рӯшанфикрҳои Русияи мо таассуби ғарб карда муқобили деҳқонон рафтанд, банду зиндон диданд, теғ хӯрданд ниҳоят

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор