Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
инқилоб карда он дигаргунӣ ва баробариеро, ки дар халқ меҳостанд дар амал татбиқ карданд, ҳалолашон бод.
Загорский чизе гуфтани шуд, ки Чернов пешдастӣ кард:
-
Пётр, ба назарам, аз он зарбулмасалҳое, ки дар дафтарат ҷамъ мекунӣ, кори илмӣ кунӣ, хуб аст. Кадом халқҳоро чӣ гуна фикрҳо ё чӣ гуна одамон дар чанд муддат дигар карданд.
-
Оҳ-о! Ин кори мушкил, лекин кардан мумкин, ба шарте ки маро ҳозир ҷавоб медиҳӣ.
-
Не-е, сарҳадро бандем, пас,- гуфт Чернов ва ба чашмони рафиқаш нигариста афзуд:- Гуфта будӣ, ки аз ҳаёти декабристҳо китоб менависам, канӣ китоб?
-
Канӣ китоб,- Загорский лабханд кард.- Александр Николаевич, ин кор чунон мушкил будааст... Дар аввал осон менамояд, вақте ки ворид мешавӣ, худатро мисли шахси дар домани кӯҳи сарбафалак, ки тавоноии баромаданашро надорӣ, ҳис мекунӣ.
-
Воҳима накун. Чияш мушкил?
-
Гӯш кун: Ин як қуввае буд, ки тамоми Русияро ба ҷунбиш овард. Ин инқилоб ҳам аз ҳамон манша мегирад. Он қувваро, ба хусус дохили онро, ба он бузургӣ шарҳу тасвир карда тавонистан... Фаҳмидӣ, чияш мушкил?
Чернов бетафовут китф ҷунбонда гуфт:
-
Лев Николаевич Толстой ҷанги соли 1812-ро ба он бузургию паҳноии таърих тасвир кард...
-
Лев Николаевич ҳам аввал мехост ҳамин воқеаро нависад,- Пётр табассум кард.- Лек чӣ шуд, ки аз баҳраш гузашт.
-
Мон ин гапҳоро,- Чернов даст афшонд.
Онҳо пайраҳаро гузашта, ба роҳи калон баромада як гурӯҳ гурезаҳоро диданд, ки ҷониби сарҳад мераванд. Дуртар аз онҳо қаландаре танҳо, оҳиста-оҳиста қадам мезанад. Мисли ки дилу бедил меояд.
-
Пурс, аз куҷо омадаанд,- Чернов Степанро ба назди онҳо фиристод. Маълум шуд, ки аз Тошканду Ҷиззах якчанд оила омадаанд.
-
Гардон, ба ҷойҳояшон раванд,- афзуд Пётр.- Вагарна он тараф мегузаранду пас аламзада шуда, бар зиддамон тиру туфанг карда меоянд.
-
Инҳоро гардонда намешавад,- гуфт Чернов.-Як моҳ зиёд роҳ гашта ба ин ҷо расидаанд. Мумкин хонаашонро фурӯхта омадаанд.
-
Ду моҳ роҳ гашта бошанд ҳам, гардондан лозим.
-
Ҳафтаи дигар қарори ҳукумат мебарояд, пас ҳаққи гардонданро дорем.
Ин вақт Чернов қаландарро, ки наздик омада буд, шинохт. Соле, ки ба юриши Бухоро мерафтанд, ӯро дар баромади Самарқанд дида буд. Он вақт ҳавои гарми тобистон буду дарвеш чор яктаҳу чор миёнбанд, кулоҳи намадии нӯгтез дошт, чорукҳои сад ямоқаш мисли хурчин дар китф партофта буд. Ҳоло борон шудаю замин тар бошад ҳам, як яктаҳи тунук дар тан дорад. Ҳамаи корҳои ин тойфа намоиш аст. Ангезаи ба дарвеш гуфтугӯ кардан дар дилаш боло гирифт. Аз асп фуромада ба Степан фармуд, ки аилро сахт кунад ва худаш наздиктари дарвеш рафту байнашон чунин гуфтугузор сурат гирифт.
- Ассалом, дарвеш, дар ин беғоҳирӯз ба куҷо сафар дорӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор