Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарвеш ба ишора ҷавоби салом дода, роҳашро давом дод.

  • Дарвеши Худо, баъди ҳашт сол акнун вохӯрдему ду дақиқа сӯҳбат мекунем?

Дарвеш боз ҳам чашмашро бегона кард, сари асо истода ба атроф нигарист. Гӯё фаҳмиданӣ буд, ки ба куҷо омадааст.

  • Қаландархонаатон дар Самарқанду шумо ин тараф меравед?
  • Қаландархона ҳам аз об он сӯ гузашт.
    Чернов кинояро фаҳмида бошад ҳам, худро ба нодонӣ зада пурсид:
  • Чӣ хабарҳо мебарӣ, дарвеш?
  • Чӣ хабаре, ки Худованд меҳрубонӣ кунад.
  • Хабарҳои нохушанд?
  • Он ҷо барноҳо меоянд: аз Баҳораку Бомиёну Балх. Ин тараф аз Бохтар Бухорои мо ҳам сар мезананд. Аз ҳоли ҳамдигар, аз ҳоли замона мегӯему мешунавем.

Чернов саволашро такрор кард.

  • Чӣ хабар мебарӣ, дарвеш?
  • Чӣ хабар? – дарвеш сар хам кардаю бо тамасхур гуфт: – Он ҷо ёрон аз рӯй ранг бину ҳол пурс, худашон ҳамаро мефаҳманд. – Дарвеш сар бардошта аввали маротиба ба рӯйи Чернов нигоҳи кӯтоҳе андохту афзуд: – Шукр, ҳама ба фаҳму идроканд.

Дар сухани дарвеш ҳам киноя, ҳам таънаю ғазаб ҳис мешуд.

  • Хабар мебарӣ, ки русҳо азобмон медиҳанд?
  • Мегӯям, ки роҳи Бухорои нозанинро русҳои базаҳкор бастанд, – гуфт дарвеш ва оҳи бадард кашид, чашмонашро пӯшида, овоз баланд накарду ба савт, худаш шеър хонд:

Диле, к-аз маърифат нури Худо дид,
Ба ҳар чизе, ки дид, аввал Худо дид.

Мисли пеш оҳиста қадам задаю ба роҳаш рафт ва ба мақом мисраи дувумро такрор кард: «Ба ҳар чиз-е, ки ди-д, ав-в-а-л Ху-д-о д-и-д!»
Чернов ба дарвеш дигар кордор нашуд.
Баъде ки дур шуданд, ба суханони «Мегӯям, ки роҳи Бухорои нозанинро бастанд», сарфаҳм рафт. Хабар мебарад, ки роҳи сарҳадро бастаанд. Бубин, қарори ҳукумат набаромадаасту ин аллакай хабар мебарад!

Дами офтоббаро Мансур аспашро ба дарё андохта, гарданашро молиш додаю далер карда бо нимовоз гуфт:

  • Рӯшан, мушоҳида кардӣ, тирамоҳ даромада бошад ҳам, ҳанӯз об калон аст. Агар ҳаво боз ҳамин гуна гарм истад, аҷаб нест, ки боз ҳам калон шавад. Ӯ фикр кард, ки ҳар дафъа ба лаби дарё ояд, мисле ки бо ҳарифи аз худаш нерумандтаре
пешина
аз 613
навбатӣ