Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
гӯштин мегирифта бошад, дилашро ваҳм зер мекунад. Ба ҷазира баромаданду Мансур боз ба аспаш муроҷиат кард:
– Рӯшан, пеш хӯҷаинат раҳматии Андрей буд, худат ҳам медонӣ. Вай ҳам ҷавони хуб буд. Пас ман туро ба ҷои аспам гирифтам. Вай аспи писарам Баҳодур буд. Лекин ту дон, ки ман як зарра туро аз вай кам намебинам. Кам донам агар, ба соҳил нарасам, акнун бовар кардӣ?
Назари Мансур ба анҷомҳои ба ҳар тараф партофтаи фирориён бархӯрд. Касе ҷуволи пурбор, касе хурҷин ё сандуқашро партофта рафтааст. Баъзеҳо анҷомҳоро то ин ҷо меоранд, пас зӯришон мекунад (хар ё асп дарёро гузашта наметавонад), ба умеде, ки баъд меоранд, партофта мераванд. Аммо ба Афғонистон ки медароянд, чунон овораю саргардон мешаванд, ки дигар ин коло ба ёдашон немерасад. Сипас ду-се моҳ мегузараду дарё калон мешавад ва ҳамаро гирифта мебарад.
Рӯшан пай мебарад, ки суханони хӯҷаин ба ӯ дахл доранд, гарданашро баланд бардошта, чобук ба шоҳоби пешомада медарояд: мехоҳад зудтар ин дарёи парешону сарду дилбазанро паси сар карда ба чойхонаи Ғуломҳайдар равад. Он ҷо Рӯшан ҳам мисли хӯҷаин дам мегирад.
Ду шоҳобро мегузаранд, дар шоҳоби сеюм, ки чуқуртар аст, Мансур аспро ба рафти об андаке уреб мегардонад. Ба назари Мансур менамояд, ки дашту дарахтону кӯҳҳо ва абрҳои осмон — ҳама якҷоя шуда дар об шино карда, пеш-пешаш мераванд. Нигоҳашро ба хушкӣ мегардонад ва аз дилаш мегузарад, ки чор сол шуд, ки дар роҳи байни Саройкамару Афғонистон он тараф то Қурғонтеппа равуо дорад. Ин дафъа қарор дода буд, ки то Бухорою Самарқанд меравад, лекин натавонист. Фаҳмид, ки роҳҳо аз ҷанги босмачию баталионҳои аскари сурх хатарноканд, аз Қурғонтеппа бо дили кашол пас гашт.
Ба ҷазираи нисбатан калонтаре, ки дарахтони хурду бузург дошт, омад ва мушоҳида кард, ки дар ҳар тараф гулҳои осмониранги то зону ҳеста ин ҷо зиёданд. Инҳоро гули «пиёда» мегӯянд. Дар салқинҳои тирамоҳ мешукуфанд. Пеши назараш симои писараш Ҷовид пайдо шуд. Ӯ ин гулҳоро бинад, хурсанд мешавад. Ин дафъа то соҳил ҳамроҳи Кучибой омада, падарро гусел кард. Дар ду соле, ки дар мактаби интернат мехонад, тамоман дигар шудааст. Овозаш ғафс шудаю қад ёзондааст. Гоҳе ки мерафтааст, ҳаёти интернат маъқулаш аст. Бо шодию ҳавасмандии кӯдакона аз тарзи дарсдиҳии муаллиму дарсҷое, ки мехонанд, нақл мекунад. Ба Чернову занаш чӣ қадар эҳтирому эътизоз дорад!... Номашро гирад, даҳонаш пури асал мешавад. Соли гузашта ба хонааш бурдаю бо зану фарзандонаш шинос карда будааст. Хонааш дар дохили гарнизон будаасту як писару як духтар доштааст. Занаш Мария Николаевна аз худаш меҳрубонтар будааст. Ҳар гоҳе равад, наздаш хӯрок гузошта, маҷбур карда меҳӯрондааст. Ҳангоми гусел дар ҷайбаш конфет мемондааст. Ин фикрҳо ба дили Мансур ҳам фараҳмандӣ меоранд, ҳам ким-кадом гӯшаи нозукашро меҳарошанд. Намехоҳад, ки Ҷовид ба онҳо сахт дил бандад. Мабодо худашон барин кофиртабиату динбезор кунанд.
Ба шоҳоби охир наздик омаду аспро дам доданӣ шуд. Вале Рӯшан ист накарда, худро ба дарё зад. Мансур ҳам кордор нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор