Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло чоштгоҳи калон шудааст, ҳаво сафедабри шамолнок аст. Мансур дар рӯбарӯ дар байни шохоб ҷавонеро дид, ки оҳиста қадам зада меравад. Мисл ки дар таги об чизе меҷӯяд. Ҳайрон шуд: “оё хунук намехӯрад?” Андешид, ки яқин заб дар ҷазирае хоб карда, пагоҳӣ ба роҳ баромадааст. Ҷавон чанд қадам гузошту гӯё лажжида афтид. Ва ҳамоно калавида бо қарахтӣ хест. Оби байн аз соқи мӯзаҳояш баландтар аст. Мансур суръати аспро тезонда дид, ки ҷавон бо чашмони калон кушода ҷониби соҳил нигарон аст. Пай бурд, ки аз хунукӣ шах шуда мондааст. Чеҳраи сафеду қабудшудааш ба назараш шинос намуд. “Оё аспаш қувват мекарда бошад, ки ӯро ҳамроҳ гирад? ” Дар ин дам кӣ будани ҷавон ба хотираш омад. Чор сол пеш дар соҳили тарафи худашон ӯро дида буд. Аз хаймаи Абдуллоҳони ҳуқандӣ баромада, барои алафи асп мерафт, ки ин ҷавон бо падараш аз рӯбарӯ омада, аз куҷо нон гирем, гуфта пурсиданд... То соҳил ҳамагӣ ҳашт ё нуҳ қадам мондааст. Мансур аз ақиби гиребони ҷавон бардошт, ки асп калавидаю қариб ҳама меафтиданд. Мансур ларзидани бадани аспашро ҳис карда, овоз дода аспро далер кард: “Рӯшан, худата дор! Рӯшан, ҷонам шавӣ! Ин ҷавонро монда равем, мемурад!...” Рӯшан қадамашро метезонад, гоҳе мекалавад. Мансур хавотир мешавад, ки асп мабодо ақибсуна нишинад. Ҳар чи аз об баромаданд. Аммо ҷавон ҳамчунон қарахту беёд аст. Мансур назди чойхона аз асп фуромада, ӯро пеши бағал бардошта ба паҳлуи бино гузашт ва дари хоначаи самоворчиро кушода даромад. Самоворчӣ марди қоматбаланди сиёҳчӯрдаи афғон, рӯйи гилем чорзону нишаста пул мешумурд. “Яқин Ғуломҳайдар, соҳиби чойхона, аст,” Мард Мансурро дида, оташин шуд”
— “Чаро ин ҷо даромадед? Бароед аз ин ҷо! Ва “Набихон!”- гуфта овоз баланд кард.
— Дарёро гузаштам, ки ин ҷавон дар байни об шах шуда рост истодааст, партофта гузашта натавонистам ва бардошта овардам.-Мансур нигоҳашро аз Ғуломҳайдар намеканад.
— Бардошта назди ман меоред? Ман табибам ё беморбин?! Бароед аз ин ҷо! Аз Набихон дарак нашуд. Мансур ҳарчи дилҷӯёна гуфт:
— Шуморо ғоибона мешиносам, акаи Ғуломҳайдар. Шуморо марди бадоду диҳиш мегӯянд, ғарибпарвар мегӯянд.-Дар чеҳраи афғон дигаргунӣ мушоҳида карду болои ғӯлачӯби назди дар нишаста афзуд: -бандаи Худо, дилам нашуд...
— Бандаи Худо! Оламро банда зер кардааст! Ман кафили ҳамаи инҳоро гирифтаам!
— Мансур хомӯш истод. Дар овози афғон он шиддати пештара набуд. Ӯ ба хона назар андохта дид, ки дар як тараф сандуқҳои гулкорикардаро рӯиҳам гузоштаанд, рахти хоби Ғуломҳайдар ҳанӯз набардоштааст. Дар паҳлуи дар боз сандуқи калонтарест. Ин гуна сандуқҳои гулкоридор бештар маҳсули ҳунари устоҳои Бухорост. Яқин инҳоро аз гурезаҳо харидааст, шояд партофта рафтаанд...
Афғон ба шиддат пулҳои шӯравию рупияҳои афғониро бардошта, ба рӯймол андохт ва аз ҷояш хеста, бо оҳанги аз пештара ҳам шиддатноктар гуфт:
— Дилатон нашуд... Дар чор соли аввал ман инҳилиҳоро бисёр ба ин ҷо овардаю ба по мондам! Хаста шудам! Ва фикр кардам, ки пеши ин балои осмониро

пешина
аз 613
навбатӣ