Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданДовари корсоз худаш нагирад, мани банда наметавонам... Балки ғазабашро меорам!
- Акаи Ғуломҳайдар, барака ёбед, баробари онҳо ба ҳаминаш ҳам некӣ кунед. Ҷавон будааст! Худо ба дилам андохту бардошта овардам.
Ғуломҳайдар нафаси чуқур кашидаю рӯяш дард кашидагӣ барин шуд, — “мо-нед ин ҷо!” гуфта, ба рӯи гилем ишора кард ва ба чеҳраи ҷавон зеҳн монда бо оҳанги мулоимтар пурсид: — - Урус аст?
- Тахмин урус, — гуфт Мансур ва ин дафъа дар нигоҳи афғон як навъ накуҳиш ва ризояти ба ҳам омехтаро дид.
Афғон ба кори худ усто будааст. Аз тоқ гилеми мӯйини оҳариро кушода, ҷавононро бараҳна карда, дар он печонид. Фармуд, ки бо равғани кӯҳнаи зард ҳалилоб карда оварданд. Худаш ба он гармдорую боз ким чи навъ гиёҳи хушбӯе ҳамроҳ карда, ба даҳони бемор рехт.
Мансур мушоҳида кард, ки он ҷавони танадоре, ки дида буд, лоғар шудаю нимаш намондааст. Фикр кард, ки дар ин чор сол инҳо куҷо гаштанд? Падараш куҷо шуд? Шояд ҳамроҳ буданду ӯро дарё бурд?
Ғуломҳайдар ҳалилобро ба даҳони бемор рехта гуфт: “Шаб ин ҷо хоб ме-равад. Иншооллоҳ, пагоҳ ба по хеста ҳамроҳатон давида меравад.”
Мансур пул дароз кард.
Ғуломҳайдар сар ҷунбонда бо ҷиддият гуфт: — Дар чунин корҳо пул наме-гиранд. Ба Парвардигор хуш намеояд.
Мансур миннатдорӣ изҳор кард, баромаду алаф харида назди аспаш партофт, пас болои кате, ки канортар буд, ҷой гирифт. Аз он, ки ҷавонеро аз марг наҷот дод, сабукӣ ҳис кардаю дилаш лабрези шодӣ шуд. Зимни ҷойнӯшӣ назараш ба сандуқи дар гӯшаи ҳавлии чойхона афтид, ки зери чанг мондааст.
Ғуломҳайдар рӯйи ҳавлӣ баромада нигоҳи Мансурро ҷониби сандуқ дида гуфт: - Ин сандуқ китоб дорад. Шоире аз Самарқанд онро ин ҷо монду “пагоҳ улог оварда мебарам”, — гуфт ва ду сол зиёд шуд, ки даракаш нест.
- Ман аз Самарқанд, вай кӣ будааст? Номашро нагуфт?
- Гуфт, ки шоирам, Хубӣ ё Хубон гуфт. – Ҳамин қадар медонам.
Мансур лаҳзае андешаманд шуду сар ҷунбонд: “Не ин гуна шоирро на-мешиносам” гуфт. - Ягон донишманд пайдо шавад китобҳоро медиҳам, — гуфт Ғуломҳайдар. — Ин ҷо беҳуда нобуд мешаванд. — Ӯ байни саҳн омада бо коргараш дар сӯҳбат шуд.
Мансур хӯрок хӯрда хестанӣ шуд, ки Ғуломҳайдар наздаш нишаста гуфт: - Бародар, Мансур, коргарони ман маҳсули устогии шуморо дар куҷое дидаанд ва хуб таъриф карданд. Ман фармудаи шуморо иҷро кардам. Акнун шумо талаби маро ба замин нагузоред.
- Аз дастам биёд, албатта, иҷро мекунам, — гуфт Мансур ва фикр кард, ки шояд аспашро талаб мекунад. Аспро пурсад, дода намефонад.
- Дар шафати чойхона боз ду хона ва як ҳавлӣ сохтаниям, — гуфт Ғуломҳайдар ва намои табассум кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор