Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мансур фикр кард, ки дар бадали чор-панҷ моҳ ин корро карда метавонад. Аз ин ҷо Ҷовидро зуд-зуд дидан мумкин. Ва шояд то он вақт роҳҳо бехатар мешаванду ҳамзамон ба Бухоро меравад.

  • Фармудаатонро иҷро мекунам, — гуфт Мансур. — То Мазори Шариф рафта меоям, пас корро шурӯъ мекунем. Иншооллоҳ, то баҳор хонаатонро сохта медиҳам.

Ба корҳои Мансур Юра ёрӣ медод. (Ҷавони русе, ки аз дарё раҳонида буд). Юра бо хоҳиши худ назди Ғуломҳайдар мондааст. Дар чойхона кор мекардагу номашро Юсуф мегуфтанд. Вале сохтмони хонаҳо нимбуд монданд. Мансур як моҳ кор карду боре аз сабабе, ки тахта нарасид, бекор монд, лаб-лаби соҳили Ҷайҳун тамошо рафт. Офтоб ба ғурубгоҳаш рафта буд. Баъди борони дирӯза ҳама ҷо об задаю озода менамуд. Дарё холо ба ҳадди ниҳоӣ нишастаю мисли шахси мондашуда оҳиста равон аст. Дар соҳил ҷоии найи қади асп хеста дон бастааст. Ҷоие вагничу сопликҳоро гулбуттаи ғарқигулишуда пӯшондааст. Онҳо аз дур мисле, ки сарандози сафед гирифтаанд менамоянд. Дар ҷазираҳои хурду бузурги қади дарё алафи донбастаю зардшуда хоб аст. Фақат бедҳои аз бех ғунча барин шоҳзадаю паҳншуда ва як-як ниҳолакони чинори худрӯй сарсабзанд. Шохобҳои каб-кабуд ва паҳну парешони дарё то дуриҳо мераванд. Дар он сӯи соҳил замини ба наздикӣ ободкарда намоён аст. Ниҳолаконаш мисли лола менамоянд. Баргҳои рехтаи таги дарахтон ҳам сурханд. Мисле ки кӯрпачаҳои сурх партофтаанд. Дарахти чинори сершохе, ки дар тори теппа қад афрохтааст, се ранг дорад. Нӯғаш зард шудааст, байн зарду сабз омехта, поёнаш батамом сабз аст. Аз дур, мегӯй, рангинкамонест, ки аз замин баромадааст. Зеҳн монӣ, поёни аксари дарахтҳо ҳанӯз сабз асту нӯгашон зард шудаанд. Мисле ки пешонибанди зард бастаанд. Аз афташ зимистон хунук меояд. Деҳқонҳои нишонадошта мегӯянд, ки дарахтҳо, ки аз нӯг зард шуд, зимистон хунук меояд.

Мансур ба роҳ даромад ва ба дилаш омад, ки дар он сӯи об занест ба номи Зулайхо, ки Мансурро дӯст медорад. Ҳангоме ки ӯро дар Бухоро монда рафт, зан ҷониби Ҷовид гуфт, ки маро фаромӯш накунед. Дар ин тарафҳо ба ғайр аз шумо кӣ дорам? Охир ин сухан маънои “Мансур, ман интизоратам гуфтанро дорад!” Мансурро шавқмандии дидори зан чунон безобита кард, ки дигар чизе ба назараш нанамуд. На кори нимбуди Ғуломҳайдар, на роҳи пурхатари Бухо-ро. Боз фикр кард, ки магар занеро, ки нағзаш мебинӣ, дар як шаҳри ношинос партофта меоӣ? Кӣ медонад, домодаш омад, наомад? Вуҷудашро хавотирие, ки оромаш намегузошт, фаро гирифт. Ақиб гашту зуд еми аспҳоро дода, намози асрро хонд, ҳарчанд “ҳамкорон бевақт шуд, пагоҳ меравед” гуфтанд, гӯш на-карда аспро ба дарё андохт. Ба деҳаи Новдонак ба торикӣ даромад. Сағҳо дар ҳар тараф ғавго доштанд. Атрофи хонаҳо аспҳои бастаро дида, пай бурд, ки кадом дастаи муҷоҳид барои шабгузаронӣ ба деҳа омадааст. Аспро дуртар дар паноҳие басту аз дари пушт ба хонаи Кӯчибой даромад. Кӯчибой бо янгаи Каромат ва як марди ғуландоми чашмкалон дар табақҳои чӯбин шӯрбо мекашиданд.

Хонаатон пури меҳмон, ба ягон ҷои дигар меравам,-гуфт Мансур.

пешина
аз 613
навбатӣ