Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳоло ҳама хонаҳо ҳамин аҳволро доранд,- Кӯчибой кафлеси дасташро монда хеста ба меҳмон оғӯш кушода, салом кард.

Мансур андешид, ки Кӯчибою занаш ҳар вақт ӯро бо меҳрубонӣ пешвоз мегиранд. Раҳмат ба онҳо.

Кӯчибой гӯштро ба табақҳо тақсим карду ҷониби ғуландом афзуд: - Холдорбек, ба меҳмонҳо гӯӣ, ки нон кам шуда бошад, ба ҷояш гӯшт хӯранд, заҳрашон шавад. Худат ҳам наздашон шин.

Хеста аз тоқи берун пӯстак дароварда назди оташдон партофту ҷониби Мансур гуфт:

  • Ин ҷабборзадаҳо ҳазору ду ҳазор шуда ҷиҳод мекунанд. Ҷиҳодашон сарашона хӯрад. Ҳоло ба деҳаҳои ҳамсояҳо равед ҳам, ҳамин ҳолро мебинед. Шуморо дар хонаи хобамон ҷой мекунам.

Холдорбек омада хабар дод:

  • Худашон тамба шуда нишастаанд. Ҷои нишаст нест.

  • Тамба шудаанд! - ғуррид Кӯчибой. - Ақл медоштед, камтар меомадед. Дар ин шаби зимистон бисттои шуморо кӣ метавонад саришта кунад? Мардум барои худаш ҳезуми аловӣ намеёбад. Ӯ оби боқимондаи таги дегро ба корсоне, ки гӯшт дошт, рехта ду порча гӯшти таги кафгир мондаро ҳам ба карсон партофта ба Холдорбек ишораи нишастан карду афзуд: - Шумо шӯрбои бе нон мехӯред.

  • Ба меҳмонҳо расад, мо хӯрдагӣ ҳисоб, - гуфт Холдор.

Мансур ба рӯи Холдор нигариста дилаш таҳ зад: чеҳраи рафидамонандаш аз шамолу шӯриш сиёҳ шуда ҳар ҷо кафидааст, чашмонаш сурх, ришаш пешуна қат шудаю чунон бенур аст.

Янгаи Каромат нимта нон оварда назди меҳмонҳо гузошту гуфт:

  • Хӯрдану бурданашон як бало, акнун аз бӯю тафашон ба ин хона як ҳафта даромадан намешавад.

  • Холдор хешамон мешавад ва дарди диламона мегӯем. Хеши занам, барои ҳамин нағзаш мебинам, - гуфт Кӯчибой хандида.

  • Пасттар гап занед, - холаи Каромат ҷойи дамкардаашро назди Мансур ниҳод.

  • Бист нафаранд? - пурсид Мансур.

  • Камтаранду аз қаҳрама бист мегӯям.

Қӯчибой як тика думбаи дар таги дег мондаро гирифта назди Холдор гузошту нимҷидию нимшӯҳӣ гуфт: — Соли гузашта ҳам ду маротиба омада будед. Ду маротиба омадеду ҳама буду шуди мардума рӯфта бурдед. Ва ҷониби Мансур афзуд: — Вақти хунукии зимистон буд, ки ҳаждаҳ нафар зер карда даромаданд. Занамро фармудам, нон пухт. Худам ду шишак куштам, якто барои шаб, якто барои сақарашон. Пеш аз субҳ ду нафараш ба оғил даромада, як ҷориро нишон доданд, ки инро кушта гӯшташро паз, ҳамроҳ мебарем. Гуселашон кардаю як моҳ дуои бадашон кардам. Ба инҳо дуо ҳам таъсир намекунад. Ана, имрӯз офтобшин буд, ки боз мисли вулқоне, ки аз пеши дарат мехезад, пайдо шуда хонаро пур карданд. Хоҳ нохоҳ иммашон ҳам мефармоянд, ки як гӯсфанда кушта паз, ки мо ҳамроҳ барем. Ва иддаҳо ҳам мекунанд: “Мо ба аскари куффор маоф дорем!” Ё суханам нодуруст, Холдорбек.

пешина
аз 613
навбатӣ