Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Порсол, вақте ки ба деҳа даромадем, аз ҳазор нафар зиёд будем,- овоз ғафси Холдорбек мисли ки дар гулӯяш дар монда мебарояду ба касе нигоҳ намекунад. Дунбаро газида як даври даҳон гардонда, фурӯ мебарад. Аз паҳлӯи оташдон латтаи хокистарудеро ёфта лабону дастонашро пок карда афзуд: Ҳоло шашсад нафарем. Дар чор деҳаи атроф тақсим шудем.

  • Агар одамон чизи хӯрдан надошта бошанд чӣ?- пурсид Мансур.- Баъзеҳо мол надоранд-ку.

  • Набошад, рӯзи сиёҳ,- гуфт Кӯчибой,- соҳибхонаро “марди бетаҳу бебарака” будӣ” гуфта, хонаашро тагу рӯ карда, ҳар чизе маъқулашон ҳаст, мегиранд.

  • Рост аст, ки ними аскарашро Афғонистон роҳӣ кардааст? - Мансур лабу рӯйҳои Холдорро, ки латта сиёҳ карда буд, дида нафраташ омад.

  • Рост, ду ҳазора роҳӣ кард.-Холдор рӯи ҳам орук дода афзуд: -Фармуд, ки дар тарафҳои Баҳораку Бадахшон ҷой шаванд. Таъкид кард, ки лозим шавад, боз фарёд мекардааст.

  • Худаш зудтар каму гум мешуд,-гурунгид Кучибой.

  • Тахмин мекунам, ки худаш ҳам меравад,-гуфт Холдорбек.-Чунки имсол мо дар кӯҳҳо азоби сага кашидем. Деҳаҳо мефароем, нон яктараф, роҳамон намедиҳанд. Рӯзҳое шуд, ки решаи алаф мехӯрдем.

  • Дар тарафҳои Қӯрғонтепаю Кӯлобу дигар ҷойҳо наздик омаданашон намемонанд,-гуфт Кӯчибой овозашро паст карда.- Дар деҳаҳо дастаҳои ихтиёрӣ ташкил кардаанд. Қӯшуни рус ҳам ба дастаҳо тақсим шуда, дар байни деҳаҳо ҷойи будубош кардааст. Муҷоҳид ба деҳа дарояд, дарҳол хабар ёфта ҳамакаса шуда мезананд. Мондааст Лақайи худашону деҳаҳои атрофи Саройкамар.

  • Пас чаро ҳамроҳи вай мегардед?-гуфт Мансур.-Партофта равед.

  • Намешавад,- Холдорбек аз байни чӯбҳои паҳлуи оташдон латтаи партофтаашро гирифта дастонашро пок кард:-Намемонанд, мепаронад. Ба ҳамту ҳам имсол аз панҷоҳ нафар зиёд гурехт.

Янгаи Каромат Холдорро хушдор дод.

  • Ба латтаи хокистардор даст пок накунед, вай рӯбаки оштон аст, ман дигарашро меорам.

  • Ба инҳо хокистардораш хуб аст,- гуфт Қӯчқорбой.

  • Иброҳим дар ҳамин деҳа бошад?-пурсид Мансур.

  • Намедонам, вай бо сад-дусад нафар наздикони худаш мегардад. Сардори гурӯҳи мо Мавлонназар.

Қӯчқорбой чизе гуфтанӣ шуд, ки Холдор пешдастӣ карда афзуд:-Айби муллоҳои атрофи Иброҳимбек ҳам ҳаст. “Ту ғозӣ, ту пушту паноҳи мо ту муҷоҳиди роҳи ислом” гуфта бардор-бардораш мекунанд. Мо гӯш ба гӯш мешунавем, ки ҳар вақте аз Амир Олимхон хат мегирифтааст: “Муллоиброҳимбеки ғозӣ, фаромӯш накунед, ки шумо ба ҷои моед. Насиб бошад, ба наздикӣ мо бо қӯшуни калон меоем. Ва хизматҳои шуморо қадр хоҳем кард ” гуфта хабар медодааст. Лекин чор сол гузашту ба истиснои ду дафъа кам-кам тир роҳӣ карданаш на аз худаш дарак ҳасту на аз қӯшунах. Иброҳими сода ба ин гуфтаҳо бовар мекунад.

  • Ишқи Бухоро аз дили амир кам намешавад,-гуфт Мансур.
пешина
аз 613
навбатӣ