Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Иброҳимаш бошад, худро ҳимоятгари дин, подшоҳ ба ҷои Амир Олимхон мепиндорад. – Кӯчибой ду чойҷӯши овардаи занашро болои олов монда, илова кард: – Ин умедҳои аҳмақона ҳеҷ аз дилаш намеравад.

Ин дам янгаи Каромат даромада хабар дод, ки ду нафар меҳмон ҳастанд.

Кӯчибой аз тоқ косаеро назди Мансур ниҳода гуфт: “Ин ҷо чарбӯи буз ҳаст, ба мӯзатон молед, об намедарорад”. Пас, ҳамроҳи Холдор берун баромаданд.

Мансур ба янгаи Каромат муроҷиат кард.

– Ҷовид аз мактаб пагоҳ меояд?

– Пагоҳ шанбе аст, намеояд. Рӯзи якшанбе меояд.

– Келин, раҳмат ба шумо, ки ӯро нигоҳубин мекунед.

– Худаш бачаи хуб. Ҳар корро ақлаш мегирад. Ҳоло камсамол шудааст. Аз камсамол шудагиаш чунон хурсанд...

– Аз берун садои Кӯчибой омад: “Холдорбек, шишаки оғила бароварда сар буред, гӯшта меандозем, ки пухтан гирад”.

– Илоҳо гӯшти шишакам шикаматона тешук кунад! Илоҳо аз аспҳо пареду муред! – янгаи Каромат меҳмонҳоро дуо кард.

Субҳдам Мансур хост барвақт ба роҳ барояд, ки Кӯчибой намонд: – Дар роҳҳо дидбон доранд, – гуфт. – Доранд, ҷосус гуфта тир мезананд. Мансур он рӯз тоқат карду субҳи рӯзи дигар раҳакӣ шуд. Як ҳафта роҳ гашта ба Душанбе омад. Дар постгоҳи даромади Душанбе дошта гуфтанд, ки рафта аз ҷои истиқомат справка меорӣ.

– Шумо хуш доред, то Саройкамар дар понздаҳ-бист рӯз рафта меоянд, – гуфт Мансур.

Сардори дидбонҳо чашмонашро ало карда ба лаҳни русӣ пӯписа кард: “Мабодо басмачӣ нестӣ?!”

Мансур пас гашт. Як ҳафта роҳ гашта ба коргоҳаш чойхонаи Ғуломҳайдар омад. Ҳаваси сафар дар дилаш хунук шуд. Хонаю ҳавлии Ғуломҳайдарро сохт. Юра-Юсуф маъқулаш шуд. Ҷавони абчири баҳуш будааст. Ғуломҳайдар ҳам аз вай розӣ буд. Соҳибкор фармуд, ки боз як ҳавлӣ созонанд. Онро ҳам буд карданду Мансур охири тирамоҳ ба сафар баромад. Аввал справка гирифт. Справкаро Кӯчибой овард. Гуфт, ки шумо минбаъд Отабоев Кӯчибой, истиқоматкунандаи деҳаи Новдонак, колхозчии колхози ба номи Чапаев мебошед.

Ду моҳ ба ҳавлии афғонҳо дар шаҳрҳои пори дарё (он сӯи дарё) гашта, пас ба Афғонистон баргашт. Дар роҳ фаҳмид, ки Иброҳимбек бо аскараш гурехта ба Афғонистон рафтааст.

Инак, Мансур дарёро гузашта дар ҳавлии чойхонаи Ғуломҳайдар, ки худаш устой карда буд, болои кате нишаста, аз натиҷаи сафар ҳам шоду ҳам ношод чой менӯшид. Аз болои тухмбирён боз чой фармуд. Пас, мисле ки аз худ ҳисоботи сафар талаб мекарда бошад, бо овози шунаво гуфт: “Мансур, дар ин ду моҳ, ки дар Шӯравӣ будӣ, ку, гӯй, чӣ дидию чӣ шунидӣ?” Ва бафурҷа чой гардондаю дар замираш бо худ даргутугӯ шуд.

– Ҳавасмандии дидори Зулайҳоро доштӣ, рафта дидӣ. Вале ин дидорбинӣ ғаму ҳасратро зиёд карду кам не. Духтараш Меҳрупон пешвозат гирифт. Туро дида кӯдак барин хурсандӣ кард. “Амак, куҷо шудед? Рӯзе набуд, ки шуморо ёд

пешина
аз 613
навбатӣ