Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
накунем. Модарам мудом, “аз афташ ба амакат кору ҳоле шуд, шояд одамҳое, ки додота бурданд, он касро ҳам бурданд,” гуфта худашона хӯрданд. Аз падараш пурсидӣ. Маълум шуд, ки Мирзоумед ду соли аввал дар Қазоқистон будаасту пас ӯро ба ким-қадом ҷойи дури Сибир бурданд, ки дар се-чор моҳ як маротиба хаташ неомадааст. Ва дар ҳар хат маро мепурсидааст, ки чӣ кор карда гаштааст? Зулайҳо тарафи намози аср аз тӯйи кадом ҳамсоя омад. Туро дида аз ҳаяҷон сурх шуд ва ба ханда гуфт: “Гуреза, омадед? Мудом фикр мекардам, ки ин акаам (бале, акаам гуфт) ба Душанбе меравам гуфта, куҷо шуданд? Аз одамон мепурсидам, ки Душанбе дур аст? “Ду ҳафта роҳ аст,” мегуфтанд. Ё душманашон карданд, ё ба Афғонистон рафтанд, мегуфтем ба худамон.
– Афғонистон нарафтаму лекин то сарҳад рафтам, -гуфтию хурсанд будӣ, ки зан бароят пазмон шудаю рӯбарӯят чун каси маҳбуб сӯҳбат мекунад.
– Аз рафтавиатон чор сол гузашту як хабар надодед!-Дар оҳанги сухани Зулайҳо ҳам таъна, ҳам меҳрубонии занона ҳис мешуд.
– Рост мегӯед! Охир ин замонаро бинед, ҷаллод барин аст, гуфта худро сафед кардани судӣ. Ҷовидпо пурсид. Ҷавоб додӣ, ки “Ҷовид холо марди калон, мактабхон. Мудом мепурсад, ки кай назди холаам меравем?”
– Ҳавай ёд накунад...-Гуфт Зулайҳо ва бештар сурх шуд. Ту ин дафъа меҳрубонии занро бе ҷавоб намондӣ. “Не-е, чаро? Ман ҳам ҳар рӯз, ҳар шаб шумоёнро ёд мекардам,”(ба ҷои шумо «шумоён») гуфтӣ.
Меҳрубон гарм шудани сӯҳбататонро дида, ба баҳонаи «чой монам» халтаи дастовез овардаатро бардошта, ба хона даромад.
Зулайҳо ҳам дигар истиҳола накарда, халтаи дигарро бардошта афзуд: «Рафтем, дар хона чой мекунам, берун салқин».
Аз шавҳари Меҳрубон Фаррух пурсидӣ, маълум шуд, ки ӯ дар маорифи шаҳр кор мекардаасту аз ҷои кораш чандрӯза Самарқанд фиристодаанд. Меҳрубонро ҳам дар он ҷо ба кори хоҷагӣ гирифтааст.
Он бегоҳ то ними шаб сӯҳбат кардед. Онҳо аз воқеаҳои Найзаварон (Саидҷони нияпини Мирзоумед ягон-ягон омада мерафтааст) ва ту аз аҳволи деҳаҳои атрофи Ҳисор аз ҳаёти гурезаҳои дар роҳҳо дидаат нақл кардӣ.
Пеш аз хоб Зулайҳо либосҳои Мирзоумедро дода гуфт, ки инҳоро пӯшеду либосатонро кашед, ки шӯям. Розӣ нашудӣ. Метарсидӣ, ки мабодо дар либосат шабушк бинад. Чойхонаю корвонсаройҳое, ки хоб мекунӣ, бе ин ҷондор нестанд. Вале зан маҷбурат кард. Қариб худаш либосатро мекашид. Рӯзи дигар тарафи бегоҳ аз шаҳр омадӣ, ки Зулайҳо рӯйи ҳавлӣ танҳост. Дар танаш ҳамон мунисаки кимхоб ва рӯймоли сабзе, ки бори аввал дар Найзаварон дида будӣ. Зулайҳо кӯрпача бароварда, дар суфаи таги тут чой кардани шуд, ки бозор рафта биём, пас мешинем, гуфта баҳона кардӣ. Эб надидӣ бо зан танҳо бошӣ ва аз болои дарвозаи ба тани девор хобонда ҷомаатро гирифтию (ҳамон дарвозае, ки сабаби зиндон кардани Мирзоумед шуд) беихтёр ба гап андармон шудед. Сӯҳбат аз бобати фарзандон рафт. Вай аз Ҷовид пурсид. Ту аз зиндагии Меҳрубон таҳқовӣ кардӣ. Зулайҳо гуфт, ки ба шавҳараш зиндагиашон бад нест. Ба ҳам ишқу меҳрубониҳо доранд. Лекин фарзанд нашуд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳавотирам. Ту занро тасалло додӣ. Гуфтӣ, ки ману Бибигул низ баъди чор сол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор