Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
фарзанд ёфтем. Пас бозор рафтию суҳбати дирӯзу имрӯз гашта-гашта пеши назарат меомад. Дар тарзи гуфтор, табассум, тобиши нигоҳ зарраҳои муҳаббат меҷӯстӣ. Ва онҳоро дар ҳар ҳарфаш пайдо кардаю курта-курта гӯшт мегирифтӣ.
Аммо аз шаҳр барака парида буд. Ба назарат бештари одамон бегона, гурусна ва нодидаю номаҳрам менамуданд. Он бозорҳои пуру паймоии Бухоро, ҷойхонаҳои пуродам холӣ буданд. Ҳама чиз қимат буд. Ба хусус нон камчин буд. Дар ҳама ҷо одамон аз ташкили колхоз ва кори колхоз бо тарсу ҳарос норозӣгӣ мекарданд. Ту ба таҳлука ба пасу пешат нигариста ду рӯз дар шаҳр гаштию дигар набаромадӣ.
Бегоҳи рӯзи дувум Меҳрубон нимшӯхию нимҷиддӣ як хабари аҷиб гуфт: ҳангоми падарашро бурдан як одами нуғайнусхаи НКВД ба хонаашон даромадаю чашмаш ба модараш афтидаю ошиқи зор шуда будааст. Баъди табъид кардани падараш чанд маротиба ба хона омадаю, ман шуморо нағз дидам, ба тарзи мусулмонӣ тӯй карда ба ватанам мебарам, гуфтааст.
– Ба ватанаш мебурдааст?! - гуфтию дар ғазаб шудӣ.
– Се моҳ сари ҳафта, баъзан тезтар пайдо мешуд, - гуфт Зулайҳо шармида. Дарвозааш мезад, ки мефаҳмидам ҳавай аст. Баромада “ба дари ман набиё! Ба раҳат рафтан гир!” гуфта дарро сахт мепӯшидам. Боре ғазабам ҷӯшиду чӯб гирифта ба дари ақиб баромада зани Нусратбойи ҳамсояро ҳамроҳ гирифта, дукаса омадему ба сараш дод задам: «Гум шав аз дарам, бадзот! Ду дунё як шавад, сари тирам кунед, ки ба рӯйи ту даридачашм нигоҳ намекунам!» Ақиб - ақиб аз дарвоза баромаду бо ҳамин пойю қадамаш канд.
– Даридачашмаш гуфтӣ, - гуфтию хандидӣ.
– Рост-дия! Як аҷнабӣ ба дарат биёяд, аламат намекунад? Бекасӣ ҳамин-дия, - гуфт Зулайҳо бо маломат ва ҷониби Меҳрубон илова кард: - Дару деворамон ҳам паст. Шабҳо дилам ваҳм мекунад.
Ту дар чор рӯз ҳам дарвозаи навро шинондӣ, ҳам давродаври девори ҳавлиро бардоштӣ. Аз шавку ҳавасмандии дидори зан мисли ҷавони бистсола гирумон мекардӣ. Хестагию гуруснагӣ ба хотират немерасид. Ва ҳамзамон аз он, ки зан ба ту амонат супурдагӣ аст, худро мисли шахсе, ки пояш баста асту дур рафтан наметавонад, ҳис мекардӣ. Ва маълум буд, ки зан ин ҳамаро пай мебурд. Чунки баъзан бо дилсӯзӣ, баъзан ошуфта ба тарафат нигаристанашро медидӣ. Ва ту ҳамон вақт дарк кардӣ, ки мояи ин ҷаҳон ишқ будааст, агар дастрас набушод ҳам, дилат пури шодист.
Боре Зулайҳо ҳамроҳи чой дар коса тути кӯфтаю мағзи чормағз оварду ту шаби моҳи рамазонро ба ёд овардӣ. «Дар хотир доред, Мирзоумедро гусел карда омадему талқони тут ва мағз монда гуфтед, ки...» Зулайҳо бо завқ хандида, суханро аз даҳонат гирифта, аз худ: «Ман берун истода, «ҳоло субҳ надамидааст! Ҳоло вақт ҳаст, ба ҳузур хӯред!» мегуфтам. Ту ҳам баробараш хандида гуфтӣ: «Ман бошам, меандешидам, ки инро бинед-а, барои ман шуда хоҳарам пеши субҳро медоранд...» Пеш мудом «келин» гуфта муроҷиат мекардию ин дафъа «хоҳарам» гуфтӣ. Зулайҳо синаашро доштаю хандида гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор