Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Шумо чашмамро хато карда, ними туту мағзро дар коса рехта, дар 1 баланд гузоштаю гуфтед, ки «келин, хеле хӯрдам, раҳмат!.» Ман он косаро баъди се рӯз дидам.
- Давутозатонро дида нахостам, ки дар ҳиҷолат монед,-гуфта бародарам механдидед.
Он рӯзи муборак он лаҳзаи ширин ҳарду мисли ҷавонони навошиқ аз ҳусну суханони якдигар лаззат бурда, шодӣ мекардед. Баъдтар Зулайхо чойниколаро бардошта гӯйе дар изофаи суҳбат бо оҳанги маъюсона гуфт:-Чӣ кор мекунӣ, моҳӣ бо об зинда, одам бо дӯст».
Ин суханҳо туро аз қайди амонату ахлоқ берун андохтанд: дар баданат даромадагӣ барин шуду шӯру шароити ҷинсиро, ки мудом пӯшида медоштӣ хато карда чун фаввора ба осмон парида дарунат оташ гирифт. Саросема куртаи шустаи дар мелоқ тунуккардаро даст пок кардӣ. Дар ҳамин асно аз канор, гӯшаи ҳавлӣ садои ҳавлноке баланд шуд, гӯйе гилеми ҷамъкардаро аз бом ба замин тофтанд. Ин садо лаҳзае пеши қасдатро дошт. Дар дақиқаи дигар Меҳру вориди ҳавлӣ шуд. Он ҳаваси чӯшонат, ки занро рӯйи даст бардошта, аз тори қадамаш бӯса заданӣ будӣ, дар дилат санг шуда монд.
Оҷаю духтар, ки ба хона даромаданд, ту худ ба худ дар гуфтугӯ шудӣ: «Зулайхо, агар шавҳарат сухани «амонат»-ро ба забон намегирифт, ба ҳеҷ кас нигоҳ накарда ҳозир мулло оварда никоҳ мекардамат. Охир ту медонӣ, сухани «амонат» барои мо мусулмонҳо мукаррам аст. Онро касе гуфту дигаре пазируфт ин монанд ба он аст, ки дукаса атрофи моли номбурда садди мусадад барафрохтед. Агар шахси пазируфта онро шикаст, ҳам он мол шикастаю ҳам пош мехӯрад, ҳам ба худаш зарар мерасад. Хубаш ин, ки мо аз муҳаббати ҳамдигар сӯхтаю пухта гардему ба амонат хиёнат накунем».
Мансур намедонист, ки он лаҳза зан ба хона даромада ба ҳавои хонаро тартиб даровардан дар замираш ба ӯ муроҷиат мекард: «Намеомадӣ охир. Ту амонат супурдагӣ мегӯю худата дур мегирӣ. Лекин намедонӣ, ки худи рафиқат меҳри сабилатро дар дилам ҷой карда буд. Дар хотират будагист, суҳбате кардем, ки «ба кадом хона мардикорӣ равем, ба дигарҳо кордор не, ба ман зеҳн мемонанд» гуфтӣ. Мирзоумед гуфт: мебинанд, ки шумо марди озода, аз дигар гала омада ҳаводор мешаванд. Ман ҳам он лаҳза ба рӯйи марди «аз дигар гала омада», нигаристаму меҳрат дар дилам ҷой гирифт. Баъде, ки Мирзоумедро ба Сибир карданд, он меҳрро ки пӯшида медоштамаш раҳо шуд. Чун оху аз қафас парид, сар ба кӯҳу ҳомун зад ва дигар тоби доштанаш накардам...
...Бегоҳии рӯзи шашум Асрорӣ омад. Боз ду рӯз истодию пас роҳи сафар гирифтӣ. Ба онҳо гуфтӣ, ки аввал ба Самарқанд медарой, пас ба Душанбе рафта Човидро меорӣ. Ҳамаи он чизе, ки бо он зан дидию гуфтеду шунидед, ҳамҷоя аст. Аз ин дидорбинӣ бори ҳиҷронат кам не, балкӣ кӯҳ барин шуд. Акнун то дами марг онро гирифта гард, чӯра.
Мансур оҳи цигарсӯз кашида, ҷойи хунукшударо пошид, ҷойи гарм рехт ва боз бо худ дар гуфтугӯ шуд. - Пас ба Самарқанд, ба он диёри азизе, ки ба дасти душман афтидааст, равон шудӣ. Асрорӣ бо ароба рафтанатро фаҳмида (ҳоло дигар корҳо барҳаво)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор