Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
хӯрдаю аробакаш бисёр шудааст) маслиҳат дод: «Амак, худатонро азоб надода ба поезд равед. Дар куҷое, ки ҳуҷҷат пурсранд, справкаи ҷои истиқоматро нишон диҳед. Мабодо касе пурсад, ки дар Тошканд чӣ кор доред? Гӯед, ки бародарам касал шудааст, диданӣ меравам. Пурсад, ки дар куҷои Тошканд, гӯед, ки дар Чумчуқарал. Чумчуқарал аз Тошканд понздаҳ-бист километр берун аст. Дар он ҷо телефон нест, ки занг зада пурсранд».
Дар поезд касе кордор нашуд. Лекин тамоми роҳ дар таҳлука будӣ, ки мабодо гирананд. Рӯзи сеюм сиҳату саломат ба Самарқанд фуромада аввал ба гузари Дари Занҷир рафтӣ. Хостӣ бинӣ, ки аз ғӯладинг дар хона кӣ мондааст? Аввал дари Абдурашиди рангрези ҳамсояатро задӣ, то ки аз онҳо ҳавои кор гирӣ. Зани ношиносе дарро кушода гуфт, ки Абдурашид хонаро ба мо фурӯхта, ба гузари Ҳавзи Сангин рафтанд. Он ҷо хешашон зиндагӣ мекардааст. Пештар рафта дидӣ, ки дарвозаи хонаат кушодаю одамон даробуро доранд. Дар дохил ду тараф ҳаракҳо монда одамон нишастаанд. Маълум шуд, ки хонаро коргоҳи суди шаҳрӣ кардаанд. Аммо дару девор, чунон ки пеш буд, барҷоянд. Дар хонаҳо мизу курсӣҳо мондаю шапкапӯшу ягон-ягон салладорҳо машғули кор. Дар хонаи хоб марди тоссаре сарҳам китоберо варақ мезад. Он ҷо бо Бибигул хобу хез карданатро ба ёд овардию лаҳзае карахт шуда мондӣ. Аз он хона садои ҳарфи Бибигул ба гӯшат неомад. Пас дили бирён байни дарахтҳо омадӣ. Зардолуи маҳтобиеро, ки дар гӯшаи тарафи чап буд, буридаанд. Фақат кундааш мондааст. Падарат мегуфтанд, ки ин дарахтро Мансури аввала шинондагӣ аст. Як саду сӣ сол умр дорад, як завод барин ба мо маҳсулот медиҳад. Ҳамаи авлоди моро ном ба ном медонад. Баъзе дарахтҳо сурх шудаю буғузак кардаанд. Ба назарат менамуд, ки дарахтҳо, дару девор воқеаҳои ба сарат омадаро медонанд ва ба меҳрубонию дилсӯзӣ ба сӯят менигаранд. Зиёд наистодӣ берун баромада фикри хандаоваре ба сарат омад: «Ягон падарлаънатӣ ин ҷо нишаста, фикр мекарда бошад, ки ин хонаи кӣ буд? Соҳибаш ба замин рафт ё ба осмон?»
Бегоҳӣ ба хонаи боҷаат Аббос рафтӣ. Балки ба хонаи Суман-хоҳарарӯсат. Охир вай хоҳари Бибигул аст. Як ҷо калон шудаанд. Таги як кӯрпа хобухез кардаанд. Нишону овози ошноро аз ӯ ҷӯӣ будӣ. Вале тират хок хӯрд. Аббос «биёед, биёед» гуфту ба пешвозат хест. Гуфтораш самимият надошт. Суман ба пешвозат омад: гӯё ҳайрон шуда буд, ки ман нохост аз куҷо пайдо шудам. Вай тани сергӯшт ва чеҳраи мисли гули сафеди маснӯӣ дорад. Пай намебарӣ, ки дарунаш чӣ мегӯяд. Баъдтар Сумандухтараш Маҳина дар бораи фаранчипӯшӣ бо овози баланд баҳс карданду Маҳина гапашро гузаронда, камзули сурх пӯшида бефаранчӣ ба бозор рафт. Дилтанг шудию зиёд нанишастӣ, корам ҳаст, боз меоям гуфта хестӣ. Суман аз пас омада гуфт: «Ин чӣ омадан? Ман ҳоло дег намондаам, Ҷовидро напурсидаам. Ҳоло дар куҷост?...» Не, дар Суман заррае он гармии гуфтору самимияти Бибигул нест! Ҳатто овозаш монандӣ надорад. Рост мегуфтаанд, ки ҳар гулеро як бӯе.
Шаб дар хонаи Абдурашид хуфтӣ. Хонааш дар ҳамсоягии Ҳоҷӣ Неъмати ошнои падарат будааст. Дар хонаи Абдурашид занаш Назира ва ду духтари қадрасаш буданд. Абдурашид бо писараш дар Дарғот (боғҳои берун аз шаҳр) обмону посбон будаанду ду рӯз шудааст, ки шаббош рафтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор