Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба мансурӣен монандӣ дорад! Ба гуфти Бибигул нигоҳаш ҳам меҳр дорад, ҳам истеҳзо кардаю аҳмақат мекунад. Домодат Шодибек худро ким-чи хел бетавофут вонамӯд кард. Мисле ки ту меҳмони туфайллӣ бошӣ. Ва боз ҳам димоғи нозукат сӯхт. Болои чойнӯшӣ, баъде ки духтарат тақсимчаи шириниҳоро пеши шавҳараш тела дода «чашида бинед,» гуфт, пиёлаи чойро ҳамту мондӣ ва худатро маҷбур кардаю ба кӯдако як соат барин машғул шуда нишастӣ. Пас бо баҳонаи ба поезд билет дорам, хестӣ. Дигар ба «додоҷон, ақаллан то пагоҳ истед» гуфтани духтарат, ки оби дидааш чун аз новдон мерехт, эътибор надода вогзал омадию дар толори сард, болои тахтаҳо саг барин азоб кашида шабро саҳар кардаю роҳи бозгашт гирифтӣ.

Дар постгоҳи Қӯрғонтеппа огоҳ карданд, ки справкаи аз колхоз гирифтаат ба дасти босмачиҳо наафтад, ки азобат медиҳанд. Боз гуфтанд, ки роҳи Саройкамар дар дасти Мастигул-босмачист. Соли гузашта ин роҳро Алӣ-полвон бо дастааш соҳиб шуда буд. Ӯро аскари сурх зада нест карда буд. Имсол Мостигулаш пайдо шудааст.

Дар Қӯрғонтеппа ба як гурӯҳ гурезаҳо ҳамроҳ шуда ба роҳ баромадед. Дар даромади деҳаи Панҷбед босмачиҳо пеши роҳатона гирифтанд. Бори харакиҳоро кандану ду нафар аспакиро ба як хонаи беҳавлӣ дароварданд. Он ҷо се нафар саркардаҳо менишастанд. Чашмҳошон чун даҳони камон ба сӯят менигаранд. Намудашон чунон бад, ришҳошон то таги чашм пур шудааст. Наздикашон рафта намешавад. Аз танашон бӯй ҳафт ҳар меояд. Аскари сурх пешатро гирад, наметарсӣ. Аз инҳо метарсӣ.

Як харобаи морсар қамчин гирифта ҷонибат пӯписа кард:
– Паат, чиба аспа намедиҳӣ?! Ё ҷосуси болшевикӣ? Дурӯғ гуфтӣ, рӯдаҳота дар сарат салла мебандам! Маро Мастигул мегӯянд. Шунидагӣ ҳастӣ?!
Худатро ба нодонӣ зада гуфтӣ: «Додар, ман аз Самарқанд аз дасти болшевик ба дод омада гурезонам. Чӣ медонам, ҷосусаш кист? Чӣ кор аз дасташ меояд.»
– Ба дод омада бошӣ, ин ҷо меистию ҳамроҳи мо бо онҳо шамшерзанӣ мекунӣ! – Морсар Мансурро ҳамчуҷон ба афсун гирифта меистод.
– Охир ман шамшера надида бошам, ҷанга аз куҷо медонам, гуфтӣ ва пай бурдӣ, ки пӯписааш барои аспатро гирифтан аст. Ва ҳамту ҳам шуд.
Баъди гуфтушуниди кӯтоҳе Мастигул гуфт, ки аспатро мону гум шав. – Толеъат баландӣ карду саратро нагирифтам! Ду хурчин тӯша доштӣ, ҳамаро гирифтанд. Ду даст ба бинӣ уф-уф гуфта ба хонаи Қӯчқорбой омадай. Вай бо онҳо шинос будааст, рафта аспата овард. Хӯрчинҳоро бо тӯшаҳояшон надодаанд.

Ҷавоне иҷозати нишастан пурсиду фикрҳои Мансур парешон шуданд. Ӯ баландтар гечид ва мушоҳида кард, ки чоштгоҳи калон асту дар чойхона мизоҷон зиёд шудаанд. Ҷавони иҷозатпурсида хӯрчини китфашро ба пояи кат овезон кард барои чой рафт. Мансур гуфтушунидеро, ки дар замираш ба худ дошт, ҷамъбаст кард:
– Лекин ту, чӯра, беҳуда аз домоду боҷаат хафа шудӣ. Аввал ин ки духтарро моли хонаи кас мегӯянд. Халқ ин суханро аз таҷрибааш гуфтааст. Худат хуб медонӣ, ки барои Бибигул ҳам аввал ризоии ту буду пас ризоии волидайну дигарҳо. Духтарат нусхаи модараш. Ва боз аз хотират набарор, ки ту дар рӯйхати

пешина
аз 613
навбатӣ