Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

давлаташон душманӣ. Онҳо метарсанд, ки душманро дар хонаашон роҳ диҳанд.
Ту инро ба назар бигир. -Мансур ҷойи хунукшудаи пиёларо нӯшиду оҳанги хестан кард. Фикрҳояш мисли аспи ба ҷавлон омада боз лука гирифтанд:

Аммо аз шунидаҳо сухани Кӯчибой аҷиб буд. Баробари рахти хоб партофтанаш гуфт:

  • Ду ҳафта пеш барои духтарам Шарофат хостгорҳо омаданд. Ба онҳо гуфтам, ки худамон дар хона ҷавони наврас дорем, рост-дия.- Ва мувофиқи одати дерин қақаррос зада хандиду байни хона рост истода пурсид: «Чӣ гуфтед?
    Дуяшон ба ҳаждаҳ даромаданд. Насиб бошад, тӯйашонро тарафҳои тирамоҳ ё соли дигар барпо мекунем.»

Ту дар ин маслаҳати ногаҳонӣ дармондию «Ман чӣ мегӯям, ҷавонон розӣ бошанд, ман розӣ» гуфтӣ. Пагоҳӣ болои ҷой ки шуд, ба дасти Кӯчибой пул қапонда, “чизе лозим шавад, меҳаред” гуфтӣ. Ҳамин ҷо хомӣ кардӣ. Пул додан маънои онро дорад, ки маслаҳатро якҷоя пазондед. Бояд мегуфтӣ, ки Ҷовид мактабашро тамом карда ба кор дарояд, пас зан мегирад. Пул додаю ин корро ба гарданашон мондагӣ барин шудӣ. Акнун Ҷовид “не” гуфта наметавонад.
Хуб, ҳар чи шудани буд, шуд. Ба гузашта салавот гӯю мон.

Мансур аз кат поён шуда мушоҳида кард, ки аксари муштариён овораҳои тарафи худашон. Баъзеҳоро аҳён-аҳён дар ин роҳ мебинад, ки равуо мекунанд.
Шояд онҳо низ мисли Мансур ба ватан дилкашолие доранд? Ва ҳама изтиробзадаю мушавашҳотиру рӯҳшикастаю қоматхамидаанд. Нигоҳи баъзеҳо ҷониби он сӯи дарёст, баъзеҳо рӯ ба марсияхонҳои таги дарахтон. Ҳоло марсияхонҳо ҳам дигар, марсияҳошон ҳам. Бештар фалакӣ мехонанду аз бемурувватии фалак гила мекунанд.

Мансур аз назди онҳо гузашта ҷониби аспаш рафту ба худ муроҷиат кард:
“Ҳоло куҷо меравӣ, ҷӯра?” - Алҳол рост ба хонаи Низом - махдум меравӣ.
Маслиҳат мекунеду дар Қундуз замин гирифта, ҳамин тобистон хона мепӯшед.
Ва минбаъд кори дуредгариро давом медиҳӣ, усто Мансур. Ин ҷо мардуми хонапӯш зиёд аст. Пули хуб медиҳанд. Дар масъалаи ба Афғонистон овардан ё наовардани Ҷовид боз се-чор сол тоқат мекунӣ, он тараф маълум мешавад.

Нуралии гуреза «як сол ним сол гашта меоям» гуфта буду шаш сол пас, боз ҳам ҳангоми гандумдарав, бо ҳамон роҳи омадааш ба домани теппаҳои сойи Ҳумо омаду ин дафъа ба деҳа надаромада дар каҳдоне, ки дар гӯшаи боғашон буд, қарор гирифт. Каҳдоне, ки чизу чораи пиҳонкардаашро аз он ҷо дуздила буданд. Вай дар ин муддат пиёдаву савора хеле шаҳрҳои дуру наздикро гашт. Як муддат дар кори Канали калони Фарғона ҳам кор кард. Афғонистону Эронро ҳам гашта баромад. Панҷ моҳи охир дар яке аз деҳаи назди соҳили Афғонистон қарор дошт. Хуб азобу уқубати ғарибиро кашиду пас ба нияте баргашт, ки дар ватан ҳар ҷазое, ки раво бинанд, бинанду лекин дигар ба ҷое нахоҳад рафт.

Инак рӯзи сездаҳум буд, ки гоҳе дар каҳдон, гоҳе ба сойи Ҳумо боло шуда
дар авулҷои паси теппаҳо хоб мерафт. Ӯро бештар занашу Мирзошариф хабар

пешина
аз 613
навбатӣ