Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
мегирифтанд. Мирзошариф харсавор ба баҳонаи боғашро об додан рафта ногумон карда наздаш медаромад.
Дар деҳа навигариҳо бисёр шуда буданд. Лекин ягонтои онҳо ба нафъи Нуралӣ набуд. Колхоз шудааст. Аз он артели пештар кардаашон сад бор бадтар. Ҳама молу замини мардумро ба зулму зӯри якто кардаанд. Замину боғи Нуралӣ ҳам дар дасти колхоз будааст. Ҳама баробар ба кор рафтаю аз кор неомадаанд. Бе иҷозати раис касе аз деҳа баромадан наметавонистааст. Дородори бойҳо ҳанӯз бас нашудааст. Соли гузашта пеш аз колхозвиашон Тӯйчиро ҳам бой кардаю зиндон карданд. Гӯё вай дар ин шаш соли охир пулу моли бисёре ҷамъ карда будааст. Сангов ба вай хеши доштаасту заррае ёриаш накадааст. Сангов аз пештарааш ҳам бадтар шудааст. Ҳангоме ки ҳалқа ҷамъ карда колхоз мешавем, мегӯянд, одамон ба як руснусхаи аз район комиссия шуда омада рӯирост гуфтаанд, ки раисамонро дигар кардан лозим, чунки пешбарии корро намедонад. Ба одамон мудом ба таҳдид сухан мекунад. Вай гуфтааст, ки Сангов ба армияи сурх хизмат кардагӣ аст. Дар муқобили суханаш касе чизе нагуфтааст.
Ба он каҳдони торик зани Нуралӣ — Гулрӯ рӯздармиён меомаду аз ин қабил нақлҳо мекард.
Нуралӣ рӯзҳоро ба сахтиҳо мегузаронд. Лекин шабона аз каҳдон баромада ин тараф он тараф мерафт. Дар рӯзи сездаҳум Гулрӯ дертар омад. Банди алафи дар сараш овардаро партофту болояш нишаст.
Нуралӣ ба як нигоҳ пай бурд, ки занаш ошуфта аст, дар дил сухане дорад. Зан то ки мардро хавотир накунад, худро бепарво вонамуд карда гуфт:
-
Имрӯз беҳад гарм шуд. Гандуми замини Олимбойро дарвидем.
-
Одам бисёр буд? Гандумшон хуб аст?
-
Нағз барин. Ҳоло бисёр заминҳо надаравида.
-
Ба Анвар дилам месӯзад. Бачаи бечора дар офтоби сӯзон ба қатори мардҳо медаравад.
-
Келину Моҳрухсор имрӯз рафтанд?
-
Ҳа, дар хона касеро намемонанд. Дар гузари мо Одинаи лусро пайкор мондаанд, то кор рафтаната даҳбор дари хонаат меояд.
-
Ҷавонҳо ба ҳам созанд? Келин маъкулат ҳаст?
-
Соз, панҷ моҳ шуд, ки ба ҳам зиндагӣ доранд. Мирзошариф ини худӣ ки ҳастанд, ҳам духтарашона доданд, ҳам сар шуда тӯйро гузаронданд.
-
Ҳама арӯсахқоро кор мебароранд?
-
Ҳа, ҳашт нафари имсол арӯсшуда ҳама дар коранд. Аз рӯзи душанбе ба дашти Сурхӣ мераванд. Гандуми замини худамонро медараванд.
Нуралӣ аз шунидани хабаре, ки заминаш дар дасти колхоз аст, дилаш шуввӣ карда рафт. Дигар ба он замини офтобию ҳосилхез Нуралӣ ҳақ надорад.
-
Дарун медаромадем аз чашм паноҳ.
-
Торик нашуда равам, хӯроки гова диҳам, - гуфт зан ва ба рӯи шавҳараш зеҳн монда, «шумо чӣ тавр?» гуфт пурсид ва афзуд: - Бевақт шавад ҳам, ба дасти Анвар хӯрок мефиристам ё худам мебиёрам. - Сухани охири зан оҳанги норизоӣ гирифт. Ба ҳар ҳол ба Нуралӣ чунин намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор