Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Гулрӯ, ту монда шудӣ, кори колхоз, кори хона ба болояш ман… – Нуралӣ дасти занро гирифта хезонд.
— Шимо? – Оҳанги сухани зан боз меҳрубон шуд, – шумо тинҷ бошед, ба мо давлат. Диламон пур, ки шумо ҳастед. Файзмуҳаммади бечора мурд. Хонааш титу парешон шуд. Писари калонӣ дар зиндон, боз як хурдиҳошон чӣ касалӣ шуду мурд. Занаш мудом наво меандозад.
Зан қарор дод дар каҳдон хабари овардаашро мегӯяд. Онҳо вориди каҳдон шуданд. Аз каҳдон бӯйи арақи тан, бӯйи коҳ ва бӯйи чакаи турушшуда меояд.
Дар як гӯшаи каҳдон панҷ-шаш банд бедаи порсола. Ин тарафтар каҳ тунук кардаю аз болояш пустак ва ҷомаи Нуралӣ партофта. Ин ҷои хоби Нуралӣ.
Як шаб Гулрӯ ин ҷо ҳамроҳи шавҳар хоб рафта буд. Занро аз он шаби дар ин чангу чаркинӣ бо тани нимбараҳна хоб рафтааш нафраташ омад. Фикр кард, ки то кай Нуралӣ ба ин ҳоли шармовар мегардад? Худашу фарзандонаш пинҳонӣ омада мераванд? То кай ҳама бо тарсу изтироб рӯз мегузаронанд? Ӯ дар болои чӯби пушти дар монда амонат нишасту гуфт:
– Гандуми паси хона сафед шудааст. – Анвар барои дарав карданаш ҷавоб пурсид, бригадир мегӯяд, ки то гандуми колхоза надаравем, ба касе ҷавоб нест.
– Имшаб рафта медаравамаш, – гуфт Нуралӣ бо ҷиддият.
– Шӯхӣ кардам, ин корро накунед, – гуфт зан.
– Нуралӣ дасти занашро ба кафи дасташ дошта, хост пурсад, ки чӣ хабар овардӣ? Вале худро дошт. Мабодо рамидаю суханашро дуздонад. Ба овоз гиреҳ хӯрда гуфт:
– Гулрӯ, агар наистӣ, то сари чашма гусел мекунам, рафта дам гир.
– Ҳозир нафасама гирам, – гуфт зан ва бори дуюм рӯймолашро кушодаю худро шамол дода бо оҳанги бепарво афзуд: – Баъзеҳо ин ҷо буданатонро фаҳмидаанд.
Мирзошариф гуфтаанд, ки аз пинҳон шуда гаштанашон худашонро рӯшноӣ кунанд беҳтар.
Бар қасди чашмдошти зан Нуралӣ чандон безобита нашуд.
Зан суханашро идома дод.
– Боймуроди хешамон дар роҳ маро дошта гуфт, ки Нуралӣ чаро омадааст?
Равад дигар ҷойҳо. Ҳоло вақти ин ҷо омадан нест. Ба гумонам, вай аниқ мемедонаду аз ман гап гирифтанӣ шуд.
– Бисёриҳо медонанд? – пурсид Нуралӣ.
– Ҳоло камтару… То пагоҳ ҳама мефаҳманд. Деҳаро худатон медонед-ку!
Нуралӣ ба тасдиқ сар ҷунбонд.
– Имрӯз омаданӣ набудаму гуфтам ҳамин сухана расонам, – зан бо ҳавотирию дилсӯзӣ ба рӯи шавҳараш зеҳн монд: – Акнун чӣ мекунед, меистед ё боз меравед? – Зан оҳ кашида ба берун нигарист.
Нуралӣ сухан накард. Нигоҳашро ба заминҳои навободи паси канал, ки соҷо як тӯда зоғҳо ҳанӯз шинухехт дастанд гардонд.
– Боймурод ҳам аъзои фирқа шудааст. Барои ҳамин даму дудаш баланд, – зан нигоҳашро ба рӯи шавҳараш дӯхт. – Ба ӯ гуфтам, ки ман Нуралиро надидаамам, ту дида бошӣ, гапата гӯй.
Нуралӣ дардолуд табассум карда гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор