Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Гулрӯ, ҳангоме ки нияти ба ин тараф омадан кардам, ба худ қарор дода будам, ки дигар гуреза шуда намеравам. Дидам азоби мусофириро. Мирзошариф рост гуфтааст. Баромада худама рӯшод кунам, хуб аст. Зиндон мекунанд, Сибир мекунанд, баранд, корро як тараф кардан лозим.
– Дарҳол номи Сибира нагиред,-гуфт зан бо маломат.
– Дигар роҳ нест. Маро намебахшанд.-Нуралӣ лабханд кард.
– Амаки Умарбой мегӯянд, ки ҳоло мисли пеш сахт намегиранд. Як сиёсат мекунанд, «хоната, говата деҳ» мегӯянд сар медиҳанд.
– Заминамро гирифтанд, моламро гирифтанд, боз чӣ мегиранд?
– Гумон кардед, ки инҳо сер мешаванд? Гап-гап аст, ки хонаҳои навандохтаро гирифта хонаи андоз мекардаанд,-хабар дод зан. –Ин маслиҳата писарамакатон Остон ба калонҳо додааст. «Аз пеши ҳавлӣ девор мебардорем, ҳашт-нӯҳ хонаи хуб мешавад» гуфтааст.
– Ба он гандамодар чӣ қадар некиҳо карда будам,-гуфт Нуралӣ.-Ҳангоми дородор моро дар ҳаммом чо карданд-ку, борон буд. Таги пойҳомон аз об кӯл шуд. Обро он сӯ гардон гуфтам, нагардонд.
– Баъде ки шумо рафтед, худро ба мо ҳам душман рост кард. Дар берун мегуфтааст, ки ман аз ин хел хеш безорам.
– То ин корҳо ҳар рӯз меомад. «Писарамак, кор бошад, фармоед» мегуфт. Гадотаъб, ки буд, хушаш надоштам. Худат медонӣ-ку, дастархон мепартофтем, ки пайдо мешуд. Ҳӯрокаша биёред!- мегӯфтаму ба табақам роҳаш намедодам. ФИСИНа. Рӯзибой саисамона, роҳ медодаму вая не. Дасти равғанолудаша ба курпача мемолид. Ба дастпокун бинӣ пок мекард. Пиёлаи дасташа мегирифтӣ дастаст мечаспид. Дар авлоди мо ингуна беназокат набуд. Вай аз куҷо рӯйдааст? Вай бошад, «акаам рост мегӯянд, ман баднафстаракам» гуфта гапро ба шӯхӣ мебурд.
– Акнун вай шуморо ба табақаш роҳ намедиҳад,-гуфт Гулрӯ ва илова кард:-Шояд ҳамон рӯзҳоро ба дил гирифта будааст.
– Ба Сибир мераваму ба он паст сар хам намекунам.
– Рӯзибой бечора пештар аз колхозӣ мурд. Бемор нашудааст. Ду рӯз хоб мекунаду гап зада-гап зада ҷон медиҳад. Марди басидки хуб буд. Лекин баъди мурданаш занашу фарзандонаш тарафи мо чандон чарх назаданд. Колхоз заминашон дод...
– Чарх назананд, майлаш, танқиду тӯҳматамон накунанд, хуб аст, - Нуралӣ алафро ба пушт гирифта, «рафтем» гуфт ба қатъият. Ба роҳ ки баромаданд, зан гуфт:
– Алафа ба сарам монед худам мебарам. Шумо баъдтар биёед.
Пагоҳӣ, вақти кор рафтан, мардуми деҳа Нуралиро машғули гандумдарав дида, баъзеҳо омада салом мекарданд, баъзеҳо аз бало ҳазар гуфта, гузашта мерафтанд. Писараш Анвар омада, ки ёрӣ диҳад, намонд, «худам медаравам, ту дер накарда ба кори колхоз рав» гуфт. Писари Мирзошариф, - Солеҳҷон ҳам омад, ки ёрӣ кунад, намонд.
Мирзошарифи писартагош аз хона як лаганд нони гарму як табақ маска оварда, дар гӯшаи замин дастархон кушода, одами гузаштаро ба чой даъват

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор