Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
мекард. Мирзошариф аз он хешонест, ки дар рӯзҳои вазнин аз Нуралӣ худро дур нагирифт. Рӯзҳои дар боғ буданаш рӯздармиён бо баҳонаи заминобдиҳӣ хӯрчини бордорро ба ҳар партофта, бел дар китф ӯро хабаргирӣ мерафт. Ду шаб ҳамроҳаш истод. Ӯ ба Нуралӣ чой дароз карда, ба шӯхӣ гуфт:
– Писарамта, инқилоб дили одамонро сахт кардааст, бо маска дилашонро мулоим мекунем.
Хабари ба деҳа омадани Нуралӣ ба Сангов низ расид. Дарҳол ба пешқадамони колхоз Тошев Тош, сардори комсомол Ашӯр-чулоқи писари Раҷаб ва боз ду нафари дигар фармуд, ки зуд Нуралиро ба идора кашола карда биёранд. Баъд тоқат накарда, худ аспи колхозро савор шуда омад.
Дар роҳ Остону Аброр (вай ҳам комсомол) ба ҳайъат ҳамроҳ шуданд. Остон ҳоло мудири анбор аст. Ҳамзамон касе, ки гапу хабари дар байни мардум шударо ба колоноҳо мерасонад, ӯст. Аз ин рӯ дар ғоибаш агенти рақами як ном мегирандаш. Остон тибқи одат раҳораҳ ба овози баланд ҳайбата бардошт.
– Фаҳмидед? Қариб ду ҳафта шудааст, ки ин муштамзӯр дар кахдонаш будааст! Ҳозир аз занам фаҳмидам. Фаҳмидаму ба дилам гуфтам, ки шумохона ҳамроҳ бурда, ба кахдонаш оташ мезанам. – Вай оташ гирифтани кахдону доду фарёди Нуралиро тасаввур карда ба завқ хандид.
Ашӯр сараш ҳам, гап намезанад. Вай дар бачагӣ чанд бор буз дуздида, беруни деҳа бурда, бо ҷӯраҳояш, ба қавли худашон, ҳарифонахӯрӣ кардаанд. Боре домоди Мавлонбой — Амин аз пасаш таъқиб мекунад, ки аз бом хударо мепартояду пояш мешиканад. Баъди он ланг шуда, Ашӯр-чулоқ ном мегирад. Ҳоло Ашӯркомсомол мегӯяндаш. Кӯчаи байнро тоб хӯрданду Ашӯр маккорона табассум карда, аз Остон пурсид:
– Акаи Остон, шумоён писарамак мешававеду чаро сахташ гирифтед?
– Ашӯрбой, тую Аброри комсомола ман додари қиёмати хондагиям: агар ба ҳамин ахд бошӣ, минбаъд маро бо онҳо хеш нагӯй. Бари доманам ба доманашон расад, мебурам!
– Додар нагӯед ҳам, мо сухани шумоя гӯш мекунем. – Аброр озмоишкорона ба Остон менигарад. Маълум набуд, ки Аброр шӯхӣ мекунад ё ҷиддӣ мегӯяд.
– Ҳато накунам, бобохотон бародар буданд, – таҳковӣ кард Ашӯр.
– Бобоҳомон бародар бошанд ҳам, падари вай аз дигар модар.
– Лекин он додарон қобил баромаданд. Ба авлоди Нуралиҳо онҳо сазовортар, – кох-қоҳ хандид Ашӯр.
– Он хонаю дару он молу чиза Нуралӣ бо роҳи истисмор ёфтааст! Урус-большевикҳое, ки омадаанд, беҳуда ин гапро набаровардаанд? Вайҳо илми найранги ин замонаро хуб омӯхтагӣ.
– Бо роҳи истисмор... Хуб баҳона ёфт суд-а! – Ашӯр ба чашмони Остон нигарист ва барои эҳтиёт тарафашро гирифт. – Ака, лекин шумо парво накунед. Ба гуфти худатон мекунем. Нуралиро хоҳед алов мемонем, хоҳед, ба об мепартоем. Сойи гузари Таги Санга ҳоло ҳам обаш калон.
Баробари расидани ҳайкат Сангов ҳам омад. Нуралиро машғули дарав дида, аспашро чафси шиғдевори атрофи замин ронда, фарёд зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор