Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Душмани халқ, ҷонат тангӣ карду омадӣ?! Ҳоло Мавлонбою Амин ҳам меоянд! Ҳоло дар назди қонун ҷавоб медиҳед! Дар сари дори ҳукумат ҷавоб мегӯед!
Аз он сӯи девор роҳи калон мегузашт. Марду зани деҳа, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба кор мерафтанд, истода, бо кунҷковӣ ба онҳо менигаранд.
Нуралӣ, арақаш резон-резон, қабзаи гандум дар даст, мебинад, ки Сангов чашмонашро баровардаю сари аспро бо ситез ин тараф - он тараф мегардонад, мардум бо истеҳзо ба ӯ менигаранд. Аз он ки Сангов ӯро таҳқир мекунад, мисле ки лаззат мебаранд. Ӯ Мирзошарифро ҳам мебинад, ки ғазабманд шуда наздик меояд. Нуралӣ тоқат накарда бо овози гирифта гуфт:
– Сангов, бе ту ҳам медонам, ки дар пеши қонун ҷавоб медиҳам? Ту бисёр валвала накун.
– Мӯштамзуриатро ҷавоб медиҳӣ! Гуреҳанатро ҷавоб медиҳӣ! Ту душманро кӣ ҳуқуқ дод, ки дар замини давлати Шӯро кор кунӣ?! – Сангов ором намешуд.
Нуралӣ қабзаи гандуми дасташро болои бандина монд, дигар рағбати кор карданаш намонд. «Ту душманро кӣ ҳуқуқ дод, ки дар замини давлати Шӯро кор кунӣ!» гуфтани Хол ҳайронаш кард. Маълум мешавад, ки дар ин диёр ҳатто ба кор кардан ҳуқуқ надоштааст.
Мирзошариф дид, ки писартагош хомӯш аст, бештар қаҳраш хест. Ду банд гандуми наздашро бо шиддат дур ҳаво дода, наздик рафт, хашмашро ба зӯрӣ фурӯ бурда ба оҳанги мадоро гуфт:
– Раис, аз асп фуроед, як луқма насибаи саҳарӣ гиред. Писараммаи маро Сибир бурдан лозим бошад, худам мебарам.
– Ман чой-пой наменӯшам. – Сангов аспро ҳам тозиёна мезад, ҳам лаҷомро мекашид. – Ин душвор ҳозир пеш-пеш шавад! Намемонам, ки дар ин диёр нафас кашад!
Нуралӣ досро ҳам монд. Ӯро як ҳолати бепарвой фаро гирифт. Қарор дод, ки гандуми сафедшуда резад ҳам, дигар ба он даст намерасонад. Бори дигар дарк кард, ки мардуми диёр то Сибираш накунанд, ором намегиранд. Нигоҳаш ба кӯча афтид. Он ҷо одамон зиёд шудаанд. Пештар мардҳо тӯп шудаанду онсӯтар занҳо. Занҳо либоси тоза доранд. Аз читу тики урус. Дар дасташон дос. Андешид, ки ҳоло зану мард якҷоя ба кор мераванд. Саҳарӣ Одина пайқори колхоз аз гузари Таги Санг, ки номаҳрам, болои бомашон баромада, бо овози баланд ва бо оҳанги таҳдид хабар дод: «Гулрӯ! Ҳо Гулрӯ! Зани Нуралӣ! Ҳой зани Нуралӣ! -То баромадани зан панҷ-шаш маротиба номаша гирифт. Баъде ки занро рӯбарӯ дид, бо ҳамон оҳанги таҳдид афзуд: -Туя мегӯям, духтару ке-лината пеш-пеш карда ба дашти Сӯрӣ гандумдаравӣ равед! Бо чунон алфозе сухан кард, ки гӯё Гулрӯ ёрҷангаш бошад, ё ин ки хонаи Нуралӣ маҳбасхона ҳасту вай сардори маҳбас. Тарсаш барҳам хӯрд. Оҳиста қадам зада наздик омад.
Мирзошариф пештари шиғдевор омада бо зарда гуфт:
– Раис, мон Нуралӣ нафас кашад! Ҳаво дар дасти тую ман нест! Туро давлати Шӯро барои он раис мондааст, ки намонӣ мардум нафас кашад? Ту девӣ?! Аждаҳои?! Ту чӣ махлуқӣ?!- Мирзошариф дид, ки одамон мутаваҷҷеҳи ӯянд, то рафт баландтар фарёд мезад:- Давлати Шӯро, дар пеши пояш мурам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор