Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
фуқаропарвар аст! Давлате ба чунин бузургӣ ба ҳаво кордор нест! Хуба аз нохуб ҷудо мекунад, давлати Шӯро...
— Мирзошариф, ҷанҷол накунед, ба ҳамон сухан нагӯед, — гуфт Нуралӣ.
Дақиқае гузашту се-чор нафар назди дастархон омаданд. Нуралӣ пай бурд, ки ба истиснои Умарбеки қудои Мансури самарқандӣ, боқӣ нони гарма дида даромаданд. Инҳо гушнаҳо ҳастанд, ки нонатро мехӯранду онсӯтар рафта боз айбҷӯӣ мекунанд. Якеш Қодир — ҳамсояи Файзӯҳаммад дигаре Раҷаб — падари Ашӯр, аз рӯи гапҳо холо вай ҳам аъзои фирқа будааст. Боқӣ бист нафар зиёд атрофи Сангов ҷамъ омадаанд. Писарамакаш Остон ҳам дар назди онҳост. Чашмонашро бароварда нигоҳ дорад. Душмани ҷонии Нуралӣ ҳавай аст. Беҳуда намегӯянд, ки «амакбача-душманбача.»
Ин дам аз паси сафедорон Домуллоназар оҳиста-оҳиста қадам монда ба замини Нуралӣ даромад. Аз пас Каромату Обид — пайкори колхоз ҳам омаданд.
Обид аз дур овоз дод:
— Акаи Нуралӣ, мо аз омадани шумо хурсанд. Зарари шумо ба кассе нарасидааст. Лекин Мавлонбой... Хубаш вай набиёд.
Оҳанги сухани Обид ситезмандона буд. Лекин ба ҳаминаш ҳам раҳмат. Вай нашишт. Бо Нуралӣ салом карду пас коргаронро ҳадаҳа карду худаш ҳам рафт.
Домуллоназар ҷониби Сангов гуфт:
— Муллохолбек (вай ҳамаро мулло гуфта ном мегирад), шумо баъзан сухани ҳамдеҳаҳоро ҳам ба инобат гиред. Ҳамин одам шаш сол шуд, ки дар деҳа набуд. Магар ҷойи мо кушод шуд? Нонамон зиёд шуд? Не, аз неъмати ҳамҷаворию ҳамдидорӣ маҳрум мондему бас. Ҳоло ки Худованд ба сарварии мо шуморо лоиқ дидааст, ба бандаҷояш раҳм кунед, некӣ кунед, ки боз ҳамон шарофату баракате, ки пештар доштем...
— Домулло, шумо бо корҳои Давлати Шӯро ҳамроҳ нашавед! — Сангов сухани домуллоро бурид.
— Домулло! Ин бойҳо ба роҳи истисмор бой шудагӣ! — гуфт Остон бо овози чирросилаш. — Шумо кори худатона кардаю шукр карда гардед... (Ишора кард, ки мабодо худат Сибир наравӣ.)
— Ман шукр карда гаштаам, — гуфт Домуллоназар ҳарчӣ мулоим карда. — Аммо ба шумо баринҳо мефорад ё не, ман бояд сухани ҳақро гӯям. Дар ҳадиси муборак омадааст, ки «Беҳтарини шумо онест, ки шуморо ба кори хайр даъват кунад».
Мирзошариф Остонро ҳам мулзам кард.
— Бо роҳи истисмор мегӯӣ! Чӣ, Нуралӣ ту ё Санговро кашола карда оварда ба хонааш бепул кор фармуда буд?! Ҳоло замони пеш не, ки шумоён ҳар касеро хоҳед, Сибир кардаю ба занаш чашм ало кунед! (Ин таъна ба Сангов дахл дошт). Соли гузашта намояндаи ноҳия бар нақизи шумоҷон шуда гуфта буд, ки минбаъд ҳама душманкуниҳоро комиссия тафтиш мекунад. Душмани Нуралиро комиссия маълум мекунад, на тую Сангов!
— Душман набошад, сар то қадамаш гуноҳ набошад, чаро гурехт?! Комиссия лозим бошад, комиссия меорам! Ҳеҷ гоҳ ман ин контрахоро дар ин диёр роҳ намедиҳам! — Сангов бо қаҳр сари аспашро гардонд. Ӯ сухани охири Мирзошарифро нафаҳмид. «Ин диёр аз падари лусат намондааст!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор