Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Коргарҳо роҳашонро давом доданд. Ашӯр - комсомол аз байни шоҳҳо мор барин ғеҷида лаби дастархони омад. Яқин лочуриҳои сафед ҳавасашро оварда буданд.

Остон аз маншаталабӣ даст намекашид.

  • Занталоқ бошам, панҷоҳ рӯзи қулф дар хонаи Нуралӣ сангудевор кардам!

  • Ту занталоқа ба таври худат мемонданд, панҷсад рӯз ҳам кор мекардӣ! - истеҳзо кард Мирзошариф. - Дастархони кушодаю пурнеъматро дида, гурбаи дузд барин ҳар лаҳза меомадӣ. Даҳ маротиба аз китфат гирифта, аз дар зада берун кардам, ки рав, кори худата кун! Беномус ки будӣ, боз гашта меомадӣ.

  • Нуралии мӯштамӯро ҷояш аниқ! Акнун навбати ту! - Остон бо таҳдид риши сиёҳи майдаҳакашро қабза карда раҳораҳ пӯписа кард: - Агар Сибир накардамат, номам Остон набусад!

  • Очаи чалабата! - Мирзошариф аз замин сангеро бардошта ҷониби Остон ҳаво дод, ки аз қазо санг ба сараш заду ӯро аз по афтонд. Ҳамроҳонаш дар атрофаш ҷамъ шудаму «мурд! мурд!» гуфта бардошта ба хонааш бурданд.

  • Кошки намураду дар балояш намонем, - гуфт Мирзошариф хавотиромез ва аз пас рафт.

  • Ина Худо зад, - Домуллоназар Мирзошарифро тасаллӣ дод ва чой рехта ба Нуралӣ дароз кард.

  • Инҳо маро роҳ намедиҳанд, - Нуралӣ чойро нагирифт ва бо овози хаста гуфт: - Ба дилам меояд, ки аз баҳри ин диёри бемеҳр барояму ба ягон тараф равам.

Домуллоназар бо накӯҳиш ба рӯи Нуралӣ нигариста гуфт:

  • Як устодам мудом ба мо, шогирдон, таъкид мекард: «Ҷӯҷаро аз тухм ба сабр кардан ба даст биёред, на бо шикастани тухм».

  • Агар Остон кору холе шавад, Мирзошарифро азоб медиҳанд, - гуфт Нуралӣ.

  • Парво накунед, ганда ба осонӣ намемирад.

Аз байни фурсате гузашту Мирзошарифу Ашӯр комсомол омаданд. Аз қадаммониашон маълум буд, ки кор бахайр аст.

  • Акай Нуралӣ, парво накунед! - аз дур хабар дод Ашӯр. - Остони хешатон як коса ҳалилоба хӯрд ва наздик омада овозашро паст карда афзуд: - Пештар сари роҳашро намегирифтем, дигар корҳо ҳам мекард. - Мегӯяд, ки «рафтем, ба каҳдонаш алов мемонем», шуморо мегӯяд.

  • Аз дасти вай музлимзолим ҳар кор мебиёд. - Ба тани Нуралӣ ҷон даромад.

Дар рӯзи дуюм ва сеюм ҳам Сангов аз ноҳия наомад. Он рӯзҳо аъзои колхоз гандуми дашти Сурхиро медаравиданд. Дар рӯзи севум Домуллоназар ба хонаи Нуралӣ омада гуфт:

  • Муллонуралӣ, «замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз» - гуфтаанд. Шумо ҳудатона ба даруни мардум занед. Як ҳафта - ду ҳафта равубиё кунед, меҳр дар чашм: мебинед, ки мардум одат кардаю тарафатон меоянд.

  • Либосамро иваз карда, меравам, - гуфт Нуралӣ.

  • Фурсате гузашту Мирзошариф омад ва ба тариқи шӯхӣ гуфт:

  • Писарамма, дар хона зиқ шуда нашинед. Берун баромада баҳузур гардед. Ҳафа кардагиша бо санг дар сараш мезанам. - Ӯ маслиҳати Домуллоназарро шунида, гуфт:

пешина
аз 613
навбатӣ