Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Рост мегӯяд, ба қатори мардум рафтан хуб аст. Лекин ба инобат гиред, ки ба ин тезиҳо рӯйи хуш нишон намедиҳанд.
Нуралӣ ба кор рафту гуфтаи Мирзошариф шуд.
Чоштгоҳи калон шуда буд, колхозчиҳо дар дашти Сурхӣ қатор гандум дарав мекарданд: занҳо дар як тараф, мардҳо дар дигар тараф. Нуралӣ ба замин назар андохта дилаш таҳ кашид. Ин замини падараш ободкарда аст ва ӯ куҷое он пастию баланди дорад, медонад. Нуралӣ занашу келину духтарашро дил.
Онҳо паҳлӯи ҳам дос мекашанд. Писараш Анвар дар байни мардҳо. Нуралӣ ӯро барвақт хезонда, ба ин сӯ роҳӣ карда буд. «Ту корашона карда гард, ки айб наёбанд» гуфт. Тошу Одина пайкорҳои ду гузар дар даст дафтару қалам, дар воти замин рост истода, рафти корро назорат доранд. Баъзан номи занеро гирифта пуписа мекунанд: «Шарофат, гандума тоза дарав! Зани Амин, аз ҳамроҳат ақиб намон! Шамсия, саракро чинда рав!» Як сухани байни ҷамоъат гуфта бас аст.
ки зани ҷавон тамоми қувваташро сарф карда кор кунад.
Нуралӣ аз алам лаб газид. Ҳазорон фикрҳои номатлуб дар сараш чарх мезаданд. Ана ин инқилоб чӣ афту андоми нафратоваре доштааст. Дар ҳавои гарм зану духтари мардумро пеш-пеш овардаю ба кор андохта, аз пас тамошо карда мешинанд. Зан нафас раст кунад, пӯписа мекунад. Ту ҳақ надорӣ гӯй.
ки ҳой, ин ҷо биё, тамошогар!.. Оҳ, чӣ қадар бад аст вақте ки музлимзолими нодону нодида деҳҳудо мешавад. Ҳама дарҳамбарҳам шудаю озодагӣ намемонад.
Ба саломи Нуралӣ ду-се нафар ҷавоб доданд. Нигоҳи аксар кунҷковона.
балки душманона.
Анвар падарашро дида, ба пешвозаш омад. «Паҳлӯи худам биёед, гандуми ин ҷо хуб аст» гуфт.
Умарбек низ овоз баланд кард:
– Даравгари номӣ омаданд! Акаи Нуралӣ, назди мо биёед!
Каромати куҳнадӯз, ки дар паҳлӯи Умарбек буд, дуртар ғеҷида ҷой холӣ кард.
Ба дили Нуралӣ гармӣ даромад. Дар дунё ҳастанд одамони ба инсоф ва ҳақпеша.
Дар ин асно зани Остон машғала бардошт.
– Ин муштамзӯрҳои гӯрсӯхта маст шудаанд! Мансураш бечораи Ҷаборро корд зада кушт! Ин бойи гурезааш бо Мирзошарифаш мехоҳанд Остонро кушанд! Ҳоло Давлати Шӯравӣ ҳамаатонро дар қуттӣ ҷой карда, алов мемонад хокистаратона ба бод медиҳад, душманҳо! Хуни ҳалқа хӯрда бой шудаҳо!
Нуралӣ дар дил занашро зора кард, ки кошки ба вай баробар нашавалу ҷанҷол набардорад. Вале зан метавонад, ки хап нишинад, қасос наситонад?
– Ту, бева, аз кай боз хундор шудӣ?! – Гӯлӣ рӯймоли оқибшудаашро пеш кашид. – Ту дар баданат хун медоштӣ, шабушхӯят бузғалай ҳайдав барин мегаштанд! Аз хотират баромад, хонаам не омадӣ, аз бӯи баданат даромадан намемонам. Чанд бор гуфтамат, ки зан шуда айбро намедонӣ? Мемурӣ сарутаз шӯӣ! Дар пушти дар хӯрокат медиҳам!
– Аз хотират баромад гӯҳу гандагии худату бачаҳота меруфтаму мешустам. Худат даст намезадӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор