Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Нон медодам, кӯҳнаколома, ки медодам, мурда-мурда мешуштӣ!
– Акнун, ки ҳамроҳи шавҳарат Сибир рафтӣ, он ҷо мурда-мурда даста кор мефармой! Дасти нозукат намонад!
– Шумо беномусҳо аз куҷо рӯидед. Ба авлоди Барзу иснод овардед.
– Номи авлода нагир, ки аловат мемонам. Шӯи ту рафта дар дари қалмиқҳо молпой карда буд!
– Бале, молпой карда молу чиз овард! Ба он моли Нуралию Олимбою ду-се нафари дигар колхоз сохтанд! Акнун дар колхоз шӯи ту мансабдор, чиркинакҳо салтанат доранд!..
Зани Қодир ҷониби зани Остона гирифт, онҳо духтархолаанд.
– Зани Нуралӣ, молу мансаба ба мо давлати Шӯро додаст. Мо аз давлат миннатдор фаҳмидӣ?
– Давлат аз анбори худаш надодааст. Моли инҳоро гирифта дод, - гуфт зани рӯйпаҳне. Нуралӣ он занро нашинохт.
– Бар умри ҳардуят лаънат. Дар байни ин қадар мард... - Зани Олимбой холаи Бибизӯҳро занҳоро айб кард.
– Пагоҳ фардо, ки суд омад, пас дами инҳо дарун мезанад! - Одина баҳси занҳоро шунидаю пештар омад. - Боз инҳо забон баровардаанд!
Умарбек Анварро, ки намуди гурги ба ҳуҷум тайёрро гирифта буд, тасалло дод.
– Ҷони амак, ба ин патакҳо баробар нашав. Замони «кала бахт, кӯра бахт, мурдаҳои гӯра бахт» шуд. Тоқат мекунем.
Домуллоназар дасти Нуралиро гирифта, доси маро гиред, - гуфта наздаш бурд ва ногумон ҷониби Одина гашта ба ишораи «ақиб рав, чанга наҳезон» даст афшонд.
Нуралӣ дар гандумдаравӣ ҳамто надошт. Ҳоло ба кор шурӯъ кунад, дигар ҳама озорҳо аз ёдаш мераванд. Дарав карда пештар рафтанд, ки замини наздишон лой баромад. Оби ин гӯша аз байни марғзори тарафи сой меояд. Агар аз байни марғзор ҷӯй канӣ, об ин тараф намеояд. Замини дашти Сурхиро обод карда ҷӯй оварда падараш Барзу аст. Раҳматии бобояш - Нуралии калонӣ мегуфтанд, ки ҳамин замин Барзуро дар ҷавонӣ кушт. Ҳар шаб занҳо бари доманҳои яктаҳашро дарбеҳ мекунанд, бегоҳ меояд, ки боз санг чидаю доманҳо лабу лахтанд. Лекин қитъаҳои замини поёнро худаш обод кард. Он вақт падараш ду маротиба гуфт: «Замини ободкарда басатон мекунад», гӯш накард. Ин сангтӯдаҳои қаторро ҳамроҳи додаронаш чидаю ғун кардааст. Заминҳои поён дар ду соли аввал камобӣ кашиданду зироаташон хуб нашуд. Лекин баъде, ки ҷӯйборро васеъ кардаю оби калон овард, чунон гандум шуд, ки рӯйи заминаша банд зер кард. Резиши гандумашро намегӯӣ... Ҳамонсола гандум ҳам ба тӯйи зангии бародараш расиду ҳам як қисмашро фурӯхтаю иморати Мазорбоборо, ки вайрон шуда буд, аз нав девор бардошта обод карданд. Ин корҳоро ҳама мардуми деҳа медонанд. Медонанд, ки он чизе ёфтам, агар қисмеро ба худам сарф кардам, қисмеро тӯйу маърака карда, ба онҳо додам. Ба ободонии диёр сарф кардам. Хона кардам, барои меҳмони диёр кардам. Лекин худро ба нодонӣ мезананд. Ҳоло бародаронаш як кутан молро дар адирҳои дур бонӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор