Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Бибизӯҳро дар давраи занҳо менишаст, аҳволро мушоҳида карда хеста ба давраи онҳо омаду бо овози шунаво гуфт:
– Назди додари қобилу дастбакору дасткушодам Нуралӣ мешинам. Пештар баъзе даҳонкалонҳои ин замон арзу мекарданд, ки таги пои молашона рӯбанд.
Зан бар нақизи Тош ин суханро гуфт. Дастони Олимбойро писараш Ҷаббори ҷувонимарг баста буд. Дар давраҳо мегуфтааст: «Ҷаббор мурда бошад ҳам, ин алам ҳеҷ гоҳ аз дилам намеравад!»
Домуллоназар таҳорат карда мунгакунон назди онҳо омад.
Нуралӣ дар паҳлӯяш хӯрчинро партофта барои домулло ҷой кард.
Домулло болои хӯрчин рост истода мунгаашро баландтар кард:
Агар сад рӯз ба машк андозамат, эй дӯг,
Ҳамон дӯгу ҳамон дӯгу ҳамон дӯгӣ.
Мансур қариб ду соат роҳ гашта, ба деҳи Янгиқалъа (собиқ Оҳанқалъа) расид. Чун солҳои пеш дар роҳҳо, дар кӯчаву дарҳои мардуми афғон фирориҳо бисёранд. Алҳол масҷиду мазору бештари меҳмонхонаҳои ин тараф хизмати корвонсаройро иҷро мекунанд. Фирориҳо ин ҷо омада, як рӯз, ду рӯз ё бештар истодаю ба худ омада, пас дар ҳавои хунуки аввали баҳор маҷбуру маҳҷур роҳи бероҳиашонро давом медиҳанд, то ки ба ҷои онҳо дигарон омада нафас рост кунанд. Дар чор соле, ки Мансур ба ин роҳҳо омаду рафт дорад, гурезаҳо кам намешаванд.
Янгиқалъаро, ки гузаштед, он тараф теппаву сойгаҳ оғоз меёбад. Алафи дашту даман нав кабудӣ медиҳад. Дар ду тарафи роҳ ҷо-ҷо ҳанӯз гули сияхгӯш дар ҷилва аст. Аз паси баландиҳо дашти Донасӯз шурӯъ мешавад. Дар паси дашт ҷангал аст. Ҷангали дарахтонаш ҳарранга. Мансур ҳар гоҳе, ки танҳо назди ҷангал ояд, дилашро ваҳм мегирад. Аспафро ба резаҷорпо даровардаю мекӯшад, ки зудтар аз он тангӣ гузарад. Мансур оби сойи канори деҳаро, ки аз ҷониби кӯҳҳои пурбарф меояд ва аллакай калон шудааст, гузашт. Бӯйи бад ба димогаш зад. Пайхас накард, ки бӯй чист. Пештар рафту зану марди ҷавонеро дид, ки дар таги чарӣ дег монда хӯрок мепазанд. Маълум, ки гурезаанд. Ҳисси кунҷковиаш боло гирифту аспро ба он сӯ ронд. Зану шавҳар чунон лоғаранд, ки рӯйҳошон рӯйи кӯдак барин шудаю пӯсту устухон мондааст. Дар паҳлӯи оташ, болои ҷома ду кӯдак, яке тахмин чорсола, дигаре калонтар нишастаанд. Дар бадани онҳо низ гӯшт намондааст. Овозашон мисли овози гурба мебарояд. Ҷавонзан ҳар дам «ҳозир мепазад, медиҳам» гуфта, кӯдакҳоро тасалло медод. Мансур бо як нигоҳ дар даруни оби дар ҷӯш будаи дег донаҳои хори мугелон, донаҳои камар ва решаи ҳар гуна гиёҳҳоро дид. Занро гӯй дар болои ҷазо дастгир карданд, ки рангаш дигар шуд ва чизе гуфт, ки Мансур дар фирқ-фирқ кардани асп нашунид.
Марде аз соҳил дар як даст ҳезум, дар кафи дасти дигар ҳулбӯи навдамида овард, ҳулбӯро ба дег андохта ҷониби Мансур гуфт:
– Ин алафҳоро ҷӯшондаю каме орд зада ба бачаҳо медиҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор