Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дили Мансурро раҳму шафқат фаро гирифт. Ӯ аз асп фуромада салом дода, пурсид.
– Аз он тараф кай баромадед? – Ва боз нигоҳаш ба деги обаш ҷӯшида афтид. Он ҷо дар байни дигар дону алафҳо ду дона шалғам ҳам ҳаст.
– Мо аз Кӯлоб омадем, – мард бо чӯб дегро кофта, ба Мансур нигоҳ кард. – Ҳанӯз дарё ях буд, ки гузаштем. Се моҳ зиёд шуд, ки дар деҳаҳои соҳил, дар назди мусофирҳои худамон будем. Ҳоло ҷониби Алиобод равонем. Овоза карданд, ки он ҷо барои фирориҳо замин медиҳанд. Насиб бошад, замин гирифта хона мепӯшам.
«Инро бинед, нони хӯрдан надораду хона мепӯшидааст!»
– Алиобод ҳам як дашти хорзори пурчангу хок аст. – Мансур дӯстона онҳоро огоҳ кард.
– Дигар чӣ чора дорем? Таваккал ба Худои меҳрубон карда меравем.
«Бале, ин тоифа ҳамроҳ асои таваккал дорадну бас. Ва ба он сахт дилпуранд». – Мансур ба тасдиқ сар ҷунбонд. Аз хӯрчин ду нон гирифта ба онҳо дароз кард. Кӯдакҳо нонро дида саросема аз ҷо хеста бо гиря «нон мехӯяам, нон мехӯяам» гуфта домани модарро доштанд. Дар овози гиряашон як хир-хири паст ҳам шунида мешавад.
Мард минатдорӣ изҳор кард. «Шуморо Худо расонд» гуфт.
Зан барои кӯдакҳо кам-кам нон тақсим кардаю бо як хурсандии кӯдакона гуфт: «Ин нонҳоро барои бачаҳомон руст мекунем!»
Мансур хурсанд аз кори кардааш аспашро савор шуд. Дар дил худро маломат кард, ки аз бозори «Фирориҳо» нон кам гирифт. Бозорчаеро, ки дар соли бист дар соҳили Панҷ буд, се сол шуд, ки ба ин сӯ кӯчондаанд. Маҳсулот белу панҷшоҳу фонусу лампаю... Ҳамаро аз он сӯ, аз мағозаҳои Шӯравӣ арзон гирифтаю аз об гузаронда ин ҷо се-чор маротиба қимат мефурӯшанд. Дар як соли охир бозор чунон калон шуда рафт, ки ҳушатро мебарад. Ҳоло тиру туфанг ҳам мефурӯшанд. Аз шаҳрҳои гирду атроф ин ҷо омада, чизҳои лозимиашонро мехаранд. Мансур, ки нияти ба хонаи Низом-махдум рафтан дошт, дасти холӣ наравам гуфта, сари роҳ бозор даромаду шаш нон ва ду кило конфетки урусӣ гирифт... Ногоҳ аспаш рамиду зери дарахти маҷнунбеде ҷасади зану духтарчаеро дид. Болои зан бо ҷомаи шоҳии нав пӯшондаю дар гӯшаҳояш санг мондаанд, ки шамол набардорад. Пойҳои маҳсидараш берун аз яктаҳ. Ҳатти гирдаи калушҳо дар маҳсиҳои сурхранг намоён, аммо калушҳо нестанд. Духтарча ҳам ҷомачаи шоҳӣ дар танаш. Пемаш бо камарбанд баста. Мегӯӣ ӯро навакак рӯболо хобондаанд. Рӯймоли сараш каме яктарафа шудаю чеҳраи майдаяки зардшудааш намоён. Дар атрофи даҳону чашмонаш магасҳо нишастаанд. Дар гардану дастони бараҳнааш мӯрчаҳои хурду калон ва ким-чи гуна махлуқҳои хокистарранги аз мӯрчаҳо калонтар дар даву тоз. Дар паҳлуи зан рӯймоле, ки либосҳояро бастааст. Рӯймол кушода, дар байни либосҳо як тоқии чоргули мардона ҳам ҳаст. Ду қадам он сӯтар зери беди бузургтар ду сандуқи китоб намоён. Даҳони ҳарду кушода ва маълум, ки ними китобҳоро гирифтаанд.
Мансур аз асп фуромада наздик рафт, ки асп хӯсида қариб хато мекард. Нӯҳтаро дарозтар сар доду ҷомаи болои занро яктараф кард. Дар болои чеҳраву

пешина
аз 613
навбатӣ