Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
атрофи чашмони зан низ мурчаҳо дар давутозанд. Устухонҳои рӯи ҷавонзан баромада, чашмонаш чуқур рафтаанд. Фақат абрӯи дарозии камоншаклаш ба назар нишони ҳаётрӯ медиҳад.
Марди назди сой истода садо кард: «Пагоҳӣ омадем, ки мурдаҳо хобанд. Бадани духтарча ҳанӯз гарм буд. Шояд шаб ҷон додаанд ё қарибии саҳар». Бӯйи бад ҳоло бештар ҳис мешуд.
– Бел мешуд, гӯршон мекардем, - овоз дод Мансур.
– Мо бел надорем, - гуфт мард, - ва дақиқае пас афзуд: - Он тараф, дар зери чарӣ ҳам ду мурдаи зан ҳаст. Онҳо пештар мурдаанд. Пагоҳӣ ду нафар аз деҳа ба ин ҷо омада буданд. Гуфтанд, ки одам оварда ҳамаро гӯр мекунанд.
Нигоҳи Мансур боз ба тоқии чоргул афтид: фикр кард, ки чунин занони бекасу кӯй ва дар роҳҳо монда дар он сӯи марз низ бисёранд. Шояд ин зан тоқии каси маҳбубашро барои ёдгорӣ гирифта буд? Замоне хонаю дари обод дошт. Вақте падар меомад, ин духтарча “падарҷонам омаданд!” гуфта, ба пешвозаш медавид. Вале рӯзе одамони НКВД мардро бурдандӯ он зиндагии ободу ширин ба ғуссаю талхӣ бадал шуд. Пас ношиносе пайдо шуда омад, ки зани ман мешавӣ. Чунон ки нафаре ба часпидааст. Зан чораи дигар наёфта, ҷилои ватан кард. Ин аст ҳоли зори зану марди Бухорои шариф — маснади бузургони наҷибзодагон!
Асп фахҳос задаю беқарорӣ кардан гирифт. Мансур нӯҳтаро маҳкам дошт. Ҳамияташ нагузошт, ки зани диёрашру одами бегона ба қабр монад. Сари аспро ҷониби деҳа гардонду ба хонаи ки дар атрофаш дару девор надошт наздик шуда садо кард. Зане аз хона берун шуду “Бел ҳаст” гуфтӯ сӯйи огили поёни хонаҳо буда рафт. Ин лаҳза чашми Мансур ба занҳои дар сандалӣ нишаста афтид. Зане аз болои қарз пешонибанди сабз дошт. Ин тарзи либоспӯшии зани Бухорорист.
– Меҳмонҳоятон гурезаҳоянд? – пурсид Мансур белро гирифта.
– Бале, гурезаҳо – гуфт зан. – Ҳафтаи гузашта дидам ки намози шом шудаасту инҳо дар таги дарахти паҳлуи роҳ нишистаанд. Ҳамон лаҳза кам-кам барф шурӯъ шуда буд. Хона дароварда дар сандалӣ ҷой кардам. Месулфанд. Доштам ки сулфаашон нағз шавад пас ҷавоб диҳам.
– Раҳмат, хоҳар некӣ кардед некиро аз Худо бинед – гуфт Мансур ва баргашт. Ҳамроҳи марди кӯлобӣ дукаса қабр канданд. Кӯлобӣ, ки аз гуруснагӣ қувват надошт, тез аз ҳолат рафта дам мегирифт. Дар чуқурии лойолуд аввал модарро гузоштанд. Ҳамон вақт Мансур дар чеҳраи зан сояи ҳасрату надоматро дид. Духтарчаро рӯ ҷониби модар карда мондку дар лабонаш аранге табассум намоён шуд. Мансур бо овози пичиросӣ гуфт: “Эй хок, инҳо меҳмонҳои аз ёру диёр дур афтодаанд, Чӣ чафоҳо кашида ин ҷо омадаанд, азизшон дор”. Пас боли мурдаҳоро бо хок пӯшонд, сипас аз марди кӯлобӣ ҷудо шудаю роҳашро давом дод.
Дар роҳ фирориҳо ва занону кӯдакони аз гуруснагӣ беҳолшуда зиёданд. Мансур дигар дасташ ба нон додан нарафт. Баръакс, худро мазаммат кард: “Ту ин қадар доро шудаӣ? Ба як нону ду нон ин мардумро наҷот додан метавонӣ? Акнун хазинаи Бухороро бийёрӣ ҳам, ин халкро сер карда наметавонӣ. Моро бехабарию нодониамон ба ин рӯз расонд. Хубаш кӯҳ ҳама айбу иллатҳои гузаштаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор