Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ба ёд оварда, аз паи беҳбудии онҳо шуда, пас роҳи халосӣ ҷӯем. Чунки бадин тариқ хору залил ва аз ватани аҷдодӣ берун кардани халқи як кишвар ба сунъи Парвардигор аст. Ва боз он хокро неруи сулҳу салоҳ доданӣ ва сабзонидан низ ба дасти худаш аст. Агар ба роҳи мадоро равему истионат барем, албатта он Меҳрубони Баланд мадороро мепазирад.
Дар даромади ҷангал як гурӯҳ кӯдакҳо аз пеши роҳ баромада, Мансурро иҳота карданд. Баъзе пуштанг, баъзе лаҷоми аспашро дошта, сухани якдигарро бурида, зорӣ мекунанд.
— Амакҷон, нон овардед? Амакҷон, нон медиҳед? Амакҷон, ба ман... Ба манаш ҳам... Ва ҳамдигарро тела медиҳанд. Писараки поёни чашмаш осори захмдошта, ки аз дигарон калон аст, дасташро доштанӣ шуд. Писараки, ки ҷомаи кашола дар тан дорад, гиря кард. Ва дигаре ҳам ба гиря оғоз намуд. Яке сари по хеста, ба хӯрчинаш даст бурданӣ шуд. Ду нафар дуртар дасти ҳамдигарро дошта, гӯё ҳайрон ба ин манзара менигаранд. Калонӣ мӯйи зарди чингила ва ҳар ҷо часпидаю печида дорад. Зери як чашмаш сиёҳ. Як тарафи рӯяш ҳам варам дорад. Хурдӣ, дӯстрӯяки рӯйҳояш доғи кунчитакдор, ҳафт ё ҳаштсола аст. Як чашми вай ҳам сурх асту рӯяш сиёҳу кабуд, пайи панҷа баръало маълум. Кӯдакон ҳаштсола
- даҳсолаанд. Фақат писараки поёни чашмаш осори захмдошта чордаҳсола ё калонтар аст.
— Истед, шумоён кай ин ҷо омадед? Кӣ шумоёнро овард? — пурсид Мансур ва ҳамзамон онҳоро мешумурд. Панҷ, шаш, ҳафт нафар. Ана боз яке омад, сару рӯяш харошида. Мӯи баъзеҳо дароз ва аз болои чашмашон нишеб шуданд.
Гиря мекардаҳо зиёд шуданд.
— Хомӯш шавед! Хомӯш! — Аз ҳама калон мушташро ба таги бинии яке бурда, пӯписа кард. — Боз ҷомаамро дар замин мондӣ?!
Писараки чашмкалон гиряро бас карда, ҷомаро аз замин бардошт. Пешонаиш варам карда тухм барин букида баромадааст.
— Кай ин ҷо омадед? — оҳиста пурсид Мансур. Ва ба ҳар кадоме зеҳн монда, мушоҳида кард, ки аксар чашмҳои кӯдакон шамол кашидаю сурх шуда ва кӯтоҳ-кӯтоҳ месурфанд.
Писараки пешониаш тухм барин варамдошта сурфидаю тез-тез сухан мекард.
— Ману Нуриддину (писараки ҷомаи дароз доштаро нишон дода) Толиб вақте ки ин ҷо омадем, он тарафҳо (ҷониби теппаҳоро нишон медиҳад) барф дошт. Толиб мурд. Як шаб гап назад, пагоҳ бинем, мурдааст. Лабонаш хунолуд буданд. Аз болои мурдааш шохҳоро партофтем...
— Ист, ман гӯям, — писараки қадпасти рӯйи гирдааш ҷо-ҷо лойолуд суханро ҳамроҳаш бурид ва бо оҳанге, ки гӯё шикоят мекарда бошад, гуфт: «Амак, маро модарам партофта рафт!» — Ва чашмаш пуроб шудаю ҳикакаш гирифт.
— Моро ҳам модарам монда рафт, — гуфт писараке, ки дасти кӯдаки лоғари кунчакдорро медошт. — Хоҳарамро гирифта рафту гуфт, ки омада шуморо мебарам.
— Ҳамроҳат бародарат аст? Чаро як чашмаш сурх? — Мансур лабашро газид.
— Додарам аст: се рӯз пеш борон борида буд, аз баландиге мегузаштем. Ва афтид. Ҳам чашмаш зад, ҳам бари рӯяш хун шуд, — гуфт писарак бо овози паст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор