Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ва зӯр зада, гиряашро дошту афзуд:-Тут доштем, ин кашида гирифт (писараки поёни чашмаш захмдоштаро нишон дод) Акнун ҳеҷ чиз нест, ки додарам хӯрад.
– Худаш дод! Гӯй, худаш дод! - Писараки поёни чашмаш захмдошта якеро тела дод.
– Куҷо хоб мекунед?-пурсид Мансур ва бештар ҷониби бародараш нигоҳ карду мушоҳида намуд, ки ранги писарак қаҳрабо барин зард шудаасту ҳар замон месулфад. Ҳоло дудаста бародарашро доштаю бо тарс ба писараки поёни чашмаш захмин менигарад.
– Дар таги дарахти сершоҳе каппа сохтем,-гуфт писараки поёни чашмаш захмин.-Он ҷо хоб мекунем.
– Мо дар таги чаре, ки ҳафол дорад, хоб мекунем,-гуфт писараке, ки дасти бародарашро медошт.
Мансур дигар тоқати пурсидан накард. Аз асп фуромада, рӯймоли нону конфетҳоро аз хӯрчин гирифт, ҳам сараш ҳам китфонаш меларзанд. Ба ҳавои хурчинро аз болои зини асп гирифтан рӯяшро боло кард, ки оби дидагонашро нишон надиҳад. Чор нони боқимондаро баробар тақсим карда, аввал насиби писараки майдаякро дод. Ӯ саросема нонро газида, фурӯ бурд, ки ҳиқ-ҳиқ карда, нафасаш гирифт. Мансур давида писаракро сарнагун дошта ба пушташ тап-тап зад: ҳарчи ба худ омад. Рангаш сиёҳ шудаю чашмаш пуроб шудаанд. Дар лабони кӯдак осори хок намоён аст. “Хок мехӯрдааст”.Бародараш ба меҳрубонӣ ӯро ба бараш зер карда, гуфт: “Рустам, нонро аввал мехоӣ-мехоӣ, баъд фурӯ мебарӣ. Тез фурӯ набар, фаҳмидӣ?” Ва сарашро бӯсид.
– Мани беақл бояд мегуфтам, ки аввал камтарак хӯр,-гуфт Мансур ва рӯбарӯи писарак нишасту дигар худро бой дода, ҳиқ-ҳиқ гирист. Дар ҳоле, ки тамоми аъзои баданаш меларзид, писаракро ба бараш пахш карда рӯяшро ба рӯиш гузошт. Аз тани кӯдак бӯи алафи мағоркарда ва боз бӯе, ки ба бӯи лойқа монанд аст, меояд. Рӯйи писарак сард буд. Писарак дастонашро аз бари бародараш намегирифт. Мансур конфетҳоро низ тақсим кард. Андешид, ки ҳарду додаронро ба аспаш савор карда барад. Ё майдаякро ҳамроҳ гирад. Не, на ину на вайро, наметавонад. Дар пеш дашти дарозу пуршамоли Донасӯз қарор дорад. Он ҷо як дарахтро намебинӣ. Аспи мондашуда онҳоро ба манзил расонда наметавонад. Ва онҳоро аз ҳам ҷудо карда ҳам намешавад. Ӯ аз калони пурсид:
“Роҳгузарҳо нонатон медиҳанд?
– Дирӯз ду аспакӣ гузашта, ду нон доданд,- ҷавоб дод писараки поёни чашмаш захмин ва ба конфетхӯрии ҳамраҳонаш чашм дӯхт.
“Худое, ки халқшон кардааст, ризқ ҳам медиҳад.” Мансур сабукӣ ҳис кард ва дасташро ба сари бародари калонӣ ниҳода гуфт:
– Пагоҳӣ ё баъдтар ҳам офтоб, ки шуд, дасти бародаратро гиру қад-қади роҳи калон равед, ба ҷойҳое, ки одамони худамон ҳастанд, мерасед. Пас ба шаҳри Кундуз биёед. Он ҷо бозор ҳаст. Одамони нек ба шумо ёрӣ мерасонанд. Ва ҷониби дигарон таъкид кард: аз хоб ҳестед, ки ҳаво бе абр, офтоб аст, ҳамакаса ба роҳ бароед.
Ӯ мушоҳида кард, ки писараки рӯйҳояш доги кунчитакдор аз писараки таги чашмаш захмин нигоҳи тарсолудашро намеканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор