Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мансур ба атроф нигарист. Дар ҳар тараф кундаҳои табарбуркардаю сиёҳшуда бисёр аст. Баъзе дарахторо олов мондаанд, баъзеро шоҳбур кардаанду шоҳҳои зардшуда паҳну парешон хобанд. Рӯз қариб ним шудааст. Мансур бо дили кашол аспашро ба роҳ гардонд. Дуртар, ки рафт, домани гиряи хунборро сар дод. Шамоли сахте, ки аз рӯбарӯ меояд, оби дидаашро ба рӯйу лабонаш мемолиду ӯ шӯриро ҳис мекард. Ин ҳолат аламашро бештар овардаю овози гиряаш баландтар мешуд.

Аз соҳили Панҷ роҳе, ки аз гузаргоҳи Саройкамар, аз Таҳору Самангон гузашта ба Балх меравад, қариб ҳазор километр аст. Дар ин кӯҳназамин даштҳои зебоманзар, саҳроҳои ҳосилхезу офтобӣ, чашмаву рӯдҳои хурӯшон бисёранд. Чунон ки дар замини Самарқанду Бохтару Бухорост. Меваю маҳсулоташ ҳам ҳамчунон ширину батаъм. Дар галаю рамаҳое, ки дар ҳар тарафи дашт мечаранд, бештар моли мардуми он сӯйи дарёст. Аз баландӣ нигарӣ, дар тамоми ин талу теппаҳо деҳаҳои навбунёд тӯл кашидаанд. Баъзеҳо кулбаи гилин сохтаанд, баъзеҳо шоҳи дарахт ва даста-даста найро рост монда, каппаю коза оростаанд. Чо-чо хонаҳои вассапӯшро ҳам мебинӣ. Онҳо хонаҳои одамони дороянд, ки доной карда, барвақтар молу чизашонро бардошта ба ин тарафи об омадаанд. Деҳаҳои назди соҳил чандон мусофиратӣ ҳис намекунанд. Чунки ин ҷо силсилаи хешу таборӣ доранд, ба тӯйҳои ҳамдигар равю мекарданд. Бозиҳои гуштигирию гӯйбозӣ ва бузкаширо бо ҳам мегузаронданд. Инқилоб ин қарору қолабҳоро аз байн бурд. Он маъракаҳоро маъракаи буржуйҳо гуфтаю бадном карданд. Навдавлатон он ҳамсоягиву хешутабории бостониро низ қатъ карданд. Дастуру тартиби худашонро оварданд. Аммо мардум ин расму дастурҳоро напазируфта, тарки диёр карданд. Лекин ҳама умедворанд, ки шӯру шааби инқилоб мегузараду боз ба хонаҳояшон бармегарданд. Дар суҳбату вохӯриҳо ҳамдигарро дилпурӣ медиҳанд. “Домани Худоя доред. Худаш ин ҷо овард, қудрат дорад, ки гардонда барад”. Мардуми ин сӯи об аз рӯйи ҳамсоягиву ҳамҷаворӣ, ва инсониятгарӣ моро бо дасти сахою оғӯши гарм пазируфт. На фақат мо, ҳамқавмонро, балки турку русу ҳар каси ба дарашон омадаро бо хушӣ пазирой мекунад. Он олитаборинию валинеъматии бостонӣ имкон намедиҳад, ки мусофирро аз дар ноумед баргардонанд. Охирин мушти гандумашонро ба мусофир доданд, ки нонро қисмат карданд. Дарёро мегузарӣ, касе намепурсад, ки ту аз куҷо омадию куҷо равонӣ? Сарҳадчиҳо ҳам дагалию дилозорӣ надоранд. Агар одамгарӣ карда, ду куттӣ чой, чома ё либосворие додӣ, мегиранд, надодӣ, чизе намепурсанд. Дар шаҳру деҳот ҳам аҳвол чунин аст. Ба раиси танзим як либосворӣ тики читу чанд рупия диҳӣ, иҷозати кулбасозӣ мегирӣ. Агар тавонӣ, хона мепӯшӣ.

Мардуме, ки ба ин ҷо омадаанд, асосан ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Туркманҳо гузаранд (онҳо бештар дар атрофи деҳаҳои Алиободу Хонаобод ҷой шудаанд), назди туркманҳо мераванд, узбеку кунғуроти аз Қурғонтепаю Кӯлоб омада ба Қатаған меравард. Фарғонагиҳо бештар дар Қундуз ва атрофи он ҷой мегиранд. Бештари бухорой қачоваю сандуқи китоб бар дӯш, ба шаҳрҳои

пешина
аз 613
навбатӣ