Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
дарун - Толиқону Ҳирот, он тараф Балҳу Кобул, ҳатто Эрону Арабистон мераванд. Лекин маълум аст, ки бухорою самарқандиҳо дар байни мардуми афғон маҳбубияти бештар доранд. Чунки дар чорсад-панҷсад соли охир гурӯҳ-гурӯҳ толибилмони он замон Хуросони бузург ба мадрасаҳои Бухорою Самарқанд, ки номдор буданд, омада дарс мехонданд. Пайванду робитаи ошноӣ ва пирию муридӣ доштанд, нону намакхӯр буданд. Аз ин рӯ агар фаҳманд, ки бухороӣ ё самарқандӣ омадааст, гарм истиқбол мегиранду мушкилашонро осон мекунанд. Ва онҳо ҳам дар хурду хӯроку шину хез, гуфтушунид, адаби муоширату муомила ҳадди худро медонанд. Муҳим, сӯҳбати ширину муомилаи писандида доранд. Соатҳо аз азамати Худою ҷабруруташ, аз биҳишту ҷаҳаннам ва рӯзи ҳашру ҳисоб ва амсоли ин гуфтаю шунавандаро афсун мекунанд.
Подшоҳ Амонуллохон ҳам ба мардуми Бухоро ҳусни таваҷҷуҳи хоса дорад.
Донишмандонро даъват кардаю қисмеро ба корҳои давлатӣ, қисмеро ба мадрасаю маҳфилҳо ба кор гирифтааст. Агар гӯем, ки мо бо омадани мардуми афғонро тангу дилгир кардем, не, алҳол чунин ҳолат рух надодааст. Баръакс, ин ҷо ҳаёт бо ҷӯшу хурӯши рангинтар ба ҷилва омадааст. Бештари гурезаҳо, ки мардуми доно, дастбакору ҳурманданд, бозору дӯкону корхонаҳо бунёд кардаанд. Туркманҳо дастгоҳҳои гилембофию намадбофияшонро овардаю ба кор андохтаанд. Фарғонагиҳо деҳконию боғдорию зироаткориашонро чунон ривоҷу равнақ додаанд, ки тоҷикон ангушти ҳайрат газидаанд. Зарафшониҳо бозорҳоро лабрези мавизу ҳалвою қандалот кардаанд. Ҳамчунон дар бозорҳо югу омочу испор, маҳсули дасти оҳангарон ва садҳо асбобу анҷом пур шуда рафт. Ҳоло ба бештари дашту доманкӯҳҳо об овардаю замини кораму боғу бӯстон кардаанд. Якчанд нафар кирми абрешим оварда, пиллапарвариро ба роҳ мондаанд. Ҳисориҳо гӯсфанди ҳисорӣ, қарокулиҳо қарокул овардаанд.
Рост мегӯянд, ки “баракат дар ҷойи ҷамъият аст”. Омадаҳо бо худ ризқу рӯзӣ, саводу маърифат, ҳунар ва китоб оварданд...
Ҳангоме ки офтоб шитобон сӯйи ғурубгоҳаш мерафт, Мансур ба корвонсарои Муллоасади марғелонӣ, ки ду сол пеш дар даромади Янгиқала сохтааст, расид. Аз дарвоза даромаду бӯйи ғализи арақи тан, бӯйи по, бӯйи намади сӯхта ва боз ким-чи навъ бӯйҳои дигар ба димоғаш зад ва қарор дод, ки чой менӯшаду бевақт шавад ҳам, ба роҳ мебарояд. Боз ду соат роҳ гардад, ба деҳаи Ҳисорӣ мерасад, ки дӯсташ Низоммаҳдум он ҷо кулба дорад.
Ҳавлӣ ва хонаҳои корвонсарой пур аз мусофирон. Дар баъзе хонаҳои танги
пастак занону кӯдакон назди дарҳо нишастаанд. Бо нигоҳи интизору интиҳоз,
бо чеҳраҳои ҳазин ва зардшуда ба омадаҳо менигаранд. Маълум аст, ки онҳо
дар ин ғурбатқада хеле вақт боз иқомат доранд. Шояд шавҳарҳошон аз паси
нон ё кофтани манзили зист рафта дер кардаанд? Ё зану фарзандошон ин ҷо
мондаю ба муҳиме ба ватанашон баргаштанд? Ё ҳангоми аз дарё гузаштанашон
воқеае рух дод? Дар сарат ҳазор хел фикр меояд. Ҳаваси чойнӯшии Мансур
намонд. Эҳ, дар ҳар қадами ин мулк талхобу дарди ҳамдиёронатро мебинӣ. Ӯ
ин дафъа зиёдтар нон харида баромаду (ба андешае, ки дар роҳ афтодаҳоро
бинад, медиҳад) назди дар Муллоносири дарозро дид, ки аввал дар корвонсарои Қаровулбозор, пас рӯзи фироқи Бухоро дар чойхонаи Мусаллохона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор