Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

вохӯрда буд. Домулло, ки лоғар буд, лоғартар шудааст. Аз чеҳраи ғамолудаш маълум, ки вазъаш хароб аст.

Мансур аз дидани домулло хурсанд шуд ва пурсид:
– Домулло, кай омадед? Дар ҳамин наздикиҳо зиндагӣ мекунед? – Ва ҳамзамон фикр кард, ки гуреза шуда омадани одамон солҳои аввал сахту ғамангез менамуд. Ба гуреза чун ба шахси мусибатдида бо дилсӯзӣ муомила мекарданд. Ҳоло ин тавр нест. Гуреза шуда омадан як кори одӣ шудааст. Якдигарро тассаллӣ медиҳанд: “Ба қатори халқ” ё “Дар тақдирамон ин рӯз будааст” мегӯянду мемонанд. Лекин касе як лаҳза, умеди рӯзе ба ватан бармегардамро аз сар дур намекунад.

Муллоносир ҳайрон ба Мансур нигоҳ карда монд.
– Нашинохтед? – гуфт Мансур. – Панҷ сол пеш дар чойхонаи Мусаллахонаи Бухоро ҳамроҳ нишастему бо самоворчӣ ҷангҷол кардем.

– Панҷ сол пеш... – Муллоносир дардомез лабханд кард. – Нони шаб хӯрдаам аз хотирам мебарояду... – Ва ҳамоно чеҳрааш кушода шуду бо оҳанги дигар афзуд: – Нав ба хотирам омад. – Нигоҳашро аз Мансур намеканад. – Баъди сӯхтори Бухоро ва дородор ман ҳам ба қатори мардум роҳи Афғонистонро гирифтам. Ду сол дар деҳаҳои назди соҳил рӯз гузарондаму пас ба ватанам Чорбоғ рафтам. Ва ҳоло чи хеле ки мебинед, бори дувум маҷбур шуда омадам.

– Бале, мардум маҷбур шуда меоянд,- Мансур сар ҷунбонд.
– Як соли аввал НКВД бурда оварду оқибат аз хати кашидаи ҳукумат берун набаро гуфту раҳо кард. Пас думравкаҳояш- комсомолбачаҳо саги бӯйгир барин дум ба думам поида гаштанд. Ҳамсоя ё дигаре меояд, ки кӯдакам таъб кардааст, ё гӯшард ё дандондард шудааст, дам андозед, наравам, хафа мешавад, равам, дарҳол хабар меёбанду ҳай-ҳайю гир-гиро мебардоранд: “Муллой кардӣ! Муфтхӯрӣ кардӣ!” мегӯянд. Ба рӯзи меҳнатамон колхоз ҷаву гандум медиҳад. Ба хотирам меояд, ки он гандуми заминҳои ба ҷабр аз дасти соҳибонаш гирифтааст, нон дар гулӯям мемонад. Дар он анбор гандуми замини вақф ҳам ҳаст. Хуллас, қадами мондааст дилсиёҳӣ... Дидам, ки зистан наметавонам, хеста тарки ватан кардам.

– Акнун чӣ ният доред? Куҷо равонед?
– Ҳеҷ нияте надорам. Ҳайронам, куҷо равам. Се рӯз шуд, ки ин ҷо интизорам. Ҳамраҳонам аз Китобу Шаҳрисабз буданд. Ҳамагӣ нуҳ нафар ин тараф гузаштем. Онҳо ба ҳар тараф, ба кофтани шиносҳояшон рафтанд. Мани бешинос онҳоро интизорам.

Мансур, ки аз ҳолу шароити гурезаҳо вақиф буд, гуфт:
– Домулло, ҳар посӯхта худаш ба лаби об меравад. Ин ҷо ба умеди шинос нашавед. Худатон роҳе ёфта, рӯз мегузаронед.
– Каме нишинем,-Муллоносир сӯйи кат ишорат кард.-Аз азобу озоре, ки дар роҳ дидам, гӯям...

Мансур ба шунидани саргузашту ҳикояҳои фирориҳо тоқат надошт. Ӯ аз китфи домулло дошта гуфт:
– Домуллои азиз, ҳоло мо қиссаҳои ин роҳи дарозро дар диламон нигоҳ медорем. Ман тариқ торика нашуда равам. Шумо шаб хоб рафта пагоҳӣ ба роҳи

пешина
аз 613
навбатӣ