Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қундуз бароед. Ба Қундуз нарасида, дар тарафи чап, дар домани сойе, ки болояш ҷангали анбӯҳ дорад, деҳаи Ҳисорӣ ҳаст. Он ҷо қариб шаст оила мардуми худамон зиндагӣ мекунанд. Биёед, бароитон кор ҳаст. Фарзандҳошона таълим медиҳед. Ҳама бероҳу бедониш гаштаанд. Худашон бароитон хона мепӯшанд, зан медиҳанд. Дӯшизаҳои гулчеҳра кайҳо арусишуда интизоратон.

  • Кор бошаду ҷои хоб бошад, шуд, - ба чеҳраи домулло ранг даромад ва бо минатдорӣ гуфт: - Иншооллоҳ, пагоҳ баъди намоз раҳақӣ мешававем.
    Мансур аз лаҷоми асп дошта, ба кӯчаи байни деҳа баромад. Ва ду нафар мардони миёнсинни ришдорро дид, ки дар ду тараф, назди дарвозаҳошон истода, ҳамдигарро таъна доранд.
    Афғон марди кӯтоҳи чеҳрааш майгун, саллаи сиёҳрангашро ба паси сараш тела кардааст; дасти писараки тахмин даҳсолаи лоғарандомро, ки биниаш хунолуд аст, дошта бо ситез ҷониби марди салакалони аз пори дарё омада мегуфт:
  • Агар наметавонӣ писаратро тарбият бикунӣ, хезу бура ба ватанут! Ҳоло ман он нарҳаратро бибинум, валло худум биниашро хун мекунум!
  • Ҳамсоя, кӯдак феъли сагро дорад. Ҷанг мекунанду даме пас боз оштӣ мешаванд. Мо, калонҳо, ба онҳо баробар намешавем.
  • Дирӯз дар дари мардум гадой мекардед, имрӯз масту аластед?!
  • Суханат ҳақ. Дар тақдири бадам гуреза шуда омадаю аз ту баринҳо хорию таъна шунидан будааст, чӣ илоч?!
  • Таъна аст, чӣ аст, ҳақиқат аст. Ба ҳамун нигоҳ карда, по дароз бикун.
  • Ҳакку ноҳақро ту чӣ медонӣ?
  • Ҳой ҳапала! Шумо ҳамин гуна мардум, ки Бухорои нозанинро дар як ҷойхӯрӣ аз даст добед! - Зӯр бошед, пеши уруса бигиред! Боз забондарозӣ мекунӣ!
  • Мо чор сол шуд пеши уруса медорем. Иншооллоҳ, боз медорем: Урус ба он аэропланаш биёд, шумо дар тӯли як пиёла чойнӯшӣ кишваратонро медиҳед.
  • Аз он урусболшевике, ки шуморо заду беватану бекафан кард, бадтару ҷаббортар Бритониё буд! Афғон чунон задаю миёншиканаш кард, ки дигар ёди ин тарафҳо намекунад! Аз ҳабдах ҳазор аскар як нафар ҳам зинда намонд. Ту хабар дорӣ ё не?! Ҳапала!
  • Ун Бритониё пеши болшевик мисли пашша арзиш надорад. Болшевик аз Москв ин тараф урусу тотору қазоқу касе буд, аз сари роҳаш бартараф карда омад. Пеши болшевика тоҷики аҳмақ намедошт...
  • Куҷо дошт, ки ҳамаат гурехта ин сӯ омадӣ! Куҷо ин қадар меоед?! Талу теппаро пур кардед. Ба афғон ҷойи молгардӣ намондед! Ҷои мабразсозӣ намондед! Мо гап намезанем... Худатон фаросат намекунед? Худатон...
    Мансур аспро савор шудаю тозиёна зад ва бо алам фикр кард, ки минбаъд хоҳем-нахоҳем, чунин таънаҳоро мешунавем. Ба ин зуҳурот худро тайёр кардан лозим. Ва ҳамзамон худро тасалло дод: «Мансур, дар зиндагии инсонҳо таъна як чизи табиист. Мисле ки дар танаи дарахт хору гурм мерӯяд. Ту хафа нашав». Ӯ аспро маҳмез зада ба резаҷорпо даровард. Ҳангоми говгум ба деҳаи Ҳисорӣ наздик шуд. Аз дур фонуси сутуни хонаи Низом маҳдум намоён аст. Ба ёди Мансур омад, ки дар Самарқанд, дар гузари Дари Занҷир, ҳавлиме буд, ки шабона ҳамин гуна фонуси овезонашро аз дур медид. Он ҷо меҳрубони
пешина
аз 613
навбатӣ