Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
барораду ба Қундуз бурда барояш хона пӯшад. Тавонад, дар паҳлуяш барои худаш ҳам кулбае созад.
Мансур ба хона наздик шуда, овози Низом-махдумро шунид, ки бо писараш Шарифҷон баҳс дорад. Баҳсашон дар бораи равурои Шарифҷон ба соҳили Шӯравӣ буд. «Ватанам ҳаст меравам, дигар чӣ кор кунам? Куҷо равам?» меомад овози Шарифҷон.
- Ошнои рӯшноӣ! — нидо дод Низом-махдум ва баробари дидани Мансур ба пешвозаш хест. Янгаи Ҳабиба низ овози Мансурро шунида, кӯрпача бардошта баромад. Садаф духтари кенҷагии Низом-махдум ҳам тохта омад. Вай логар шудаю каме кад ёзонда духтари зебо шудааст. Мансур ҳар вақте биёд ба вай конфет меорад. Ҳоло ҳам аз ҷайбаш як панҷа конфет бароварда дастатро дор гуфт: Садаф ҳит-ҳит хандидаю шармида даст дошт.
Дар ҳавлӣ ҷой карданд. Ҳабиба зани сафедрӯйи танадор, аҳли савод аст. Бештар Қуръон мехонад. Мегӯяд, ки дар ин мусофират фақат ҳангоми Қуръон хондан ларзиши дилам ором мегирад.
-
Янгаатон ду моҳ боз бемор буд. Ба қадами шумо имрӯз хест, — Низом-махдум чолок шудаю зуд болишт баровард.
-
Бӯйи ватан овардед гуфта, хестам, — афзуд Ҳабиба.
Хонаи Низом-махдум пештар дар канори деҳа буд, ҳоло дар атроф хонаҳо зиёд шудаанд. Мансур аз баландӣ мушоҳида кард, ки бештари оилаҳо баъзе фонус, баъзе шамъ монда дар ҳавлӣ нишастаанд.
- Шарифҷонро насиҳат доштем, - гуфт Низом-махдум, пас аз он ки ҳама давра нишастанд. - Соли гузашта аз лашкари Иброҳимбек чор нафар ба ин ҷо омадаю ҷой интихоб карда хона пӯшонданд. Якеро Исматпаҳлвон мегӯянд, бо касабаи дуздиаш ҷавонҳои моро ҳамон аз роҳ баровард. Ҳар вақт собиқ ҳамяроқҳояшро шаст-ҳафтод нафара ҷамъ мекунаду дарёро гузашта, он ҷо молу галаҳои мардумро дуздида меоранд. Ҳафтаи гузашта Шарифҷон ҳам ба онҳо ҳамроҳ шуда, дар моҳтобшабӣ мегузаранд. Сарҳадбонҳои Шӯравӣ магар огоҳ будаанд, ки баробари дарёро гузаштан тирбороншон мекунанд. Шаш нафар мемураду нӯҳ нафар захмӣ мешавад. Мурдаҳо дар дасташон. Гуфтаанд, ки соҳибони мурдаҳо омада, пул дода мурдаҳошона мехаранд. Мансурбой, шумо гӯед; кӣ аз моли роҳзанӣ баҳра бурдааст?
Шарифҷон пешдастӣ кард:
- Амак, акаи Исмат мегӯяд, ки мо моли ҳукумати кофирҳоро ва ба он ҳукумат хизмат мекардаҳоро зада мегирем. Моли онҳо моли мардум нест. Ҳар вақт дарёро гузаштем, раису ревкому тарафдоронашонро задаю куштаю ҷонбезоршон мекунем. Мегӯем, ки ба мо ё аз Панҷ ё аз Қумсангир ҷой деҳ, ки дар ватанамон зиндагӣ кунем. Дигар на мо ба ту кор дорем, на ту ба мо. Мақсади гузаштанамон ҳамин, дуздӣ баҳона аст.
Мансур бо табассум ва ҳамзамон мушоҳидакорона ба Шарифҷон зеҳн монда, фикр кард, ки ҷавон дар ду соли охир китф монда, шабеҳи роҳзани ҳақиқӣ шудааст. Дигар дар гумон аст, ки Мансури Низом-махдум ӯро аз роҳаш гардонад.
- Шарифҷон, ту хурдтарак нестӣ, - Низом-махдум дасташро болои зонуи писараш ниҳод: - Худат медонӣ, ки дар пеши аскари сурх амир Олим бо понздаҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор