Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҳазор аскараш се рӯз ҳам дошт надод. Анварпошои номдор ними халкро ба по хезонд, як даста афғонҳою як даста туркҳо дар паҳлуяш буданд: натиҷа ҳамин шуд, ки нисфи халқи нодон бехуда мурд ва худаш шаҳид шуд. Аз овозаҳои бардурӯғи Иброҳимбек, ки аллакай бештари аскараш гурехта омадааст, худӣ хабар дорӣ. Пас ин Исмати бемағзу мия бо ҳаштод ё сад нафар ҷавонҳои ту барин хом чӣ номаъқулӣ карда метавонад? Ту ҷавони боақл. Бояд ин далелҳоро ба инобат гирифта ба вай ҳамроҳӣ накунӣ.
– Пас ин ҷо як умр таънаи «шумо беватанҳо, омадаҳо»-ро шунидаю гӯш таги токӣ карда гардем! Аз ватани бобоӣ даст кашем?! – Ситезманд шуд Шарифҷон. – Меравам, бигзор, дораду даҳ сол Сибир кунад, ба ивазаш боқии умрамро дар ватанам ба сар мебарам!
– Ҳамин нияти бадро накун, писарам, – дар овози Ҳабиба ҳам дилсӯзӣ ва ҳам озору алам ҳис мешавад. Ӯ бо накӯҳиш ҷониби шавҳараш афзуд: – Як нафас баҳсу наҳсиҳотона монед!
– Ту чиҳо мегӯӣ? Ман падар шуда, бояд гӯям, ки «ҳой», писарам, дар пеш чоҳ аст!
– Монед, қаҳрамон набиёред! Ин насиҳата дар ватан, дар ҷойи ободӣ мекардед! – Ҳабиба қарсашро аз нав баст.
– Дидед, дар беватанӣ ҳатто суханат коргар нест. – Низом-махдум ҳиҷолат кашидаю ба рафиқаш нигарист.
Мансур тасаллоомез сар ҷунбонд, мушоҳида кард, ки риши сиёҳи Низом-махдум сафед шудааст. Овозаш ҳам он зарбаи пешинро надорад. Ин беватанию бесамарии махдумро пир кардааст. Пир, ки шудӣ, ба ту итоат намекунанд. Дилш ба ҳоли Низом-махдум сӯхт. Ногумон дасташро зер кард ва ишора кард, ки баҳс накунад.
– Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр, боз ояд рӯзгори ширине чун шакар ояд. – Низом махдум ин байтро хонда, ҷониби Мансур гуфт: – Акнун худатон гӯед, ки куҷоҳо гаштед? Ин дафъа чаро дер омадед?
– Оҳ, қиссаҳои ин сафар дароз аст, – Мансур чорзону нишаста ба нақл шурӯъ кард: – Дар сарҳад ошноие доштам, барои он осон пӯшидам.
– Он тараф ватанро ҳар рӯз медидед! – Ҳабиба бо нигоҳи ҳавасбор ба Мансур нигарист.
– Албатта, медидам, – Мансур ҷомаашро кашид. – Касе меомад, медидам, гуфтугӯ мекардем.
– Ақлам нарасидааст, ки боре наздатон равам, – гуфт Низом-махдум. – Ку, қиссаи сафаратона гӯед.
– Ҳангоме ки дарё ҳанӯз ях буд, гузашта Ҷовидро дидаму рост ба Бухоро рафтам. Пас ба Самарқанду Тошканд ҳам рафтам.
– О-ҳо! Бухоро рафтед! Бухоро дар чӣ ҳол? – нидо дод Низом-махдум.
– Дар номи Бухоро мурам, номаша шунавам, ҷонам тоза мешавад, – Ҳабиба оҳи пурдард кашида пештар ғеҷиду пурсид: – Хонаи моро, албатта, дидед? Мефаҳмидам, ҳамроҳатон мерафтам.
Мансур ин дафъа нигоҳашро ба Шарифҷон дӯхта, бо андаке маломат ва таъкид гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор