Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ман ҳар дафъа ба умед дарёро мегузарам, ки Ҷовидро ҳамроҳам гираму гӯшае пайдо карда, хапу дам боқии умрамро сипарӣ кунам. Чунки ӯ ба ғайр аз ман касе надорад. Вале дар он ватани ҷангзадаю афсурда ҳар дафъа, ки меравам, мушкилиҳои бештару қабеҳтарро мебинам. Се соли аввал бару бумашро лашкари сурх зер карда буду метакондаш. Ҳоло ҳам байни онҳою муҷоҳидҳо, ки русҳо басмачиашон меноманд, ҷанг меравад. Пас шӯъбаи махсусашон (нодонҳои мо ӯро асҳоби одил мегӯянд) маъракаи тозакунии душманони дохилии давлати шӯравиро гузаронд. Дар ин маърака ҳатто як қисми тарафдорони худашонро ҳам нест карданд. Имсол равам, артелҳошона барҳам додаю колхозро бино гирифтаанд.
– Колхозашон боз чӣ бало будааст?-Тоқат накарда пурсид янгаи Ҳабиба.
– Колхозаш аз артели пештар кардаашон сад маротиба бадтар,-гуфт Мансур.-Дар замони артелсозиашон яккаҳоҷагӣ мумкин буд. Акнун қарори ҳукуматашон баромада будааст, ки ҳашакаллох, ҳама колхоз шавад. Дар деҳаҳо мардум кутани мол, гала, замину олоти зироате, ки доранд, як ҷо партофта колхоз месозанд. Дар шаҳрҳо як гузар ё ними шаҳр ҳамчунин ҳама молу анҷомеро, ки доранд, як ҷо карда, колхоз ташкил мекунанд. Ҳар пагоҳӣ, пайкори колхоз зану марди аз ҳаждаҳсола болоро пешандоз карда ба кор мебарад. Бегоҳ ки шуд, пешандоз карда меорад.
– Эҳ, воҳима накунед, мардум подаанд?
– Бовар кунед, аз пода бадтаршон кардагиянд.
– Ҳама розӣ шудаю молу заминашона додаанд?
– Розӣ нашуда рӯзаша бинад. Касе ҳадде надорад, ки аз кор дер монад, ҳадде надорад, ки бе иҷозати бирғадир кори худаша кунад ё аз деҳа берун равад.
– Эҳ-а, ин чӣ хел мешудааст? Ҳабсхона кардаанд-ку!
– Рост гуфтаед, айнан ҳабсхона...
– Занҳо ҳам маҷбуран ба кор мебаранд?-пурсид Ҳабиба.
– Фарқ надорад, ҳамаро маҷбур мебаранд.
– Ана инро сотсиализм мегӯянд, – Низом-махдум ба самте нигарист ва дақиқае пас гуфт: – Ҳангоме ки аз Самарқанд сӯи Бухоро меомадем, як руси айнакии қадбаланд ду-се маротиба гуфта буд, ки оқибати ин сотсиализими ҷудбунёд мардума ба куҷо барад. Ҳамон вақт дилам ларзида буд.
– Лекин ҷавонҳо, камбағалон хурсанд, – гуфт Мансур. – Мисли рӯзи ид, ба кор рафта меоянд.
– Ман ба ватан меравам, – гуфт Шарифҷон. – Ба ӯ низ ҳаёти нави дар ватан барпокарда маъқул шуд.
– Ману туя ба он тараф рафтан намемонанд, – гуфт Мансур ба оҳанги маслиҳат.
– Илоҳу қавмаш намонад, – гуфт янгаи Ҳабиба. – Қавми Лут ҳам ҳамин гуна бетафиқ буд, ва пурсид: – Хонаи моро дидед? Аз ҳамсояҳо киро дидед?
«Сар шуд!» Мансур ин саволро интизор буд. Дар ҷавоб таъхир кард. «Хона гарм» гуфта, худро шамол дод. Дар яке аз рӯзҳо, ки девори хонаи Зулайхоро мебардошт, ба фикраш омада буд, ки ба Афғонистон равад, Низом-махдум мепурсад: «Бухоро рафтӣ, хонаи моро дидӣ?» Як пагоҳӣ то вақти ҷой хонаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор